Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулназар Келдӣ
Гулназар Келдӣ

Номи ман Меҳрубон аст

Номи Хумор — Хумор аст, Хумори гулхумор аст, Чунки аз боғчаи мо Гул меканад доимо. Номи Гурез — Гурез аст, Гурези бетамиз аст, Чунки аз боғча безор, Баҳри гурехтан тайёр. Номи Шодӣ — Шодичон, Шодичонаки гирён, Чунки гиряд беором Аз саҳарӣ то ба шом. Номи Адаб — Адаб шуд, Адаби беадаб шуд, Чунки шӯхӣ мекунад, Мӯйи маро меканад. Номи ман Меҳрубон аст, Меҳрубони хандон аст, Чунки ман меҳрубонам, Худам инро медонам!