Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2728

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1823

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1539

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1450

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1267

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1102

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1090

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 898

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 866

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 838

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 819

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 808

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 779

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 752

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 730

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 708

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 699

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 682

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 681

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Ватан

👁 678

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 677

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 673

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 653

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 635

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 594

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Хуш кард ёварӣ фалакат рӯзи доварӣ

👁 46

Хуш кард ёварӣ фалакат рӯзи доварӣ. То шукр чун кунию чӣ шукрона оварӣ? Он кас, ки уфтод, Худояш гирифт даст, Гӯ: «Бар ту бод, то ғами уфтодагон х(в)арӣ?»

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Рӯзгорест, ки моро нигарон медорӣ

👁 15

Рӯзгорест, ки моро нигарон медорӣ, Мухлисонро на ба вазъи дигарон медорӣ. Гӯшаи чашми ризое ба манат боз нашуд, Инчунин иззати соҳибназарон медорӣ?

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Эй ки маҳҷурии ушшоқ раво медорӣ

👁 11

Эй ки маҳҷурии ушшоқ раво медорӣ, Ошиқонро зи бари хеш ҷудо медорӣ. Ташнаи бодияро ҳам ба зулоле дарёб, Ба умеде, ки дар ин раҳ ба Худо медорӣ.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Эй ки дар кӯйи харобот мақоме дорӣ

👁 13

Эй ки дар кӯйи харобот мақоме дорӣ, Ҷами вақти худӣ, ар даст ба ҷоме дорӣ. Эй ки бо зулфу рухи ёр гузорӣ шабу рӯз, Фурсатат бод, ки хуш субҳею шоме дорӣ.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Биё, бо мо маварз ин кинадорӣ

👁 9

Биё, бо мо маварз ин кинадорӣ, Ки ҳаққи суҳбати дерина дорӣ. Насиҳат гӯш кун, к-ин дур басе беҳ Аз он гавҳар, ки дар ганҷина дорӣ.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Сабо, ту накҳати он зулфи мушкбӯ дорӣ

👁 11

Сабо, ту накҳати он зулфи мушкбӯ дорӣ, Ба ёдгор бимонӣ, ки бӯи ӯ дорӣ. Дилам, ки гавҳари асрори ҳусну ишқ дар ӯст, Тавон ба дасти ту додан, гараш накӯ дорӣ.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Туро, ки ҳар чӣ мурод аст дар ҷаҳон, дорӣ

👁 19

Туро, ки ҳар чӣ мурод аст дар ҷаҳон, дорӣ, Чӣ ғам зи ҳоли заъифони нотавон дорӣ? Бихоҳ ҷону дил аз бандаву равон биситон, Ки ҳукм бар сари озодагон равон дорӣ.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Шаҳрест пурзарифон в-аз ҳар тараф нигоре

👁 12

Шаҳрест пурзарифон в-аз ҳар тараф нигоре, Ёрон, салои ишқ аст, гар мекунед коре. Чашми фалак набинад з-ин турфатар ҷавоне, Дар дасти кас наяфтад з-ин хубтар шик

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Чу сарв агар бихиромӣ даме ба гулзоре

👁 18

Чу сарв агар бихиромӣ даме ба гулзоре, Хурад зи ғайрати рӯи ту ҳар гуле хоре. Зи куфри зулфи ту ҳар ҳалқаею ошӯбе, Зи сеҳри чашми ту ҳар гӯшаею беморе.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ба ҷони ӯ, ки гарам дастрас ба ҷон будӣ

👁 9

Ба ҷони ӯ, ки гарам дастрас ба ҷон будӣ, Камина пешкаши бандагонаш он будӣ! Бигуфтаме, ки баҳо чист хоки пояшро, Агар ҳаёти гаронмоя ҷовидон будӣ!

