Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил
Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил, Бе рӯйи туам на ақл барҷост, на дил. Ин ғам, ки марост, кӯҳи Қоф аст, на ғам, Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил.
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод, Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод. Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод, Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!
Дӯстон
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон Бартар аз дидори рӯйи дӯстон. Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Чун теғ ба даст орӣ
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт. Ин теғ на аз баҳри ситамкорӣ карданд, Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.
Мардӣ
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ, Бар куру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ. Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.