Ба чӣ монад ситора?
Ба чӣ монад ситора?
Ба гулхану шарора,
Ба қандили фурӯзон
Дар баландии осмон;
Ба гулҳои шукуфон
Дар фасли навбаҳорон,
Ба ширмоҳии зебо
Миёни мавҷи дарё;
Ба чашми гурбаи мо
Дар торикии шабҳо.
Ба чӣ монад ситора?
Мапурс аз ман дубора!
Монанд ба ситора
Бошад танҳо ситора.