Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Насими субҳи саодат бад-он нишон, ки ту донӣ
Насими субҳи саодат бад-он нишон, ки ту донӣ, Гузар ба кӯйи фалон кун, дар он замон, ки ту донӣ. Ту пайки хилвати розию дида бар сари роҳат, Ба мардумӣ, на ба ф
Гуфтанд халоиқ, ки туӣ Юсуфи сонӣ
Гуфтанд халоиқ, ки туӣ Юсуфи сонӣ, Чун нек бидидам, ба ҳақиқат беҳ аз онӣ. Ширинтар аз онӣ ба шакарханда, ки гӯям, Эй хусрави хубон, ки ту Ширини замонӣ.
Ҳавохоҳи туам, ҷонову медонам, ки медонӣ
Ҳавохоҳи туам, ҷонову медонам, ки медонӣ, Ки ҳам нодида мебинию ҳам нанвишта мехонӣ. Маломатгӯ чӣ дарёбад миёни ошиқу маъшуқ, Набинад чашми нобино хусус асрори
Вақтро ғанимат дон, он қадар ки битвонӣ
Вақтро ғанимат дон, он қадар ки битвонӣ, Ҳосил аз ҳаёт, эй ҷон, ин дам аст, то донӣ. Комбахшии гардун умр дар иваз дорад, Ҷаҳд кун, ки аз давлат доди айш бистон
Аҳмадуллоҳа, ало муъдалати-с-султонӣ
Аҳмадуллоҳа, ало муъдалати-с-султонӣ, Аҳмади Шайх-Увайси Ҳасани Элхонӣ. Хони бин хону шаҳаншоҳи шаҳаншоҳнажод, Он ки мезабад, агар ҷони ҷаҳонаш хонӣ.
Зи дилбарам кӣ расонад навозиши қаламе?
Зи дилбарам кӣ расонад навозиши қаламе? Куҷост пайки сабо, гар ҳамекунад караме? Қиёс кардаму тадбири ақл дар раҳи ишқ, Чу шабнамест, ки бар баҳр мекашад рақаме
Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме!
Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме! Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоро, ҳамдаме! Чашми осоиш кӣ дорад аз сипеҳри тезрав? Соқиё, ҷоме ба ман деҳ, то биёсо
Атат ривоиҳу ранд-ил-ҳимо ва зода ғаромӣ
Атат ривоиҳу ранд-ил-ҳимо ва зода ғаромӣ, Фидои хоки дари дӯст бод ҷони гиромӣ! Паёми дӯст шунидан саодат асту саломат, Мани-л-мубаллағу аннӣ ило Суоди саломӣ.
Кӣ барад ба назди шоҳон зи мани гадо паёме
Кӣ барад ба назди шоҳон зи мани гадо паёме, Ки ба кӯйи майфурӯшон ду ҳазор Ҷам ба ҷоме! Шудаам харобу бадному ҳанӯз умедворам, Ки ба ҳиммати азизон бирасам ба н
З-он майи ишқ, к-аз ӯ пухта шавад ҳар хоме
З-он майи ишқ, к-аз ӯ пухта шавад ҳар хоме, Гарчи моҳи рамазон аст, биёвар ҷоме Рӯзҳо рафт, ки дасти мани мискин нагирифт. Зулфи шамшодқаде, соъиди симандоме.
Ин хирқа, ки ман дорам, дар раҳни шароб авло
Ин хирқа, ки ман дорам, дар раҳни шароб авло В-ин дафтари бемаънӣ ғарқи майи ноб авло. Чун умр табаҳ кардам, чандон ки нигаҳ кардам, Дар кунҷи хароботе афтода х
Рафтам ба боғ субҳдаме, то чинам гуле
Рафтам ба боғ субҳдаме, то чинам гуле, Омад ба гӯш ногаҳам овози булбуле. Мискин чу ман ба ишқи гуле гашта мубтало В-андар чаман фиканда зи фарёд ғулғуле.
