Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳарфе зи дӯст гӯӣ, ки бошад зи ҷон лазиз
Ҳарфе зи дӯст гӯӣ, ки бошад зи ҷон лазиз, Лутфаш лазиз бошаду қаҳраш аз он лазиз! Гар ёр бо ту бошаду дар ҳар куҷо бувад, Васлаш лазиз бошаду ҳаҷраш аз он лазиз
Он кӣ бо ман дар сухан худро баробар мекунад
Он кӣ бо ман дар сухан худро баробар мекунад, Поймардӣ кай тавонад, хок бар сар мекунад! Мулки донишро зи бас тасхир пардозам ба килк, Бенавои хомаам кори тавон
Озода рав, ки хиттаи олам басест танг
Дар баҳр агар ту об наёбӣ, марав ба сар, Бо лутфи ӯ паноҳбар, аз баҳр даргузар! Дастури ақли кулл ба ту роҳе намедиҳад, Аз ҷузв парда соз ба худ, пардаро мадар!
Андак караме фармуд, андӯҳ фаровон рафт
Андак караме фармуд, андӯҳ фаровон рафт, Аз як назари лутфаш сад мушкилам осон шуд. То сарви хиромонаш дар ҷивагарӣ омад, Мурғи дили ҷонбозон чун қумрии нолон ш
Мухаммаси Дониш бар ғазали ҳазрати Мавлавӣ Ҷомӣ
То чашми гуҳарборам бар чеҳраи хубон шуд, Ҳар қатра зи ашки ман сад лаҷҷаи Уммон шуд, Чун рӯи туро дидам, аз ман сару сомон шуд, То дидаи хунборам бар орази ҷон
Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад
Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад, Табъи салим фарз аст, ирс аз падар набошад. Аз саъй худ надорем чашми умед ҳаргиз, Як зарра лутфи Эзид, гар коргар набошад!
Ҳар кас, ки масти бодаи ҷоми аласт шуд
Дил дӯш бо хаёли лабаш майпараст шуд, Соқӣ шикаст ҷому суроҳӣ зи даст шуд. Ҳар кас ба кӯи дӯст зи роҳи талаб расид, Дар ҷазбаи муҳаббати ӯ пойбаст шуд,
Ғазали сурудвора ба яке аз хонандагони Бухоро
Он моҳ ба мо чеҳракушо шуд, чӣ баҷо шуд! З-оинаи мо рангзудо шуд, чӣ баҷо шуд! Бо сарви қадаш қумрии дил роҳнамеёфт, Шамшоди қадаш ҷилванамо шуд, чӣ баҷо шуд!
Дӯш аз насими субҳ ба гулшан хабар расид
Дӯш аз насими субҳ ба гулшан хабар расид, Бар дил зи оҳу нолаи мурғон асар расид. Кам буд лутфи соқии мо пеш аз ин, кунун Ҷоме нагашта холиву ҷоми дигар расид!
Чӣ шавад аз он гули наврасам зи чаман ба ман хабаре расад
Чӣ шавад аз он гули наврасам зи чаман ба ман хабаре расад, Зи насими субҳи инояташ ба дили ҳазин асаре расад!
Мухаммаси Дониш бар ғазали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз
Рӯй аз дараш натобам то кори ман барояд, Ё ҷони тоза ёбам, ё ин куҳан барояд, То сарв аз гулистон, гул аз чаман барояд, Даст аз талаб надорам, то коми ман бароя
Дилдор дӯш пурсиши моро баҳона кард
Дилдор дӯш пурсиши моро баҳона кард, Сӯйи рақиб рафту куҷоро баҳона кард. Аз зулфи худ димоғи ҷаҳон атрбор кард, Гуфтам: Чӣ буд?. Мушки Хиторо баҳона кард.
