Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Шеърҳоят то нашуд гум, мо туро кай ёфтем,

Шеърҳоят то нашуд гум, мо туро кай ёфтем, Кай ба қадри ту расидему туро дарёфтем? Зиндаатро устухон кардем то рафтӣ ба хок, Боз сутхони туро чун ганҷи сармад кофтем. Дар девори мақбараи Рӯдакӣ дар Панҷрӯд Устухонатро зи баъди даҳ сада Ёфтанд аз зери хоки деҳкада. Устухон бисёр дар зери замин – Устухони пайкарони одамин. Аз миёни хирмани сутхони хушк Ҳар кадомеро чу мекарданд даст, Устухоне нола зад, фарёд зад, Пас бидонистанд, сутхони ту аст. Дар дафтари осорхонаи Рӯдакӣ дар Панҷакат Рӯдакӣ кӯр буд ё бино? – Баҳси донандагони ҳоли ӯст. Шеъри ӯ лек дар ҳама айём Чашми бинои ӯ, камоли ӯст. Шеъри устод ҳолномаи ӯст. Дар шигифтам зи баҳси олимҳо: Ҳар кӣ кӯр аст, кӯр бишморад, Ҳар кӣ биност, хонадаш бино... Дар қоимаи ҳайкали Айнӣ Дар зери бори хотира пуштат хамидааст, Аммо сарат зи фахр ба гардун расидааст. Ҳар лолаи шукуфтае дар пои ҳайкалат Хунест, к-аз ҷароҳати пуштат чакидааст. Дар санги мақбараи Айнӣ Хаёлманду мушавваш зи санг менигарӣ, Ҳанӯз хотираҳои нагуфта бисёр аст. Ҳанӯз мекашӣ озор андаруни лаҳад, Ки захмҳои танат хунчакону хуншор аст. Чи бурдӣ он ҳама захми замон ба зери замин Замин чу пайкари захмии туст – афгор аст... Дар сутуни саробӯстони Мирзо Турсунзода дар Варзоб То ҳамин рӯд набзи азми туст,