Бигрифт кори ҳуснат чун ишқи ман камоле
Бигрифт кори ҳуснат чун ишқи ман камоле, Хуб бош, з-он ки набвад ин ҳар дуро заволе. Дар ваҳм менагунҷад, к-андар тасаввури ақл Ояд ба ҳеч маънӣ з-ин хубтар мис
Саломуллоҳи мо карра-л-лаёлӣ
Саломуллоҳи мо карра-л-лаёлӣ, Ва ҷовабти-л-масонӣ ва-л-масолӣ. Ало водӣ-л-Ароки-в ман алайҳо, Ва доран би-л-Ливо фавқа-р-римолӣ.
Ё мабсиман юҳокӣ дурҷан мина-л-лаолӣ
Ё мабсиман юҳокӣ дурҷан мина-л-лаолӣ, Ё Раб, чӣ дархур омад гирдат хати ҳилолӣ! Ҳолӣ хаёли васлат хуш медиҳад фиребам, То худ чӣ нақш бозад ин сурати хаёлӣ.
Катабту қиссата шавқӣ ва мадмаъӣ бокӣ
Катабту қиссата шавқӣ ва мадмаъӣ бокӣ, Биё, ки бе ту ба ҷон омадам зи ғамнокӣ. Басо, ки гуфтаам аз шавқ бо ду дидаи хеш: «Аё манозила Салмо, фа айна салмокӣ?»
Сулаймо мунзу ҳаллат би-л-Ироқӣ
Сулаймо мунзу ҳаллат би-л-Ироқӣ, Улоқӣ, мин навоҳо, мо улоқӣ. Ало, эй сорвони маҳмили дӯст, Ило рукбоникум тола-штиёқӣ.
З-ин хуш рақам, ки бар гули рухсор мекашӣ
З-ин хуш рақам, ки бар гули рухсор мекашӣ, Хат бар саҳифаи гулу гулзор мекашӣ. Ашки ҳарамнишини ниҳонхонаи маро З-он сӯи ҳафт парда ба бозор мекашӣ.
Эй дил, он дам, ки хароб аз маи гулгун бошӣ
Эй дил, он дам, ки хароб аз маи гулгун бошӣ, Бе зару ганҷ ба сад ҳашмати Қорун бошӣ. Дар мақоме, ки садорат ба фақирон бахшанд, Чашм дорам, ки ба ҷоҳ аз ҳама аф
Ҳазор ҷаҳд бикардам, ки ёри ман бошӣ
Ҳазор ҷаҳд бикардам, ки ёри ман бошӣ, Муродбахши дили беқарори ман бошӣ. Чароғи дидаи шабзиндадори ман гардӣ. Аниси хотири уммедвори ман бошӣ.
Навбаҳор аст, дар он кӯш, ки хушдил бошӣ
Навбаҳор аст, дар он кӯш, ки хушдил бошӣ, Ки басе гул бидамад бозу ту дар гил бошӣ! Ман нагӯям, ки кунун бо кӣ нишину чӣ бинӯш, Ки ту худ донӣ, агар зираку оқил
Умр бигзашт ба беҳосилию булҳавасӣ
Умр бигзашт ба беҳосилию булҳавасӣ, Эй писар, ҷоми маям деҳ, ки ба пирӣ бирасӣ. Чӣ шакарҳост дар ин шаҳр, ки қонеъ шудаанд Шоҳбозони тариқат ба мақоми магасӣ?
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ, Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ. Чу гул гар хурдае дорӣ, Худоро, сарфи ишрат кун, Ки Қорунро ғалатҳо дод савд
Эй ки доим ба хеш мағрурӣ
Эй ки доим ба хеш мағрурӣ, Гар туро ишқ нест, маъзурӣ. Гирди девонагони ишқ магард, Ки ба ақлу ақила машҳурӣ.
Тӯфайли ҳастии ишқанд одамию парӣ
Тӯфайли ҳастии ишқанд одамию парӣ, Иродате бинамо, то саодате бибарӣ, Бикӯш, хоҷаву аз ишқ бенасиб мабош, Ки бандаро нахарад кас ба айби беҳунарӣ.

