Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Овози дар омад, бинигар, ёри ман аст,
Овози дар омад, бинигар, ёри ман аст, Ман худ донам, киро ғами кори ман аст. Сесад гули сурх бар рухи ёри ман аст, Хезам, бичинам, ки гул чидан кори ман аст.
Нардест ҷаҳон, ки бурданаш бохтан аст,
Нардест ҷаҳон, ки бурданаш бохтан аст, Нарродии ӯ ба нақши кам сохтан аст. Дунё ба масал чу каъбатайни нард аст, Бардоштанаш барои андохтан аст.
Дур аз ту фазои даҳр бар ман танг аст,
Дур аз ту фазои даҳр бар ман танг аст, Дорам дилаке, ки зери сад ман санг аст. Умрест, ки муддаташ замонро ор аст, Ҷонест, ки бурданаш аҷалро нанг аст.
Он шаб, ки маро зи васлат, эй маҳ, ранг аст,
Он шаб, ки маро зи васлат, эй маҳ, ранг аст, Болои шабам кӯтаҳу паҳно танг аст. В-он шаб, ки туро бо мани мискин ҷанг аст, Шаб кӯру хурӯс гунгу Парвин ланг аст.
Ганҷам чу гуҳар дар дили ганҷина шикаст,
Ганҷам чу гуҳар дар дили ганҷина шикаст, Розам ҳама дар синаи бекина шикаст. Ҳар шӯълаи орзу, ки аз ҷон бархост, Чун пораи обгина дар сина шикаст.
Гирям зи ғами ту зору гӯӣ зарқ аст,
Гирям зи ғами ту зору гӯӣ зарқ аст, Чун зарқ бувад, ки дида дар хун ғарқ аст. Ту пиндорӣ, ки ҳар диле чун дили туст, Не, не, санамо, миёни дилҳо фарқ аст.
Дил бар сари аҳди устувори хеш аст,
Дил бар сари аҳди устувори хеш аст, Ҷон дар ғами ту бар сари кори хеш аст. Аз дил ҳаваси ҳар ду ҷаҳонам бархост, Илло ғами ту, ки бар қарори хеш аст.
Роҳи ту ба ҳар равиш, ки пӯянд, хуш аст,
Роҳи ту ба ҳар равиш, ки пӯянд, хуш аст, Васли ту ба ҳар ҷиҳат, ки ҷӯянд, хуш аст. Рӯи ту ба ҳар дида, ки бинанд, накӯст, Номи ту ба ҳар забон, ки гӯянд, хуш ас
Гуфтӣ, ки фалон зи ёди мо хомӯш аст,
Гуфтӣ, ки фалон зи ёди мо хомӯш аст, Аз бодаи ишқи дигаре мадҳуш аст. Шармат бодо, ҳанӯз хоки дари ту Аз гармии хуни дили ман дар ҷӯш аст.
Сармояи умри одамӣ як нафас аст,
Сармояи умри одамӣ як нафас аст, Он як нафас аз барои як ҳамнафас аст. Бо ҳамнафасе гар нафасе биншинӣ, Маҷмӯи ҳаёти умр он як нафас аст.
Эй холиқи халқ, раҳнамое бифирист,
Эй холиқи халқ, раҳнамое бифирист, Бар бандаи бенаво навое бифирист. Кори мани бечора гираҳ дар гираҳ аст, Раҳме бикуну гираҳкушое бифирист.
Ё раб, ту замонаро далеле бифирист,
Ё раб, ту замонаро далеле бифирист, Намрудонро пашша чу пиле бифирист. Фиръавнсифатон ҳама забардаст шуданд, Мӯсову асову рӯди Ниле бифирист.
Ё раб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист,
Ё раб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист, В-аз хони карам неъмати алвон бифирист. В-аз баҳри лаби ташнаи тифлони набот Аз синаи абр шири борон бифирист.
Олудаи дунё ҷигараш рештар аст,
Олудаи дунё ҷигараш рештар аст, Осудатар аст, ҳар кӣ дарвештар аст. Ҳар хар, ки бар ӯ зангею занҷире ҳаст, Чун беҳ нигарӣ, бор бар ӯ бештар аст.
Наққоши рухат зи таънаҳо осудаст,
Наққоши рухат зи таънаҳо осудаст, К-аз ҳар чӣ тамомтар бувад, бинмудаст. Рухсору лабат чунонки бояд, будаст, Гӯӣ, ки касе ба орзу фармудаст.
Ишқам, ки ба ҳар рагам ғаме пайванд аст,
Ишқам, ки ба ҳар рагам ғаме пайванд аст, Дардам, ки дилам ба дард ҳоҷатманд аст. Сабрам, ки ба ком панҷаи шерам ҳаст, Шукрам, ки мудом хоҳишам хурсанд аст.
Асрори малак бин, ки ба ғул афтодаст,
Асрори малак бин, ки ба ғул афтодаст, В-он сиккаи заррин, ки ба пул афтодаст. В-он даст барафшондани мардон зи ду кавн Акнун ба таронаву качул афтодаст.
Нокомиям, эй дӯст, зи худкомии туст,
Нокомиям, эй дӯст, зи худкомии туст, В-ин сӯхтагиҳои ман аз хомии туст. Магзор, ки дар ишқи ту расво гардам, Расвоии ман боиси бадномии туст.
Эй дил, ғами ишқ аз барои ману туст,
Эй дил, ғами ишқ аз барои ману туст, Сар бар хати ӯ неҳ, ки сазои ману туст. Ту чошнии дард надонӣ, в-арна Як дам ғами дӯст хунбаҳои ману туст.
Пайваста зи ман кашидадоман дили туст,
Пайваста зи ман кашидадоман дили туст, Фориғ зи мани сӯхтахирман дили туст. Гар умр вафо кунад, ман аз ту дили хеш Фориғтар аз он кунам, ки аз ман дили туст.
Гар субҳаи саддона шуморӣ, хуб аст,
Гар субҳаи саддона шуморӣ, хуб аст, В-ар ҷоми май аз каф нагузорӣ, хуб аст. Гуфтӣ: Чӣ кунам, чӣ тӯҳфа орам бари дӯст? Бе дард маё, ҳар он чи орӣ, хуб аст.
Аз мо ҳама аҷзу нестӣ матлуб аст,
Аз мо ҳама аҷзу нестӣ матлуб аст, Ҳастию тавобиъаш зи мо манкуб аст. Ин ӯст падид гашта дар сурати мо, Ин қудрату феъл аз он ба мо мансуб аст.
Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст,
Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст, Дар пайкари куфру дин чу сӯзанда таб аст. Имон дигару кеши муҳаббат дигар аст, Пайғамбари ишқ на Аҷам, на Араб аст.
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост,
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост, Дарё асаре зи ашки олудаи мост. Дӯзах шараре зи ранчи беҳудаи мост, Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.
Ёди ту шабу рӯз қарини дили мост,
Ёди ту шабу рӯз қарини дили мост, Савдои дилат гӯшанишини дили мост. Аз ҳалқаи бандагит берун наравад, То нақши ҳаёт дар нигини дили мост.