Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро
Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро, Хок бар сар кун ғами айёмро! Соғари май дар кафам неҳ, то зи сар Баркашам ин далқи азрақфомро.
Сӯфӣ биё, ки ойина софист ҷомро
Сӯфӣ биё, ки ойина софист ҷомро, То бингарӣ сафои майи лаълфомро. Рози даруни парда зи риндони маст пурс, К-ин ҳол нест зоҳиди олимақомро.
Ба мулозимони султон кӣ расонад ин дуоро
Ба мулозимони султон кӣ расонад ин дуоро, Ки ба шукри подшоҳӣ зи назар марон гадоро. Зи рақиби девсират ба Худои худ паноҳам, Магар он шаҳоби соқиб мададе диҳад
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро, Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро. Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез, Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро
Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро, Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро. Шакарфурӯш, ки умраш дароз бод, чаро Тафаққуде накунад тӯтии шакархоро?
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро. Бидеҳ, соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт Канори оби Рукнободу г
Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?
Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо? Бибин тафовути раҳ, к-аз куҷост то ба куҷо. Дилам зи савмаа бигрифту хирқаи солус, Куҷост дайри муғону шароби ноб куҷо?
Ало, ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо
Ало, ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо, Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо. Ба бӯйи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд, Зи тоби ҷаъди мушкинаш ч
Эй дили реши маро бо лаби ту ҳаққи намак
Эй дили реши маро бо лаби ту ҳаққи намак, Ҳақ нигаҳ дор, ки ман меравам, аллоҳ маак. Туй он гавҳари покиза, ки дар олами қудс Зикри хайри ту бувад ҳосили тасбеҳ
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд, Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд. Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар, К-аз оташи дарунам дуд аз кафан б
Ёрӣ андар кас намебинем
Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд? Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд? Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост? Хун чакад аз шохи гул, абри баҳ
Дарахти дўстӣ
Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад. Чу меҳмони хароботӣ, ба иззат бош бо риндон, Ки дарди сар кашӣ, ҷон
Гул бе рухи ёр хуш набошад
Гул бе рухи ёр хуш набошад, Бе бода баҳор хуш набошад. Тарфи чаману тавофи бӯстон, Бе лола узор хуш набошад.
Маро чашмест хунафшон
Маро чашмест хунафшон, зи дасти он камонабрӯ, Ҷаҳон бас фитна хоҳад дид аз он чашму аз он абрӯ. Ғуломи чашми он туркам, ки дар хоби хуши мастӣ Нигорин гулшанаш
Дида дарё кунам
Дида дарё кунаму сабр ба саҳро фиканам, В-андар ин кор дили хеш ба дарё фиканам. Аз дили танги гунаҳгор барорам оҳе, К-оташ андар ҷигари Одаму Ҳаво фиканам.
Ин чӣ шӯрест,ки дар даври Қамар мебинам
Ин чӣ шӯрест,ки дар даври Қамар мебинам, Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам. Ҳар касе рӯзи беҳе металабад аз айём Иллат он аст, ки ҳар рӯз бадтар мебинам.
Ғам махӯр
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр! Эй дили ғамдида ҳолат беҳ шавад, дил бад макун, В-ин сари шӯрида бозояд
Эй подшаҳи хубон
Эй подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ! Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз оӣ! Эй дарди туам дармон дар бистари нокомӣ, В-эй ёди туам мунис дар гушаи танҳои.