Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2414

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1575

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1339

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1304

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 994

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шикоят аз пирӣ

👁 971

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 950

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Муаллим

👁 774

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 738

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 718

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Одамият

👁 668

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 659

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 631

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Забон гумкарда

👁 630

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 615

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 596

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 584

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 578

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 553

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Хандаи лола

👁 540

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 537

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 531

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Худо гар парда бардорад

👁 524

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке

Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Шони муаллим

👁 520

Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Камол Насрулло
Камол Насрулло

Тоҷикистон

👁 508

Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат

Бозор Собир
Бозор Собир

Ҳамаи шеърҳо

486. БОЗОМАДАНИ ГУШТОСП БО ЗАРИР

👁 8

Ҷаҳонҷӯй Гуштосп пуроб чашм Ҳаме ронд пеш - андарун пур зи хашм. Ҳаме тохт, то пеши Кобул расид, Дарахту гулу сабзаву об дид.

Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

485. РАФТАНИ ГУШТОСП АЗ ПЕШИ ЛӮҲРОСП БА ХАШМ

👁 5

Ду фарзанд будаш ба сони ду моҳ Сазовори шоҳиву тахту кулоҳ. Яке ном Гуштосп, дигар Зарир, Ки зер оваридӣ сари наррашер.

Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

484. ОТАШКАДА СОХТАНИ ЛӮҲРОСП БА БАЛХ

👁 9

Чу Лӯҳросп биншаст бар тахти оҷ, Ба сар барниҳод он дилафрӯз тоҷ, Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт, Ниёиш варо дар физоиш гирифт.

Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Дунёи фонӣ

👁 25

Бигзарам гар аз ҷаҳон, ёдам кунед, Бо дуои хайр ҳам шодам кунед. З-он ки ман ҳам муддате будам канор, Ҳар гаҳе ёд ореду дуоям кунед.

Абубакри Абдурасул
Абубакри Абдурасул

Шеърҳои Ҷавобияи ман

👁 12

Абубакро, ҳарфи ту оинаи айём буд, Дар миёни аҳли олам нолаи ноком буд. То муҳаббат зинда бошад, зинда бошад одамӣ, Бе вафову меҳрубонӣ, зиндагонӣ ноком буд.

Абубакри Абдурасул
Абубакри Абдурасул

Гарчи оби рафта боз ояд ба рӯд

👁 22

Гарчи оби рафта боз ояд ба рӯд, Моҳии бечора аммо мурда буд! **** Бахт дер ояд вале аз роҳ дер,

Н
Нуридинзода Аҳмадҷони Хамӯш

Эй кош, нигоҳ бошаду гуфтор набошад

👁 24

Эй кош, нигоҳ бошаду гуфтор набошад, То захми забон бар ҷумла ҷаҳон ёр набошад. Эй кош, ки дар сина фақат ишқ биҷӯшад, Дар дидаи мо сурати ағёр набошад.

Н
Нуридинзода Аҳмадҷони Хамӯш

Дар васияти подшоҳон

👁 12

Шунидаам зи ҳакиме, ки подшоҳонро, Ба чанд тоифа бояд кушуд роҳи висол. Ҳама ҳунарвару донишпажӯҳу динпарвар, Ҳама суханвари санҷ идаву малеҳмақол.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Гаҳе оташ, гаҳе обам, гаҳе сулҳам, гаҳе ҷангам

👁 16

(ғазали Дониш дар пайравӣ ба Ҷомӣ) Зи чашмаш мастаму аз он даҳан чун ғунча дилтангам, Ба-д-он мӯи миён роҳе наёбад синаи сангам. Расидан кай бувад мумкин аз ин

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Шавам девона, он тифли парипайкар назад сангам

👁 9

Шавам девона, он тифли парипайкар назад сангам, Дар ин андеша чун девонагон бо хеш дар ҷангам.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Илоҳӣ фалак хонумонат хароб,

👁 13

Ту кардӣ ҷигарҳои моро кабоб! Илоҳӣ, фалак хоки гулшан шавӣ! Парешонтар аз хотири ман шавӣ!

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Дӣ дар мақоми ҳайратам овард нуктае

👁 9

Дӣ дар мақоми ҳайратам овард нуктае, Дар хуни дил кӣ буд, ки парвард нуктае. Зоҳид ба зуҳди хеш аҷаб ғарқа буду ман, Оҳе ба сар кашидам бас сард, нуктае...

