Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ман будам дӯшу он бути банданавоз,
Ман будам дӯшу он бути банданавоз, Аз ман ҳама лоба буду аз вай ҳама ноз. Шаб рафту ҳадиси мо ба охир нарасид, Шабро чӣ гунаҳ, қиссаи мо буд дароз.
Дар ҳар саҳаре бо ту ҳамегӯям роз,
Дар ҳар саҳаре бо ту ҳамегӯям роз, Бар даргаҳи ту ҳамекунам арзи ниёз. Бе миннати бандагонат, эй банданвоз, Кори мани бечораи саргашта бисоз.
Эй сирри ту дар синаи ҳар маҳрами роз,
Эй сирри ту дар синаи ҳар маҳрами роз, Пайваста дари раҳмати ту бар ҳама боз. Ҳар кас, ки ба даргоҳи ту овард ниёз, Маҳрум зи даргоҳи ту кай гардад боз.
Огоҳ бизӣ, эй дилу огоҳ бимир,
Огоҳ бизӣ, эй дилу огоҳ бимир, Чун толиби манзилӣ ту, дар роҳ бимир. Ишқ аст ба сони зиндагонӣ, варна З-ин сон, ки туӣ, хоҳ бизӣ, хоҳ бимир.
Гуфтам, ки:Дилам.Гуфт: Кабобе кам гир,
Гуфтам, ки:Дилам.Гуфт: Кабобе кам гир, Гуфтам: Чашмам. Гуфт: Саробе кам гир. Гуфтам: Ҷонам. Гуфт, ки: Дар олами ишқ Бисёр хароб аст, харобе кам гир.
Маҷнуну парешони туам, дастам гир,
Маҷнуну парешони туам, дастам гир, Саргаштаву ҳайрони туам, дастам гир. Ҳар бесару по чу дастгире дорад, Ман бесару самони туам, дастам гир.
Дар боргаҳи ҷалолат, эй узрпазир,
Дар боргаҳи ҷалолат, эй узрпазир, Дарёб, ки ман омадаам зору ҳақир. Аз ту ҳама раҳмат асту аз ман тақсир, Ман ҳеч наям, ҳама туӣ, дастам гир.
Ҳар луқма, ки бар хони авон аст, махӯр,
Ҳар луқма, ки бар хони авон аст, махӯр, Гар нафси туро роҳати ҷон аст, махӯр. Гар нафси туро асал намояд ба масал, Он хуни дили пирзанон аст, махӯр.
Хуршед чу бар фалак занад рахти нур,
Хуршед чу бар фалак занад рахти нур, Дар партави он хира шавад дида зи дур. В-он дам, ки кунад зи пардаи абр зуҳур. Фаннозиру яҷталиҳи мин ғайри қусур.
Эй пушти ту гарм карда санҷобу самур,
Эй пушти ту гарм карда санҷобу самур, Яксон ба мазоқи ту чи ширину чи шӯр. Аз ҷониби ишқ бонг бар бонгу ту кар, В-аз ҷониби ҳусн арз дар арзу ту кӯр.
Лаззоти ҷаҳон чашида бошӣ ҳама умр,
Лаззоти ҷаҳон чашида бошӣ ҳама умр, Бо ёри худ орамида бошӣ ҳама умр. Ҳам охири умр реҳлатат бояд кард, Хобе бошад, ки дида бошӣ ҳама умр.
Ё раб, ба карам бар мани давреш нигар,
Ё раб, ба карам бар мани давреш нигар, Дар ман манигар, дар карами хеш нигар. Ҳарчанд наям лоиқи бахшоиши ту, Бар ҳоли мани хастаи дилреш нигар.
Бо ёри мувофиқ ошноӣ хуштар,
Бо ёри мувофиқ ошноӣ хуштар, В-аз ҳамдами бевафо ҷудоӣ хуштар. Чун салтанати замона бигзоштанист, Пайванд ба мулки бенавоӣ хуштар.
Гуфтам: Чашмам. Гуфт: Ба роҳаш медор,
Гуфтам: Чашмам. Гуфт: Ба роҳаш медор, Гуфтам: Ҷигарам. Гуфт: Пуроҳаш медор. Гуфтам, ки: Дилам. Гуфт: Чӣ дорӣ дар дил? Гуфтам: Ғами ту. Гуфт: Нигоҳаш медор.
Бустони рухи ту гулситон орад бор,
Бустони рухи ту гулситон орад бор, Лаъли ту ҳаёти ҷовидон орад бор. Бар хок фишон қатрае аз лаъли лабат, То буму бари замона ҷон орад бор.
Ё раб, бикушо, гиреҳ зи кори мани зор,
Ё раб, бикушо, гиреҳ зи кори мани зор, Раҳме, ки зи ақл оҷизам дар ҳама кор. Ҷуз даргаҳи ту кай бувадам даргоҳе, Маҳрум аз ин дарам макун, ё ғаффор.
Сарриштаи дӯст, эй бародар ба каф ор,
Сарриштаи дӯст, эй бародар ба каф ор, В-ин умри гиромӣ ба хасорат магузор. Доим ҳама ҷо, бо ҳама кас, дар ҳама кор Медор ниҳуфта чашми дил ҷониби ёр.
Чашмам, ки надошт тоби наззораи ёр,
Чашмам, ки надошт тоби наззораи ёр, Шуд ашкфишон ба пеши он симъизор. Дар сели сиришк акси рухсораш дид, Нақши аҷабе бар об зад охири кор.
Гулзори вафо зи хори ман мерӯяд,
Гулзори вафо зи хори ман мерӯяд, Ихлос зи раҳгузори ман мерӯяд. Дар куфри ту дӯш сар ба зону будам, Имрӯз гул аз канори ман мерӯяд.
Ҷонам ба лаб аз лаъли хамӯши ту расид,
Ҷонам ба лаб аз лаъли хамӯши ту расид, Аз лаъли хамӯши боданӯши ту расид. Гӯши ту шунидаам, ки дарде дорад, Дарди дили ман магар ба гӯши ту расид?
Осон гули боғи муддао натвон чид,
Осон гули боғи муддао натвон чид, Бе сарзаниши хори ҷафо натвон чид. Бишкуфта гули мурод бар шохи умед, То сар наниҳӣ ба зери по, натвон чид.
Эй ишқ, ба дарди ту саре мебояд,
Эй ишқ, ба дарди ту саре мебояд, Сайди ту зи ман қавитаре мебояд. Ман мурғи ба як шӯъла кабобам, бигузор, К-ин оташро самандаре мебояд.
Чашме ба саҳоб ҳамнишин мебояд,
Чашме ба саҳоб ҳамнишин мебояд, Хотир ба нишот хашмгин мебояд. Сар бар сари дору сина бар синаи теғ, Осоиши ошиқон чунин мебояд.
Дар дӯзахам ар зулфи ту дар чанг ояд,
Дар дӯзахам ар зулфи ту дар чанг ояд, Аз ҳоли биҳиштиён маро нанг ояд. В-ар бе ту ба саҳрои биҳиштам хонанд, Саҳрои биҳишт бар дилам танг ояд.
Пирем, вале чу ишқ дамсоз ояд,
Пирем, вале чу ишқ дамсоз ояд, Ҳангоми нишоту тарабу ноз ояд. Аз зулфи сиёҳи ту каманде фиканам Бар гардани умри рафта, то боз ояд.