Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ёди ту кунам, дилам ба фарёд ояд,

👁 11

Ёди ту кунам, дилам ба фарёд ояд, Номи ту барам, умри шуда ёд ояд. Ҳар гаҳ ки маро ҳадиси ту ёд ояд, Бо ман дару девор ба фарёд ояд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дар боғ равам, кӯи туам ёд ояд,

👁 12

Дар боғ равам, кӯи туам ёд ояд, Бар гул нигарам, рӯи туам ёд ояд. Дар сояи сарв агар даме биншинам, Сарви қади дилҷӯи туам ёд ояд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Маъшуқаи хонагӣ ба коре н-ояд,

👁 13

Маъшуқаи хонагӣ ба коре н-ояд, К-ӯ дил бараду рӯй ба кас нанмояд. Маъшуқи хароботию мутриб бояд, То нимшабон занону кӯбон ояд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ҳарчанд ки дида рӯи хуби ту надид,

👁 9

Ҳарчанд ки дида рӯи хуби ту надид, Як гул зи гулистони висоли ту начид, Аммо дили савдозада дар муддати умр Ҷуз васфи ҷамоли ту на гуфту на шунид.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Гӯшам чу ҳадиси дарди чашми ту шунид,

👁 7

Гӯшам чу ҳадиси дарди чашми ту шунид, Филҳол дилам хун шуду аз дида чакид. Чашми ту накӯ шавад, ба ман чун нигарӣ, То кӯр шавад, ҳар он ки натвонад дид.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Овард сабо гуле зи гулзори умед,

👁 7

Овард сабо гуле зи гулзори умед, Ё рӯҳи қудус шаҳпар афканд сафед. Ё кард сабо шақ варақе аз хуршед, Ё номаи ёр аст, ки овард навид.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дилбар дили хастаро ягон мехоҳад,

👁 6

Дилбар дили хастаро ягон мехоҳад, Бифристам, гар дилаш чунон мехоҳад. В-он гаҳ ба назора дида бар раҳ биниҳам, То мужда кӣ оварад, ки ҷон мехоҳад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дил васли ту, эй меҳргусил, мехоҳад,

👁 11

Дил васли ту, эй меҳргусил, мехоҳад, Айёми висол муттасил мехоҳад. Мақсуди ман аз Худой бошад васлат, Уммед чунон шавад, ки дил мехоҳад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ар куштани ман ду чашми мастат хоҳад,

👁 10

Ар куштани ман ду чашми мастат хоҳад, Шак нест, ки табъи бутпарастат хоҳад. Тарсанда аз онам, ки агар бар дастат Ман кушта шавам, кӣ узри дастат хоҳад?

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Рӯзе, ки ҷамоли дилбарам дида шавад,

👁 8

Рӯзе, ки ҷамоли дилбарам дида шавад, Аз фарқи сарам то ба қадам дида шавад. То ман ба ҳазор дида рӯяш нигарам, Оре, ба ду дида дӯст кам дида шавад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Он ришта, ки бар лаъли лабат суда шавад,

👁 8

Он ришта, ки бар лаъли лабат суда шавад, В-аз нӯши даҳонат ашк олуда шавад. Хоҳам, ки бад-ин синаи чокам дӯзӣ, Шояд ки зи ғамҳои ту осуда шавад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Гуфтӣ, ки шаб оям, арчи бегоҳ шавад,

👁 9

Гуфтӣ, ки шаб оям, арчи бегоҳ шавад, Шояд ки забони халқ кӯтоҳ шавад. Бар хуфта куҷо ниҳон тавонӣ кардан, К-аз бӯи хуши ту мурда огоҳ шавад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Як зарра зи ҳадди хеш берун нашавад,

👁 10

Як зарра зи ҳадди хеш берун нашавад, Худбинонро маърифат афзун нашавад. Он фақр, ки Мустафо бар он фахр овард, Он ҷо нарасӣ, то ҷигарат хун нашавад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ҳаргиз дилам аз ёди ту ғофил нашавад,

