Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Эй омада кори ман ба ҷон аз ғами ту,
Эй омада кори ман ба ҷон аз ғами ту, Танг омада бар дилам ҷаҳон аз ғами ту. Ҳон, эй дилу дида, то ба сар барнакунам Хоки ҳама Дашти Ховарон аз ғами ту.
Аз дидаи санг хун чаконад ғами ту,
Аз дидаи санг хун чаконад ғами ту, Бегонаву ошно надонад ғами ту. Дам даркашаму ғамат ҳама нӯш кунам, То аз паси ман ба кас намонад ғами ту.
Абрест, ки хуни дида борад ғами ту,
Абрест, ки хуни дида борад ғами ту, Заҳрест, ки тарёк надорад ғами ту. Дар ҳар нафасе ҳазор меҳнатзадаро Бедил кунаду зи дин барорад ғами ту.
Эй сабзии сабзаи баҳорон аз ту,
Эй сабзии сабзаи баҳорон аз ту, В-эй сурхии рӯи гулъизорон аз ту. Оҳи дилу ашки беқаророн аз ту, Фарёд, ки бод аз туву борон аз ту.
Эй гашта ҷаҳон ташнаи пуроб аз ту,
Эй гашта ҷаҳон ташнаи пуроб аз ту, Эй ранги гулу лолаи хушоб аз ту. Мӯҳтоҷ ба кимиёи иксири туем, Беш аз ҳама ақл гашта сероб аз ту.
Ҷону дили ман фидои хоки дари ту,
Ҷону дили ман фидои хоки дари ту, Гар фармоӣ, ба дида оям бари ту. Васлат гӯяд, ки ту надорӣ сари мо, Бесар бодо, ҳар кӣ надорад сари ту!
Дурам агар аз саодати хидмати ту,
Дурам агар аз саодати хидмати ту, Пайваста дил аст оинаи талъати ту. Аз гармии офтоби ҳаҷрам чӣ ғам аст, Дорам чу паноҳи сояи давлати ту.
Эй оинаро дода ҷило сурати ту,
Эй оинаро дода ҷило сурати ту, Як оина кас надид бе сурати ту. Не, не, ки зи лутф дар ҳама оинаҳо Худ омадаӣ ба дидани сурати ту.
Ҳарчанд ки ёр саргарон аст ба ту,
Ҳарчанд ки ёр саргарон аст ба ту, Ғамгин нашавӣ, ки меҳрубон аст ба ту. Дилдор мисоли сурати оина аст, То ту нигаронӣ, нигарон аст ба ту.
Бар зарра нишинам, бичамад, тахтам бин,
Бар зарра нишинам, бичамад, тахтам бин, Мӯре ба ду манзил бибарад, рахтам бин. Гар луқма масал зи қурси хуршед кунам, Торикии сина оварад, бахтам бин.
Эй дар ҳама шаън зоти ту пок аз шайн,
Эй дар ҳама шаън зоти ту пок аз шайн, Не дар ҳақи ту кайфа тавон гуфт, на айн. Аз рӯи тааққул ҳама ғайранду сифот, Зотат бувад аз рӯи таҳаққуқ ҳама ъайн.
Гар сақфи сипеҳр гардад оинаи чин,
Гар сақфи сипеҳр гардад оинаи чин, В-ар тахтаи фӯлод шавад рӯи замин. Аз рӯзии ту кам нашавад, дон ба яқин, Медон, ки чунин асту чунин асту чунин.
То гирди рухи ту сунбул омад берун,
То гирди рухи ту сунбул омад берун, Сад нола зи ман чу булбул омад берун. Пайваста зи гул сабза бурун меояд, Ин турфа, ки аз сабза гул омад берун.
Фарёд зи дасти фалаки оинагун,
Фарёд зи дасти фалаки оинагун, К-аз ҷавру ҷафои ӯ ҷигар дорам хун. Рӯзе ба ҳазор ғам ба шаб меорам, То худ фалак аз парда чӣ орад берун.
Шӯрида дилею ғусса гардун-гардун,
Шӯрида дилею ғусса гардун-гардун, Гирён чашмею ашк Ҷайҳун-Ҷайҳун. Коҳида танею шӯъла хирман-хирман, Ҳар шӯъла зи кӯҳи Қоф афзун-афзун.
Дорам зи ҷафои фалаки оинагун
Дорам зи ҷафои фалаки оинагун В-аз гардиши ин сипеҳри хаспарвари дун Аз дида рухе, ҳамчу пиёла ҳама ашк, В-аз сина диле, ҳамчу суроҳӣ ҳама хун.
Зад шӯъла ба дил оташи пинҳонии ман,
Зад шӯъла ба дил оташи пинҳонии ман, З-андоза гузашт меҳнати ҷонии ман. Маъзурам, агар сухан парешон афтод, Маълум шавад магар парешонии ман.
Султон гӯяд, ки нақди ганҷинаи ман,
Султон гӯяд, ки нақди ганҷинаи ман, Сӯфӣ гӯяд, ки далқи пашминаи ман. Ошиқ гӯяд, ки дарди деринаи ман, Ман донаму ман, ки чист дар синаи ман.
Эй гашта саросема ба дарёи ту ман,
Эй гашта саросема ба дарёи ту ман, В-эй аз туву худ гумшуда дар рои ту ман. Ман дар ту куҷо расам, ки дар зоту сифат, Пинҳонии ман туию пайдои ту ман.
Бахте на, ки бо дӯст даромезам ман,
Бахте на, ки бо дӯст даромезам ман, Сабре на, ки аз ишқ бипарҳезам ман. Дасте на, ки бо қазо даровезам ман, Пое на, ки аз дасти ту бигрезам ман.
Шуд дида ба ишқ раҳнамуни дили ман,
Шуд дида ба ишқ раҳнамуни дили ман, То кард пур аз ғусса даруни дили ман. Зинҳор, агар дилам намонад рӯзе, Аз дида талаб кунед хуни дили ман.
Эй ишқ, ту мояи ҷунуни дили ман,
Эй ишқ, ту мояи ҷунуни дили ман, Ҳусни рухи ту рехта хуни дили ман. Ман донаму дил, ки дар висолат чунам, Касро чӣ хабар зи андаруни ман?
Эй зулфи мусалсалат балои дили ман,
Эй зулфи мусалсалат балои дили ман, В-эй лаъли лабат гираҳкушои дили ман. Ман дил надиҳам ба кас барои дили ту, Ту дил ба касе мадеҳ барои дили ман.
Ошиқ ману девона ману шайдо ман,
Ошиқ ману девона ману шайдо ман, Шӯҳра ману афсона ману расво ман. Кофир ману бутпараст ман, тарсо ман, Инҳо ману сад бор батар з-инҳо ман.
Розе ки ба шаб лаби ту гӯяд бо ман,
Розе ки ба шаб лаби ту гӯяд бо ман, Гуфтор забон нагардадаш пероман. З-он сар ба гиребони сухан сар н-орад. Пироҳани ҳарф танг дорад доман.