Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ин чӣ шӯрест,ки дар даври Қамар мебинам

Ин чӣ шӯрест,ки дар даври Қамар мебинам, Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам. Ҳар касе рӯзи беҳе металабад аз айём Иллат он аст, ки ҳар рӯз бадтар мебинам. Аблаҳонро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст, Қутти доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам. Аспи тозӣ шуда маҷруҳ ба зери полон, Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам. Духтаронро ҷанг асту ҷадал бо модар, Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам. Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад, Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам. Панди Ҳофиз бишунав хоҷа, бирав неки кун, Ки ман ин панд беҳ, аз дуру гуҳар мебинам