👁 8

Ҳаргиз дилам аз ёди ту ғофил нашавад, Гар ҷон бишавад, меҳри ту аз дил нашавад. Афтода зи рӯи ту дар оинаи дил, Аксе, ки ба ҳеч ваҷҳ зоил нашавад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

То дил зи алоиқи ҷаҳон ҳур нашавад,

👁 9

То дил зи алоиқи ҷаҳон ҳур нашавад, Андар садафи вуҷуди мо дур нашавад. Пур менашавад косаи сарҳо зи ҳавас, Ҳар коса, ки сарнигун бувад, пур нашавад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Номард ба теғи ишқ бесар нашавад,

👁 7

Номард ба теғи ишқ бесар нашавад, Андар раҳи ишқу ошиқӣ бар нашавад. Ҳам ёр талаб кунию ҳам сар хоҳӣ, Оре, хоҳӣ, вале муяссар нашавад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Рӯзе, ки чароғи умр хомӯш шавад,

👁 9

Рӯзе, ки чароғи умр хомӯш шавад, Дар бистари марг ақл мадҳуш шавад. Бо бедардон макун, Худоё, ҳашрам, Тарсам, ки муҳаббатам фаромӯш шавад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дар дил ҳама ширку рӯй бар хок чӣ суд,

👁 10

Дар дил ҳама ширку рӯй бар хок чӣ суд, Бо нафси палид ҷомаи пок чӣ суд? Заҳр аст гуноҳу тавба тарёки вай аст, Чун заҳр ба ҷон расид, тарёк чӣ суд?

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ошиқ, ки ғами ҷони харобаш наравад,

👁 16

Ошиқ, ки ғами ҷони харобаш наравад, То ҷон бувад, аз ҷон табу тобаш наравад. Хосияти симоб бувад ошиқро, То кушта нагардад, изтиробаш наравад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ҳар, к-ӯ зи дари умр дарояд, биравад,

👁 12

Ҳар, к-ӯ зи дари умр дарояд, биравад, Чизеш ба ҷуз ғам накушояд, биравад. Аз сирри сухан касе нишоне надиҳад, Жоже ду-се ҳар касе бихояд, биравад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дӯшам ба тараб буд, на дилтангӣ буд,

👁 16

Дӯшам ба тараб буд, на дилтангӣ буд, Сайрам ҳама дар олами якрангӣ буд. Ман рафтам, агарчи аз сари лангӣ буд, Ман будаму санги ман думансангӣ буд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

На кас, ки зи ҷаври даҳр афсурда набуд,

👁 10

На кас, ки зи ҷаври даҳр афсурда набуд, Не гул, ки дар ин замона пажмурда набуд. Онро, ки биёмадаст, зебо омад, Донӣ, ки биёмада чу оварда набуд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ҷое ки ту бошӣ, асари ғам набувад,

👁 4

Ҷое ки ту бошӣ, асари ғам набувад, Он ҷо ки набошӣ, дили хуррам набувад. Онро ки зи фурқати ту як дам набувад, Шодиш замину осмон кам набувад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Бахшой бар он ки ҷуз ту ёраш набувад,

👁 6

Бахшой бар он ки ҷуз ту ёраш набувад, Ҷуз хӯрдани андӯҳи ту кораш набувад. Дар ишқи ту ҳолатеш бошад, ки даме Ҳам бе туву ҳам бо ту қарораш набувад.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

З-он нола, ки дар бистари ғам дӯшам буд,

👁 6

З-он нола, ки дар бистари ғам дӯшам буд, Ғамҳои ҷаҳон ҷумла фаромӯшам буд. Ёрон ҳама дарди ман шуниданд, вале Ёре ки дар ӯ кард асар, гӯшам буд.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр
Саҳифаи 14 аз 39