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Дурри ноёб аст Дониш оби чашми ошиқон

👁 9

Он қадар рафтаст дар ҳаҷри ту об аз чашми ман, Сӯхтан шояд, ки омӯзад кабоб аз чашми ман. Гар чунин селоби ашк аз чашми ман ояд бурун, Оламе хоҳад шудан охир ха

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Мо кори худ ба маслиҳати устод мекунем

👁 10

Ҳарчанд ёди мо накунӣ, ёд мекунем, Таскини хотиру дили худ шод мекунем, Ширин агарчи гӯш ба фарёди мо накард, Як нола ҳам ба хотири Фарҳод мекунем,

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Мухаммаси Дониш бар ғазали Носир

👁 15

“Ло зола зиллу давлатикум, ё Ула-ал-камол”, Бар фарқи хастагони ту модома моҳу сол, Ҳарчанд бандаро набувад қуввату маҳол, Дардо умед аз карами Ҳайи зул-ҷалол!,

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Зоғро бар ҷои булбул, хорро бар ҷои гул

👁 10

Такя бар тахти чаман зад шоҳиди раънои гул, Андалеби бенаво то сар ниҳад дар пои гул. Хор-хори ишқи гул дар синаи мо ҷо гирифт, Андалебонанд доим толиби маъвои

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Ончунон ғафлати мо бурда ба ҷое, ки мапурс.

👁 10

Ҳала, эй ҷон ба куҷо меравӣ аз дасти аҷал, Аз азал омадаӣ бандаи побасти аҷал! Моҳии сӯхтаҷон, чанд ба худ мепечӣ, Кӯ туро ҳилаи берун шудан аз дасти аҷал?

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Гови чанбаршохи Шокир хуш биғуррад чун паланг

👁 7

(танзу ҳазл) Гови чанбаршохи Шокир хуш биғуррад чун паланг, Абдуқодир хирси худ донам ба саҳро чун маланг. Чун Сулаймон ҳукмашон ҷорӣ ба ҳар деву парӣ,

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Моро дар ин замона набошад касе ҳариф

👁 9

Рафта баҳору монда ба ҳангомае хариф, Моро дар ин замона набошад касе ҳариф. Ҳарчанд хоҷа фарбеҳу зифт аст дар назар, Аз дил нигоҳкун, чӣ қадар нозуку наҳиф.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Май хӯрдану нишастан бо мункирон ғалат

👁 8

Май хӯрдану нишастан бо мункирон ғалат, Уфтодани шикастадилонро ҳамон ғалат. Шарҳи висол кардан бар ошиқон лазиз, Дури(й) фироқ гуфтан бар ғофилон ғалат.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Дар базм ҷо гирифтан, бе маҳвашон ғалат

👁 13

Рафтан ба сӯи майкада бе майкашон ғалат, Дар базм ҷо гирифтан, бе маҳвашон ғалат. Бе ҷон ба васли ёр расидан бувад муҳол, Бе нола пеши гул шудан аз булбулон ғал

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Аз ҳирс ҳеҷ кас ба мақоме намерасад

👁 10

Ё раб, ба ҳеҷ кас надиҳӣ обрӯи ҳирс, Дар ҷӯи ҳеҷ кас наравад оби ҷӯи ҳирс. Ҳарчанд ҷои сулҳ бувад лар мазоқи халқ, Санге бизан ба қаҳру ғазаб дар сабӯи ҳирс!

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Давре ба сар расида, ки бишнав маноқибаш

👁 9

Давре ба сар расид, ки бишнав маноқибаш, Не қадру манзалат ба сухан, не ба соҳибаш, Пурсидамаш зи қозиву мегуфт ноибаш, Он беҳ, ки аҳли фазл нишинанд тойибаш,

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Обистан аст духти замин аз фуюзи дай

👁 8

Нагзашта файзи бори саҳоби карам ҳанӯз, Хобида аст лолаву гул дар адам ҳанӯз. Ҳут асту мавти сабза ба зери замин дафин, Нагзашта офтоб зи абри дижам ҳанӯз.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

марсияи Дониш дар сӯги фарзанд

👁 20

Рафтӣ чун аз барам, эй сарви хиромони падар, Булбули рӯҳ парида зи гулистони падар. Тоқи абрӯи ту то дур шуда аз назарам, Тоқатам тоқ шуд, эй сарви хиромони пад

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш
Саҳифаи 69 аз 1002