Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ду чашмам дарди чашмуни ту чинод,
Ду чашмам дарди чашмуни ту чинод, Наво дарде ба чашмунат нишинод. Шунидам, рафтию ёре гирифтӣ, Агар гӯшам шуну, чашмам навинод.
Яке дарду яке дармун писандад,
Яке дарду яке дармун писандад, Яке васлу яке ҳиҷрун писандад. Му аз дармуну дарду васлу ҳиҷрун, Писандам, он чиро ҷонун писандад.
Амон аз ахтари шӯридаи му,
Амон аз ахтари шӯридаи му, Фиғон аз бахти баргардидаи му. Зи ҳиҷронат ба ҷои ашкам аз чашм Зи мижгун шӯълаҳои оташ ояд.
Хуш он соат, ки ёр аз дар дарояд,
Хуш он соат, ки ёр аз дар дарояд, Шави ҳиҷрону рӯзи ғам сарояд. Зи дил берун кунам ҷонро ба сад шавқ, Ҳамин воҷам, ки ҷояш дилбар ояд.
Ба дил ёдам чу аз буму бар ояд,
Ба дил ёдам чу аз буму бар ояд, Сиришкам бехуд аз чашми тар ояд. Аз он тарсам мани баргаштадаврон, Ки умрам дар ғарибӣ бар сар ояд.
Дилам бе васли та шодӣ мебинад,
Дилам бе васли та шодӣ мебинад, Ба ғайр аз меҳнат озодӣ мабинад. Харобободи дил бе мақдами та, Илоҳӣ, ҳаргиз ободӣ мабинад.
Хушо онун, ки аз по сар надунанд,
Хушо онун, ки аз по сар надунанд, Миёни шӯъла хушку тар надунанд. Куништу Каъбаву бутхонаву дайр- Сарое холӣ аз дилбар надунанд.
Ҳар он кас ошиқ аст, аз ҷон натарсад,
Ҳар он кас ошиқ аст, аз ҷон натарсад, Ки ишқ аз кундаву зиндон натарсад. Дили ошиқ бувад гурги гурусна, Ки гург аз ҳай-ҳайн чӯпон натарсад.
Яке барзигаре нолун дар ин дашт
Яке барзигаре нолун дар ин дашт Ба чашми хунфишон олола мекишт. Ҳамекишту ҳамегуфт: Эй дареғо, Ки бояд киштану ҳиштан дар ин дашт.
Та дурӣ аз барам, дил дар барам нест,
Ту дурӣ аз барам, дил дар барам нест, Ҳавои дигаре андар сарам нест. Ба ҷони дилбарам, к-аз ҳар ду олам Таманнои дигар ҷуз дилбарам нест.
Азизо, косаи чашмам сароят,
Азизо, косаи чашмам сароят, Миёни ҳар ду чашмам хоки поят. Аз он тарсам, ки ғофил по ниҳӣ боз, Нишинад хори мижгонам ба поят.
Бувад дарди муву дармунам аз дӯст,
Бувад дарди муву дармунам аз дӯст, Бувад васли муву ҳиҷрунам аз дӯст. Агар қассобам аз тан во кара пӯст, Ҷудо ҳаргиз нагарда ҷунам аз дӯст.
Та, ки нохондаӣ илми самовот,
Та, ки нохондаӣ илми самовот, Та, ки нобурдаӣ раҳ дар харобот, Та, ки суду зиёни худ назунӣ, Ба ёрун кай расӣ, ҳайҳот, ҳайҳот.
Агар дил дилбару, дилбар кадом аст?
Агар дил дилбару, дилбар кадом аст? В-агар дилбар дилу, дилро чӣ ном аст? Дилу дилбар ба ҳам оина винам, Надунам, дил киву дилбар кадом аст?