Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ёр маро, ғор маро, ишқи ҷигархор маро
Ёр маро, ғор маро, ишқи ҷигархор маро, Ёр туйӣ, ғор туйӣ, хоҷа, нигаҳ дор маро! Нӯҳ туйӣ, рӯҳ туйӣ, фотиҳу мафтӯҳ туйӣ, Синаи машрӯҳ туйӣ бар дари асрор маро!
Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо
Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо, Чун ашки ғамхорони мо дар ҳаҷри дилдорони мо! Ай чашми абр, ин ашкҳо мерез ҳамчун машкҳо, Зеро ки дорӣ рашкҳо бар моҳ
Ай аз варойи пардаҳо тоби ту тобистони мо
Ай аз варойи пардаҳо тоби ту тобистони мо, Моро чу тобистон бибар дилгарм то бустони мо! Ай чашми ҷонро тӯтиё, охир куҷо рафтӣ?! Биё, То оби раҳмат барзанад аз
Ай нӯш карда нешро, бехеш кун бохешро
Ай нӯш карда нешро, бехеш кун бохешро, Бохеш кун бехешро, чизе бидиҳ дарвешро! Ташриф диҳ ушшоқро, пурнур кун офоқро, Бар заҳр зан тарёқро, чизе бидиҳ дарвешро!
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд, Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, ҷонат диҳанд. Бе тамошои сифатҳои Худо, Гар хӯрам нон, дар гулӯ монад маро.
Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъаи пок
Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъаи пок, Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ишқ омад
Ишқ омад, ишқ омад, дилу ҷонро барафтод, Аз ҳастии мо нақши ду олам барафтод. Ҳар ҷо ки муҳаббат ба дили инсон расид, Аз торикии ғам нури имон барафтод.