Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Донӣ, ки Худо чаро туро дода ду даст?
Донӣ, ки Худо чаро туро дода ду даст? Ман мутақидам, ки андар он сирре ҳаст. Як даст ба кори хештан пардозӣ, Бо дасти дигар зи дигарон гирӣ даст...
То битвонӣ, ранҷа магардон касро
То битвонӣ, ранҷа магардон касро, Бар оташи хашми хеш маншон касро. Гар рохати човидон тамаь медорй, Меранч хамешаву маранчон касро.
Омад саҳар ин нидо зи майхонаи мо
Омад саҳар ин нидо зи майхонаи мо, К-эй ринди хароботиву девонаи мо, Бархез, ки пур кунем паймона зи май, 3-он пеш , ки пур кунанд паймонаи мо.
Бархез, буто, биёр баҳри дили мо
Бархез, буто, биёр баҳри дили мо, Ҳал кун ба ҷамоли хештан мушкили мо, Як кӯза шароб, то ба ҳам нӯш кунем, 3-он пеш, ки кӯзаҳо кунанд аз гили мо.
Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад
Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад, Як бад накунад, то ба сараш сад нарасад. Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман, Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.
Эй дил чӣ кунам Худо чунин мехоҳад
Эй дил чӣ кунам Худо чунин мехоҳад, Неъмат ҳама бар душмани дин мехоҳад. Фиръавни лаъин нишаста бар тахти зарин, Мусо зи Худо нони ҷавин мехоҳад.
То чанд асири рангу бӯ хоҳи шуд
То чанд асири рангу бӯ хоҳӣ шуд, Чанд аз пайи ҳар зишту некӯ хоҳӣ шуд. Гар чашмаи замзамию гар оби ҳаёт, Охир ба дили хок фурӯ хоҳӣ шуд.
То ҳушёрам, тараб зи ман пинҳон аст
То ҳушёрам, тараб зи ман пинҳон аст, Чун маст шудам, дар хирадам нуқсон аст. Ҳолест миёни мастиву ҳушёрӣ, Ман бандаи он, ки зиндагонӣ он аст!
Гар бода хӯрӣ, ту бо хирадмандон хӯр
Гар бода хӯрӣ, ту бо хирадмандон хӯр, Ё бо санами тозарухи хандон хӯр! Бисёр махӯр, фош макун, вирд масоз, Кам-кам хӯру гаҳ-гаҳ хӯру пинҳон хӯр!
Ибриқи майи маро шикастӣ, Раббӣ
Ибриқи майи маро шикастӣ, Раббӣ, Бар май дари айшро бубастӣ, Раббӣ. Бар хок бирехтӣ майи гулгунро, Хокам ба даҳан, магар ту мастӣ, Раббӣ?!
Чун даргузарам, ба бода шӯед маро
Чун даргузарам, ба бода шӯед маро, Талкин зи шароби ноб гӯед маро. Хоҳед ба рӯзи ҳашр ёбед маро, Аз хоки дари майкада ҷӯед маро.
Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем
Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем, В-аз хоки харобот таяммум кардем. Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем. Он умр, ки дар мадрасаҳо гум кардем.
Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст
Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст, Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст. Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ, Гул хок шудасту сабза ҳам пок шудаст.
Абр омаду боз бар сари сабза гирист
Абр омаду боз бар сари сабза гирист, Бе бодаи арғувон намебояд зист. Ин сабза, ки имруз тамошогаҳи мост, То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?
Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем
Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем, Май нӯш кунему ном бар нанг занем. Саҷҷода ба як пиёла май бифрӯшем, В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.
Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб
Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб, Ҷону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб. Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб, Озод зи хоку бод в-аз оташу об!
Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст
Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст, В-аз гиряи зор бим сад чандон аст. Аз ҳар мижа новадони хун аст равон, Гар ман мижаро ба ҳам занам, туфон аст.
Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст
Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст, В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст. Гар ҳирқаву хонақоҳу шайхӣ набувад, Ноқусу калисиёву зуннор бас аст.
Бар санг задам дӯш сабӯйи кошӣ,
Бар санг задам дӯш сабӯйи кошӣ, Сармаст будам, ки кардам ин авбошӣ. Бо ман ба забони ҳол мегӯфт сабӯй: «Ман чун ту будам, ту низ чун ман бошӣ»
Ин чарх чу тосест нагун афтода
Ин чарх чу тосест нагун афтода. Дар вай ҳама зиракон забун афтода. Дар дӯстии шишаву соғар нигаред: Лаб бар лабу дар миёна хун афтода.
Косагар
Он косагаре, ки косаи сарҳо кард. Дар косагарӣ санъати худ пайдо кард. Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод, В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.
Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ!
Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ! В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ! Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, Пас, фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!
Аз тан чу бирафт ҷони поки ману ту
Аз тан чу бирафт ҷони поки ману ту, Хиште ду ниҳанд бар мағоки ману ту. В-он гаҳ зи барои хишти гӯри дигарон, Дар колбаде кашанд хоки ману ту.
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд, Дар чарх қирони ахтарон хоҳад буд. Хиште, ки зи хоки ту бихоҳанд задан Девори саройи дигарон хоҳад буд.
Афлок, ки ҷуз ғам нафизоянд дигар
Афлок, ки ҷуз ғам нафизоянд дигар, Бинҳанд яке, то бирабоянд дигар. Ноомадагон агар бидонанд, ки мо Аз даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.