Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ошиқ, ки ғамаш бар ҳама кас зоҳир буд,
Ошиқ, ки ғамаш бар ҳама кас зоҳир буд, Ҷамъияти ӯ тафриқаи хотир буд. Дар даҳр даме хуш назада, шод бизист, Гӯё ки дами хушаш дами охир буд.
Гӯянд ба ҳашр гуфтугӯ хоҳад буд,
Гӯянд ба ҳашр гуфтугӯ хоҳад буд, В-он ёри азиз тундхӯ хоҳад буд. Аз хаййири маҳз ҷуз накӯӣ н-ояд, Хуш бош, ки оқибат накӯ хоҳад буд.
Гар мулки ту Шому гар Яман хоҳад буд,
Гар мулки ту Шому гар Яман хоҳад буд, В-аз сарҳади Чин то ба Хутан хоҳад буд, Рӯзе, ки аз ин саро кунӣ азми сафар, Ҳамроҳи ту ҳафт газ кафан хоҳад буд.
Аввал раҳи ишқи ту маро саҳл намуд,
Аввал раҳи ишқи ту маро саҳл намуд, Пиндошт, расад ба манзили васли ту зуд. Гоме ду-се рафту роҳро дарё дид, Чун пой дарун ниҳод, мавҷаш бирабуд.
Рафтам ба калисиёи тарсову яҳуд,
Рафтам ба калисиёи тарсову яҳуд, Дидам, ҳама бо ёди ту дар гуфту шунуд. Бо ёди висоли ту ба бутхона шудам, Тасбеҳи бутон замзамаи зикри ту буд.
Аввал рухи худ ба мо набоист намуд,
Аввал рухи худ ба мо набоист намуд, То оташи мо ҷои дигар гардад дуд. Акнун, ки намудию рабудӣ дили мо, Ночор туро дилбари мо бояд буд.
Дар ишқи ту гоҳ бутпарастам гӯянд,
Дар ишқи ту гоҳ бутпарастам гӯянд, Гаҳ ринду хароботию мастам гӯянд. Инҳо ҳама аз баҳри шикастам гӯянд, Ман шод ба ин ки ҳар чӣ ҳастам, гӯянд.
Комил зи яке ҳунар даҳу сад бинад,
Комил зи яке ҳунар даҳу сад бинад, Ноқис ҳама ҷо маъоиби х(в)ад бинад. Халқ оинаи чашму дили якдигаранд, Дар оина нек неку бад бад бинад.
Душман чу ба мо дарнигарад, бад бинад,
Душман чу ба мо дарнигарад, бад бинад, Айбе, ки бари мост, яке сад бинад. Мо оинаем, ҳар кӣ дар мо нигарад, Ҳар неку баде ки бинад, аз х(в)ад бинад.
Хоҳони ту дил ба меҳри гардун наниҳад,
Хоҳони ту дил ба меҳри гардун наниҳад, Лаб бар лаби ин косаи пурхун наниҳад. Дар доираи аҳли вафо чун паргор Гар сар биниҳод, пой берун наниҳад.
Мардони раҳаш майл ба ҳастӣ накунанд,
Мардони раҳаш майл ба ҳастӣ накунанд, Худбинию хештанпарастӣ накунанд. Он ҷо, ки муҷаррадони ҳақ май нӯшанд, Хумхона тиҳӣ кунанду мастӣ накунанд.
Шаб хез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд,
Шаб хез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд, Гирди дару боми дӯст парвоз кунанд. Ҳар ҷо, ки даре бувад, ба шаб барбанданд, Илло дари ошиқон, ки шаб боз кунанд.
Гаҳ зоҳиди тасбеҳбадастам хонанд,
Гаҳ зоҳиди тасбеҳбадастам хонанд, Гаҳ ринду хароботию мастам хонанд. Эй вой ба рӯзгори мастурии ман, Гар з-он ки маро чунонки ҳастам, хонанд.
Гар адл кунӣ, бирри ҷаҳонат хонанд,
Гар адл кунӣ, бирри ҷаҳонат хонанд, Гар зулм кунӣ, саги авонат хонанд. Чашми хирадат боз куну нек бибин, То з-ин ду кадом беҳ, ки онат хонанд.
Дил гар раҳи ишқи ӯ напӯяд, чӣ кунад,
Дил гар раҳи ишқи ӯ напӯяд, чӣ кунад, Ҷон давлати васли ӯ наҷӯяд, чӣ кунад? Он лаҳза, ки бар оина тобад хуршед, Оина «Анашшамс» нагӯяд, чӣ кунад?
Дар чанги ғами ту дил суруде накунад,
Дар чанги ғами ту дил суруде накунад, Пеши ту фиғону нола суде накунад. Нолем ба нолае, ки огаҳ нашавӣ, Сӯзем ба оташе, ки дуде накунад.
Не дида бувад, ки ҷустуҷӯяш накунад.
Не дида бувад, ки ҷустуҷӯяш накунад. Не кому забон, ки гуфтугӯяш накунад. Ҳар дил, ки дар ӯ бӯи вафое набувад, Гар пеши саг афкананд, бӯе накунад.
Бо шеру паланг ҳар кӣ омез кунад,
Бо шеру паланг ҳар кӣ омез кунад, Аз тири дуои фақр парҳез кунад. Оҳи дили дарвеш ба сӯҳон монад, Гар худ набурад, бурандаро тез кунад.
Наққош агар зи мӯй паргор кунад,
Наққош агар зи мӯй паргор кунад, Нақши даҳани танги ту душвор кунад. Он тангию нозукӣ, ки дорад даҳанат, Тарсам, ки нафас лаби ту афгор кунад.
Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад,
Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад, Маъшуқ карашмае ки некӯст, кунад. Мо ҷурму гунаҳ кунему ӯ лутфу карам, Ҳар кас чизе ки лоиқи ӯст, кунад.
Хубон ҳама сайди субҳхезон бошанд,
Хубон ҳама сайди субҳхезон бошанд, Дар банди дуои ашкрезон бошанд. То ту саги нафсро ба фармон бошӣ, Оҳучашмон зи ту гурезон бошанд.
Он кас, ки ба кӯи зулм хиргоҳ занад,
Он кас, ки ба кӯи зулм хиргоҳ занад, Худро ба дами оҳи саҳаргоҳ занад. Эй роҳзан, аз даври мукофот битарс, Роҳе, ки занӣ, туро ҳамон роҳ занад.
Мардони Худо зи хокдони дигаранд,
Мардони Худо зи хокдони дигаранд, Мурғони ҳаво зи ошёни дигаранд, Мангар ту аз ин чашм бад-эшон, к-эшон Фориғ зи ду кавну дар макони дигаранд.
Қавме зи хаёл дар ғурур афтоданд,
Қавме зи хаёл дар ғурур афтоданд, В-андар талаби ҳуру қусур афтоданд, Қавме муташаккиканду қавме ба яқин Аз кӯи ту дури дури дур афтоданд.
Он рӯз, ки нақши кӯҳу ҳамун бастанд,
Он рӯз, ки нақши кӯҳу ҳамун бастанд, Таркиби сиҳиқадони мавзун бастанд. Побаста ба занҷири ҷунун ман будам, Мардум сухане ба пои Маҷнун бастанд.