Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо,

Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо, Шаҳри пиёдаҳо монанди подаҳо. Дилҳои ғамзада, қадҳои хамзада, Бар сарнавишти бад гарданниҳодаҳо. Дар чеҳри одамон нақши ғами замон – Ин аст баҳраи Беҳзодзодаҳо. Аз дасти ғосибу дуздони хонагӣ Дору надори худ аздастдодаҳо. Дар назди бонкҳо бо қаҳру бонгҳо Дар интизори пул сархам ситодаҳо. Холӣ мағозаҳо мисли кафи гадо, Шарманда раҳгузар дар кӯю ҷодаҳо. Дар ёди хушкнон гардида хушкҷон Дар кӯча мехазад анбӯҳи ходаҳо. Дасти кушода ку? Дарюзае маҷӯ Ҳам рехт абруи абрӯкушодаҳо. Ҳарчанд гардане андар қилода нест, Эҳсос мешавад дарди қилодаҳо. Тақдири халқро тақрир мекунанд Андар идораҳо пур беиродаҳо. Дар пойтахти мо ҷуз рӯзи сахти мо Дигар чӣ диданист, эй лавҳсодаҳо?!