Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аз саманди замон пиёда шудам,

Аз саманди замон пиёда шудам, Пиру афгору уфтода1 шудам. Ҷодаи шаҳр буд пур аз ман, Ин замон бартараф зи ҷода шудам. Дод, эй дод, чӯҷаи хомак, Ки ту парвозиву ман ода шудам. Ҷурми ман нест, ҷурми ин дунёст, Ки сари хам зи хуми бода шудам. Аз нажоди бузурги ман ту мапурс, Бенажоде зи бенажода шудам. Лодахандии халқи худ дидам, Бо бузургии хеш лода1 шудам. Эй басо шеъри норасо гуфтам, Баски худ норасид2 зода шудам.