Шаш духтар
Дар синфи мо
Шаш духтар,
Шаш духтари гулбасар,
Шаш духтари чилкокул,
Шаш духтари мисли гул.
Номи якум — Адолат,
Номи дуюм — Латофат,
Номи сеюм — Ибодат,
Номи чорум — Фароғат,
Номи панҷум — Башорат,
Номи шашум — Орифат.
«А» гиред аз Адолат,
«Л» гиред аз Латофат,
«И» гиред аз Ибодат,
«Ф» гиред аз Фароғат,
«Б» гиред аз Башорат,
«О» гиред аз Орифат.
Агар ҷамъ орем мо
Аввали номи онҳоро,
Номи шаш духтари мо
Мешавад як алифбо.