Талхак
Аз мағзи донак
Кисаи ман пур.
Шишта сари санг,
Хӯрам ба ҳузур.
Даҳони ман пур
Аз мағзи ширин.
Бин роҳатамро,
Кайфи маро бин!
Сӯям нигарад
Калта ба ҳасрат,
Мошон надорад
Як лаҳза тоқат.
Аз мағзи ширин
Хӯрам ба ҳавас,
Ҳаргиз надиҳам
Як дона бар кас.
Оҳ-ҳо! Чаро шуд
Кайфам бедарак?
Номат намонад,
Эй мағзи талхак!