Дида дарё кунам
Дида дарё кунаму сабр ба саҳро фиканам,
В-андар ин кор дили хеш ба дарё фиканам.
Аз дили танги гунаҳгор барорам оҳе,
К-оташ андар ҷигари Одаму Ҳаво фиканам.
Мояи хушдилӣ он ҷост, ки дилдор он ҷост,
Мекунам ҷаҳд, ки худро магар он ҷо фиканам.
Бикушо банди қабо, эй маҳи хуршед кулоҳ,
То чу зулфат сари савдозада дар по фиканам.
Хӯрдаам тири фалак, бода бидеҳ, то сармаст
Уқда дар банди камар — таркаши Ҷавзо фиганам.
Ҷуръаи ҷом бар ин тахти равон афшонам,
Ғулғули чанг дар ин гунбади мино фиканам.
Ҳофизо, такя бар айём чу саҳв асту хато,
Ман чаро ишрати имрӯз ба фардо фиканам ?