Эй подшаҳи хубон
Эй подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ!
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз оӣ!
Эй дарди туам дармон дар бистари нокомӣ,
В-эй ёди туам мунис дар гушаи танҳои.
Муштоқию маҳҷурӣ, дур аз ту чунонам кард,
К-аз даст бихоҳад шуд поёни шикебоӣ.
Доим гули ин бустон шодоб намемонад,
Дарёб заифонро дар вақти тавоноӣ!
Сад боди сабо ин ҷо, бе силсила мерақсад,
Ин аст ҳариф эй дил, то бод напаймоӣ.
Дар доираи қисмат мо нуқтаи паргорем,
Лутф он чи ту андешӣ, ҳукм он чи ту фармоӣ.
Фикри худу раъйи худ дар олами ринди нест,
Куфр аст дар ин мазҳаб худбинию худроӣ.
Ё раб, ба ки битвон гуфт, ин нукта, ки дар олам:
Рухсора ба кас нанмуд он шоҳиди ҳарҷои.
Дишаб гилаи зулфат бо боди сабо гуфтам,
Гуфто: ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ!
Соқӣ, чамани гулро бе рӯи ту ранге нест,
Шамшод хиромон кун, то боғ биёроӣ.
З-ин доираи мино хунинҷигарам, май деҳ,
То ҳал кунам ин мушкил з-ин соғари минои!
Ҳофиз шаби ҳиҷрон шуд, бӯи хуши субҳ омад,
Шодӣ муборак бод, эй ошиқи шайдоӣ.