Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Доим на ливои ишрат афроштанист,
Доим на ливои ишрат афроштанист, Пайваста на тухми хуррамӣ коштанист. Ин доштаниҳо ҳама бигзоштанист, Ҷуз равшании рӯ, ки нигаҳдоштанист.
Чун ҳосили умри ту фиребею дамест,
Чун ҳосили умри ту фиребею дамест, З-ӯ дод макун, гарат ба ҳар дам ситамест. Мағрур машав ба худ, ки асли ману ту Гардею шарорею насимею дамест.
Мо ошиқу аҳди ҷони мо муштоқист,
Мо ошиқу аҳди ҷони мо муштоқист, Моем ба дарди ишқ, то ҷон боқист. Ғам нуқлу надим дарду мутриб нола, Май хуни ҷигар, мардуми чашмам соқист.
Дар баҳри яқин, ки дурри таҳқиқ басест,
Дар баҳри яқин, ки дурри таҳқиқ басест, Гирдоб дар ӯ чу дому киштӣ нафасест. Ҳар гӯши садаф ҳалқаи чашмест пуроб, Ҳар мавҷ ишорае зи абрӯи касест.
Андар ҳама Дашти Ховарон гар хорест,
Андар ҳама Дашти Ховарон гар хорест, Оғушта ба хуни ошиқи афгорест. Ҳар ҷо, ки парирухею гулрухсорест, Моро ҳама дархур аст, мушкил корест.
Эй дил, ҳама хун шавӣ, шикебоӣ чист?
Эй дил, ҳама хун шавӣ, шикебоӣ чист? В-эй ҷон, бадар о, ин ҳама раъноӣ чист? Эй дида, чи мардумист, шармат бодо, Нодида ба ҳоли дӯст, биноӣ чист?
Мегуфтам ёру менадонистам кист,
Мегуфтам ёру менадонистам кист, Мегуфтам ишқу менадонистам чист. Гар ёр ин аст, чун тавон бе ӯ буд, В-ар ишқ ин аст, чун тавон бе ӯ зист?
Он рӯз, ки чашми ту ба ман дарнигарист,
Он рӯз, ки чашми ту ба ман дарнигарист, Халқе ба ҳазор дида бар ман бигирист. Ҳар рӯз ҳазор бор дар ишқи туам Мебояд мурду боз мебояд зист.
Ҷисмам ҳама ашк гашту чашмам бигирист,
Ҷисмам ҳама ашк гашту чашмам бигирист, Дар ишқи ту бе ҷисм ҳамебояд зист. Дар ман асаре намонд, ин ишқ зи чист? Чун ман ҳама маъшуқ шудам, ошиқ кист?
Пурсид зи ман касе, ки маъшуқи ту кист?
Пурсид зи ман касе, ки маъшуқи ту кист? Гуфтам, ки фалон кас аст, мақсуди ту чист? Биншасту ба ҳой-ҳой бар ман бигирист, К-аз дасти чунон касе ту чун хоҳӣ зист?
То дарнарасад ваъдаи ҳар кор, ки ҳаст,
То дарнарасад ваъдаи ҳар кор, ки ҳаст, Суде надиҳад ёрии ҳар ёр, ки ҳаст. То заҳмати сармои зимистон накашад, Пургул нашавад домани ҳар хор, ки ҳаст.
Дар кори кас ар қарор мебояд, ҳаст,
Дар кори кас ар қарор мебояд, ҳаст, В-ин ёр, ки дар канор мебояд, ҳаст. Ҳаҷре, ки ба ҳеч кор менояд, нест, Васле, ки чу ҷон ба кор меояд, ҳаст.
Бар мо дари васл баста медорад дӯст,
Бар мо дари васл баста медорад дӯст, Дилро ба фироқ хаста медорад дӯст. Минбаъд ману шикастагии дари дӯст, Чун дӯст дили шикаста медорад дӯст.
Мо дил зи ғами ту хаста дорем, эй дӯст,
Мо дил зи ғами ту хаста дорем, эй дӯст, Аз ғайри ту дида баста дорем, эй дӯст. Гуфтӣ, ки ба дилшикастагон наздикам, Мо низ дили шикаста дорем, эй дӯст.
Ақраб сари зулфи ёру маҳ пайкари ӯст,
Ақраб сари зулфи ёру маҳ пайкари ӯст, Бо ин ҳама кибру ноз, к-андар сари ӯст, Шириндаҳанею шаҳд дар шаккари ӯст, Фармондиҳи рӯзгор фармонбари ӯст.
Ҳарчанд ки одамӣ малакасирату хӯст,
Ҳарчанд ки одамӣ малакасирату хӯст, Бад гар набувад ба душмани худ, некӯст. Девона дили касест, ки- ин одати ӯст, К-ӯ душмани ҷони хеш медорад дӯст.
Ишқ омаду шуд чу хунам андар рагу пӯст,
Ишқ омаду шуд чу хунам андар рагу пӯст, То кард маро тиҳию пур кард зи дӯст. Аҷзои вуҷудам ҳамагӣ дӯст гирифт, Номест зи ман бар ману боқӣ ҳама ӯст.
Чашме дорам, ҳама пур аз дидани дӯст,
Чашме дорам, ҳама пур аз дидани дӯст, Бо дида маро хуш аст, чун дӯст дар ӯст. Аз дида ду даст фарқ кардан натвон, Ё ӯст даруни дида, ё дида худ ӯст.
Эзид, ки ҷаҳон ба қабзаи қудрати ӯст,
Эзид, ки ҷаҳон ба қабзаи қудрати ӯст, Додаст туро ду чиз, к-он ҳар ду накӯст: Ҳам сирати он, ки дӯст дорӣ касро, Ҳам сурати он, ки кас туро дорад дӯст.
Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,эй дӯст,
Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,эй дӯст, Ҷаври ту аз он кашам, ки рӯи ту накӯст. Мардум гӯянд: Биҳишт хоҳӣ ё дӯст? Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накӯст.
Дар дард шаке нест, ки дармоне ҳаст,
Дар дард шаке нест, ки дармоне ҳаст, Бо ишқ яқин аст, ки ҷононе ҳаст. Аҳволи ҷаҳон чу дам ба дам мегардад, Шак нест дар ин ҳол, ки гардоне ҳаст.
Олам ба хурӯши ло илоҳ илло ҳуст,
Олам ба хурӯши ло илоҳ илло ҳуст, Оқил ба гумон, ки душман аст ин ё дӯст. Дарё ба вуҷуди хеш мавҷе дорад, Хас пиндорад, ки ин кашокаш бо ӯст.
Дунё ба масал чу кӯзаи заррин аст,
Дунё ба масал чу кӯзаи заррин аст, Гаҳ об дар ӯ талху гаҳе ширин аст. Ту ғарра машав, ки умри ман чандин аст, К-ин аспи аҷал мудом зери зин аст.
Дарде, ки зи ман ҷон биситонад, ин аст,
Дарде, ки зи ман ҷон биситонад, ин аст, Ишқе, ки касаш чора надонад, ин аст. Чашме, ки ҳамеша хун фишонад, ин аст, Он шаб, ки ба рӯзам нарасонад, ин аст.
Ишқи ту балои дили дарвеши ман аст,
Ишқи ту балои дили дарвеши ман аст, Бегона намешавад, магар хеши ман аст. Гуфтам, сафаре кунам, зи ғам бигрезам, Манзил-манзил ғами ту дар пеши ман аст.