Дар идомаи ин ғазал Дониш гӯяд
Аз нигоҳи гарми он шаккарлаби гулгунқабо, Дигарон як бор агар сурханд, ман чанд бор сурх! Муддао рангинии рухсори он гулчеҳра буд, Даъвии лаъли лабаш кардам, шу
Мухаммаси Дониш бар ғазали Мирзо Бедил
То шуд он маҳваш бурун бо чеҳраи гулнор сурх, Чун шафақ аз акси он рух буд дару девор сурх. Дар чаман шуд он париваш бо сару дастор сурх, Боз хандон гашт лаъли
Шайони аҷибони ҳумо абраду мин ях
Шайони аҷибони ҳумо абраду мин ях, Шайхун ятатаббиву сабиюн яташаййах! Ҳайҳот аз ин майкадаи бесару сомон, Не ҷом ба даст омаду не коса, на матбах...
Мастам чунон ки гар шунавам номи ҷому роҳ
Мастам чунон ки гар шунавам номи ҷому роҳ, Бехуд шавам, зи худ гузарам аз сари салоҳ. Шаҳ дар қабои салтанату ман либоси фақр, Ҳар кас ба қадри хеш танад ҷомаи
Зоҳид, ки кардааст зи май тавбаи насӯҳ
Зоҳид, ки кардааст зи май тавбаи насӯҳ, Махсуси мо гузошт магар бодаи сабӯҳ? Захме ба сад муолиҷа ҳосил намудаем, Акнун чӣ сон қисос бихоҳем аз ин ҷурӯҳ?...
Ҷаҳону ҳосили онро бидон, бувад ҳама ҳеҷ
Ҷаҳону ҳосили онро бидон, бувад ҳама ҳеҷ, Ки хонумону замину замон бувад ҳама ҳеҷ. Ту дил чаро биниҳӣ дар бинои ин дунё, Ту хуш нигар, ки сари ӯ дукон бувад ҳам
Умри ту сар ба сар ба сар омад, абас-абас
Умри ту сар ба сар ба сар омад, абас-абас. Акнун накӯст, ин хабар омад, абас-абас. То кай ба рӯзи бехабарӣ шод мезийӣ? Он рӯз шуд шабу дигар омад, абас-абас.
В-ар вусма камонкаш шуд, дар абрӯи ӯ пайваст.
Ҳарчанд занам доим бо теғу табар худро, Дар сина намебинам як зарра асар худро, З-ин ғусса занам доим бо зеру забар худро, Чун шамъ вуҷуди мо шаб то ба саҳар ху
Мухаммаси Дониш бар ғазали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз
Он шӯхи ҷаҳоношӯб бо фитна камар барбаст, Яксар сафи маҳрӯён бо теғи мижа бишкаст, Ногоҳзи бадмастӣ, чун барқзи ҷо барҷаст, Дар дайри муғон омад, ёрам қадаҳе ба
Мухаммаси Дониш бар ғазали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз
Шоҳид биё, ки мутриби мо соз баргирифт, Сӯфӣ, ки тавба карда зи май, ҷом даргирифт, Зоҳид гузашта буд зи суҳбат, зи сар гирифт, Соқӣ, биё, ки ёр зи рух парда ба
Мухаммаси Дониш бар ғазали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз
Диле, ки бастаи доми ризои хештан аст, Ба ком кай расад он дил ба ҷои хештан аст, Чу мурғғ амзаи сайди ҳавои хештан аст, Ба доми зулфи ту дил мубталои хештан ас
Мухаммаси Дониш бар ғазали Мирзо Бедил
Пардаи гул медамад, ғунчаи хандони кист? Сабзаву насрин дамид, саҳни гулистони кист? Талхии май мебарад, шӯри намакдони кист? Мавҷҷунун мезанад, ашки парешони к
Дилдор дӯш бар сари мо бехабар гузашт
Дилдор дӯш бар сари мо бехабар гузашт, В-арна куҷо ба хотираш ин раҳгузар гузашт. Ҷамшед ҷоми май ба кафу рӯ д, нӯш кард, Дарди хумор-ш аз сари мо бештар гузашт

