Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аҷаб расмест расми одамизод,
Аҷаб расмест расми одамизод, Ки ҳар дам мекунад як нағма эҷод. Яке дар қулла ҷӯяд ошёна, Дигар аз қулла ҳезум мекашона(д).
Он хона чи хонаю чӣ сон обод аст,
Он хона чи хонаю чӣ сон обод аст, Дар пеши дараш агар диле н-афтодаст! Дар тани кӯҳҳову сангҳо Аз санги диёр баҳраҳо ҳам бурдем,
Тук-тук бизанад ба рӯи роҳу лаби роҳ,
Тук-тук бизанад ба рӯи роҳу лаби роҳ, Яъне ки равонаем, алҳамдиллоҳ! Дар рубоб Ба дасти ҳар касе дасти рубоб аст,
Кӯрон накунанд гум раҳи хонаи худ,
Кӯрон накунанд гум раҳи хонаи худ, Зеро ки намешаванд бегонаи худ.
Як рӯз қади расову як рӯз дуто,
Як рӯз қади расову як рӯз дуто, Як рӯз камон ба даст, як рӯз асо.
Онҳо, ки буванд муттакои ҳама кас,
Онҳо, ки буванд муттакои ҳама кас, Рӯзе нигарӣ, шаванд муҳтоҷи чигас.
Эй кошкӣ ҷоми мо лаболаб бошад,
Эй кошкӣ ҷоми мо лаболаб бошад, Умри ману ту «Ҳазору як шаб» бошад. Дар асо ва чигасҳо Ниҳолеро, ки биншондӣ, расо шуд,
Ёрон, ёрон! Чӣ рӯзҳо бигзаштанд,
Ёрон, ёрон! Чӣ рӯзҳо бигзаштанд, Нохурда ба каф, чи ҷомҳо бишкастанд.
Хурдем шароб ё нахурдем, гузашт,
Хурдем шароб ё нахурдем, гузашт, Кардем шитоб ё накардем, гузашт.
Чун ту зебое ба дунё омадӣ,
Чун ту зебое ба дунё омадӣ, Шӯру савдое ба дилҳо омадаст. Чун ту яктое ба дунё омадӣ, Бо ту дунёе ба дунё омадаст.
Дер омадаем ё ки зуд омадаем,
Дер омадаем ё ки зуд омадаем, Дар рӯи замин барои суд омадаем.
Яксолагии туро бидидам, хуш бош,
Яксолагии туро бидидам, хуш бош, Садсолагии туро бубинам, эй кош!
Имшаб ду баҳор бехазон хоҳад шуд,
Имшаб ду баҳор бехазон хоҳад шуд, Имшаб ду ситора ҳамқирон хоҳад шуд. Имшаб ду ниҳоли боғ пайванд шавад, Фардо нигаред, гулфишон хоҳад шуд.
Хезед зи ҷо, ки ошиқон меоянд,
Хезед зи ҷо, ки ошиқон меоянд, Домоду арӯси шодмон меоянд. Имшаб ду ҷавон бағал кушоянд ба ҳам, Ё дар бағали бахти ҷавон меоянд.
Яке рӯю яке мӯ шӯяд ин ҷо,
Яке рӯю яке мӯ шӯяд ин ҷо, Дигар кас лоғи пироҳан бишӯяд. Яке з-ин чашмаи ҷӯшону шаффоф Дили гумкардаи худро биҷӯяд.
Шеърҳоят то нашуд гум, мо туро кай ёфтем,
Шеърҳоят то нашуд гум, мо туро кай ёфтем, Кай ба қадри ту расидему туро дарёфтем? Зиндаатро устухон кардем то рафтӣ ба хок, Боз сутхони туро чун ганҷи сармад ко
Ба тобут аст роҳ аз гоҳвора.
Ба тобут аст роҳ аз гоҳвора. Ба рағми дигарон з-ин раҳ ҳазар кун. Ҳалолат бод, шири поки модар, Зи гаҳвора ба ҷовидон сафар кун.
Кӣ гуфт зи гоҳвора то гӯр равем?
Кӣ гуфт зи гоҳвора то гӯр равем? Мо аз раҳи дур бар раҳи дур равем.
К А Т И Б А Ҳ О
Дар минбар Эй шумо, ки нотиқони минбаред, Аз Сисерон1 ҳам шумо нотиқтаред.
Т А К Б А Й Т И Ҳ О
Бешу ками олам одати дерин аст, Кам бошаду ғам набошад, иқбол ин аст. Эй пок, зи кулли айбҳо покам кун, Чун даргузарам, ба дасти худ хокам кун.
Р Е З А Б О Р О Н
Д у б а й т и ҳ о Илоҳӣ байни мо ҳоил набошад, Ба қасди мо касе моил набошад. Дар он соат, ки ду бедил нишинем,
Ҷ О М И Х А Й Ё М
Р у б о и ё т Онон, ки забонӣ офаринам хонанд, Барчоши такаллуф ба сарам афшонанд, Дар зиндагиям ба ҷои гул хор диҳанд,
Рӯзе, ки бозмерасад вақти заволи ман,
Рӯзе, ки бозмерасад вақти заволи ман, Ёде кунед аз ману нуқсу камоли ман! Нӯшед май ба хотири ҷоми шикастаам, Хонед шеъри Ҳофизу Соиб мисоли ман.
Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме,
Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме, Ғулғули Сомониён ояд ҳаме. Аз Бухоро бар Душанбеи шариф «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме».
Пеш аз марг видоъ гӯямат, эй ҷону танам,
Пеш аз марг видоъ гӯямат, эй ҷону танам, Боварам нест, ки ман дар ватани хештанам. Боварам нест, ки сад даст бувад ҳамдастам, Боварам ҳаст, ки сад қасд бувад гӯ

