Гар ману ту мо набошем1
Гар ману ту мо набошем1
, аз тую аз ман чӣ суд?
Баҳмани2
миллат набошад, шӯриши Баҳман3
чӣ суд?
Ту дар он ҷо, ман дар ин ҷо ҳамдигарро
мехурем,
Гар хирадмон тира бошад, тир4
сад хирман
чӣ суд?
Даст андар даст баҳри ормонҳои бузург
Шевае аз худ надорем, аз ҳама шеван чӣ суд?
Юсуфи озодиро ихвон ба чоҳ андохтанд,
Пири давроно, кунун аз бӯи пироҳан чӣ суд?
мо нашавем».
Марди миллат дарди миллат бор овард,
эй дареғ!
Мард номард уфтад, аз оҳу воҳи зан чӣ суд?
Хуни Бӯмуслим5
чу дар рагҳои мо хушкидааст,
Аз намоишҳои пучи кӯчаву барзан чӣ суд?
Кӯра яхбандону яксар дамгараш дамкӯтаҳанд,
Мурдаанд оҳангарон, аз зарбаи сӯзан чӣ суд?
Ҷони мо гарчи атое буда аз ҷонофарин,
Ҳолиё дар дасти дигарҳост, ҷон кандан чӣ суд?
Чоши гандум, чоши зар, харвори пурбори хирад
Рафт бар боди фано, аз донаи арзан чӣ суд?
Махзани мо – миллати мо, ваҳдати мо,
асли мост,
Лек з-он махзан, ки бошад моли сад раҳзан,
чӣ суд?
Пушти сангарҳо зи баҳри тахт –
ин тахти сақат! –
Аз ду сӯ тоҷик мирад, аз чунин будан чӣ суд?
Миллати тоҷик агар мирад, на ту монӣ, на ман,
З-ин чунин меҳан, ки шуд маҳви ду-се кавдан,
чӣ суд?
Ту ба ҳирмон, ман ба зиндон, сӯхтанҳойи абас...