Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост,
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост, Дарё асаре зи ашки олудаи мост. Дӯзах шараре зи ранчи беҳудаи мост, Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.
Дӯзах шараре зи оташи синаи мост,
Дӯзах шараре зи оташи синаи мост, Ҷаннат асаре з-ин дили ганҷинаи мост. Фориғ зи биҳишту дӯзах, эй дил, хуш бош Бо дарду ғамаш, ки ёри деринаи мост.
Исёни халоиқ арчи саҳро-саҳрост,
Исёни халоиқ арчи саҳро-саҳрост, Дар пеши инояти ту як барги гиёст. Ҳарчанд гуноҳи мост киштӣ-киштӣ, Ғам нест, ки раҳмати ту дарё-дарёст.
Гоҳе чу малоикам сари бандагӣ аст,
Гоҳе чу малоикам сари бандагӣ аст, Гаҳ чун ҳаявон ба хобу хур зиндагӣ аст. Гоҳам чу баҳоим сар дар бандагӣ аст, Субҳоналлаҳ, ин чӣ парокандагӣ аст.
Дӣ тифлаки хокбез ғирбол ба даст
Дӣ тифлаки хокбез ғирбол ба даст Мезад ба ду дасту рӯи худро мехаст. Мегуфт ба ҳой-ҳой, к-афсӯсу дареғ, Донге бинаёфтему ғирбол шикаст.
Аз нахли тараш бор чу борон мерехт,
Аз нахли тараш бор чу борон мерехт, В-аз сафҳаи рух гул ба гиребон мерехт. Аз ҳасрати хоки пои он тозаниҳол Селоб зи чашми оби ҳайвон мерехт.
Мерафтаму хуни дил ба роҳам мерехт,
Мерафтаму хуни дил ба роҳам мерехт, Дӯзах-дӯзах шарар зи оҳам мерехт. Меомадам аз шавқи ту бар гулшани кавн, Доман-доман гул аз нигоҳам мерехт.
Он рӯз, ки оташи муҳаббат афрӯхт,
Он рӯз, ки оташи муҳаббат афрӯхт, Ошиқ равиши сӯз зи маъшуқ омӯхт. Аз ҷониби дӯст сар зад ин сӯзу гудоз, То дарнагирифт шамъ, парвона насӯхт.
Маҷнуни ту кӯҳро зи саҳро нашинохт,
Маҷнуни ту кӯҳро зи саҳро нашинохт, Девонаи ишқи ту сар аз по нашинохт. Ҳар кас ба ту раҳ ёфт, зи худ гум гардид, Он кас ки туро шинохт, худро нашинохт.
Эй оинаи ҳусни ту дар сурати зеб
Эй оинаи ҳусни ту дар сурати зеб Гирдоби ҳазор киштии сабру шикеб. Ҳар оинае, ки ғайри ҳусни ту бувад, Хонад хирадаш сароби саҳрои фиреб.
Эй дӯст, даво фирист беморонро,
Эй дӯст, даво фирист беморонро, Рӯзӣ деҳ ҷинну инсу ҳам ёронро. Мо ташналабони водии ҳирмонем, Бар кишти умеди мо бидеҳ боронро.
Мансури Ҳалоҷ он наҳанги дарё,
Мансури Ҳалоҷ он наҳанги дарё, К-аз пунбаи тан донаи ҷон кард ҷудо, Рӯзе, ки «аналҳақ» ба забон меовард, Мансур куҷо буд?- Худо буд, Худо.
То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро,
То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро, В-аз хиссати худ хок шавам ҳар хасро. Корам ба дуо чу барнамеояд рост, Додам се талоқ ин фалаки атласро.
Он ишқ, ки ҳаст ҷузъи лоянфаки мо,
Он ишқ, ки ҳаст ҷузъи лоянфаки мо, Ҳошо, ки шавад ба ақли мо мадраки мо. Хуш он ки зи нури ӯ диҳад субҳи яқин, Моро бираҳонад зи зуломи шаки мо.
Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо,
Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо, Роҳе, ки дар ӯ наҷот бошад, бинамо. Мустағниям аз ҳар ду ҷаҳон кун ба карам, Ҷуз ёди ту ҳар чӣ ҳаст, бар аз дили мо.
Васли ту куҷову мани маҳҷур куҷо.
Васли ту куҷову мани маҳҷур куҷо. Дурдона куҷо, ҳавсалаи мӯр куҷо? Ҳарчанд зи сӯхтан надорам боке, Парвона куҷову оташи Тур куҷо?
Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро,
Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро, Дар хоб намой чеҳра боре, ёро. Гуфто, ки равӣ ба хоб бе мо в-он гаҳ Хоҳӣ, ки дигар ба хоб бинӣ моро?
Наврӯз муборак бод
НАВРӮЗ МУБОРАК БОД Солшуморимон дигар, Шуд шабу рӯз баробар. Наврӯз шуд бародар,
Наврӯзи давраи бачагӣ
Дар давраи бачагӣ, Идона ба мо буд қанд. Дар ҳар иди Наврӯзӣ, Аз қанд мешудем хурсанд.
Соати хурӯс вайрон
Хурӯс мезанад фарёд: «Ку-қу-қу! Субҳе, ки интизорам, Ку? Ку? Ку?!»
Ба чӣ монад ситора?
Ба чӣ монад ситора? Ба гулхану шарора, Ба қандили фурӯзон Дар баландии осмон;
Духтари тоҷик
Ҳам модару ҳам хоҳару ҳам дилбари ҷон, Ҳам модару ҳам хоҳару ҳам дилбари ҷонед, Огоҳдил аз бахти хушу ишқи ҷавонед, Озодатарин зан ба ҳама рӯи ҷаҳонед,
9. Оғози достон
Сухангӯй деҳқон чӣ гӯяд нахуст, Ки тоҷи бузургӣ ба гетӣ кӣ ҷуст? Кӣ буд он ки дайҳим бар сар ниҳод? Надорад кас аз рӯзгорон ба ёд.
4. Ситоиши пайғамбар ва ёронаш
Туро донишу дин раҳонад дуруст, Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст. Агар дил нахоҳӣ, ки бошад нажанд, Нахоҳӣ, ки доим бувӣ мустаманд,
2. Гуфтор андар офариниши офтоб
Зи ёқути сурх аст чархи кабуд, На аз боду обу на аз гарду дуд. Ба чандон фурӯғу ба чандон чароғ Биёроста чун ба Наврӯз боғ.