Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулназар Келдӣ
Гулназар Келдӣ

Соати хурӯс вайрон

Хурӯс мезанад фарёд: «Ку-қу-қу! Субҳе, ки интизорам, Ку? Ку? Ку?!» Соати хурӯс магар Вайрон аст? Соат яки шабу вай Нолон аст. Нолад, ки чаро то ҳол Саҳар нест? Чаро бар шаб саҳарро Зафар нест? Хурӯси бобои ман Нодон аст, Соат яки шабу вай Нолон аст. Вақте ки соат шавад Панҷи субҳ, Албатта вай меёбад Ганҷи субҳ.