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Чӣ будӣ, ар дили он моҳ меҳрубон будӣ

👁 13

Чӣ будӣ, ар дили он моҳ меҳрубон будӣ, Ки ҳоли мо на чунин будӣ, ар чунон будӣ. Бигуфтаме, ки чӣ арзад насими турраи дӯст, Гарам ба ҳар сари мӯе ҳазор ҷон будӣ.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Саҳар бо бод мегуфтам ҳадиси орзумандӣ

👁 23

Саҳар бо бод мегуфтам ҳадиси орзумандӣ, Ҷавоб омад, ки восиқ шав ба алтофи худовандӣ. Дуои субҳу оҳи шаб калиди ганҷи мақсуд аст, Бад-ин роҳу равиш мерав, ки бо

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Дидам ба хоб дӯш, ки моҳе баромадӣ

👁 11

Дидам ба хоб дӯш, ки моҳе баромадӣ, К-аз акси рӯи ӯ шаби ҳиҷрон сар омадӣ. Таъбир рафт, ёри сафаркарда мерасад, Эй коҷ, ҳар чӣ зудтар аз дар даромадӣ.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Сабат Салмо бисудғайҳо фуодӣ

👁 18

Сабат Салмо бисудғайҳо фуодӣ, Ва рӯҳӣ кулла явмин лӣ юнодӣ. Худоро, бар мани бедил бибахшой, Ва восилнӣ ало рағми-л-аъодӣ.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Эй қиссаи биҳишт зи кӯят ҳикояте

👁 16

Эй қиссаи биҳишт зи кӯят ҳикояте, Шарҳи ҷамоли ҳур зи рӯят ривояте. Анфоси Исӣ аз лаби лаълат латифае, Оби Хизир зи нӯши лабонат кинояте.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Он ғолияхат гар суйи мо нома навиштӣ

👁 9

Он ғолияхат гар суйи мо нома навиштӣ, Гардун варақи ҳастии мо дарнанавиштӣ. Ҳарчанд ки ҳиҷрон самари васл барорад, Деҳқони ҷаҳон кош, ки ин тухм накиштӣ.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Бо муддаӣ магӯед асрори ишқу мастӣ

👁 15

Бо муддаӣ магӯед асрори ишқу мастӣ, То бехабар бимирад дар дарди худпарастӣ. Ошиқ шав, арна, рӯзе кори ҷаҳон сар ояд, Нохонда нақши мақсуд аз коргоҳи ҳастӣ.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Эй дил, мабош холӣ як дам зи ишқу мастӣ

👁 8

Эй дил, мабош холӣ як дам зи ишқу мастӣ, В-он гаҳ бирав, ки растӣ аз нестию ҳастӣ. Гар ҷон ба тан бибинӣ, машғули кори ӯ шав, Ҳар қиблае, ки бинӣ беҳтар зи худп

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Эй ки бар моҳ аз хати мушкин ниқоб андохтӣ

👁 22

Эй ки бар моҳ аз хати мушкин ниқоб андохтӣ, Лутф кардӣ, сояе бар офтоб андохтӣ. То чӣ хоҳад кард бо мо обу ранги оразат, Ҳолиё найранги нақше хуш бар об андохтӣ

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Махмури ҷоми ишқам, соқӣ, бидеҳ шаробе

👁 38

Махмури ҷоми ишқам, соқӣ, бидеҳ шаробе, Пур кун қадаҳ, ки бе май маҷлис надорад обе. Васфи рухи чу моҳаш дар парда рост н-ояд, Мутриб, бизан навое, соқӣ, бидеҳ

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Лабаш мебӯсаму дармекашам май

👁 13

Лабаш мебӯсаму дармекашам май, Ба оби зиндагонӣ бурдаам пай. На розаш метавонам гуфт бо кас, На касро метавонам дид бо вай.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ба савти булбулу қумрӣ агар бинӯшӣ май

👁 15

Ба савти булбулу қумрӣ агар бинӯшӣ май, Илоҷ кай кунамат охир-уд-даво-ал-кай? Захирае бинеҳ аз рангу бӯйи фасли баҳор, Ки марасанд зи пай раҳзанони баҳману дай.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Соқӣ, биё, ки шуд қадаҳи лола пур зи май

👁 14

Соқӣ, биё, ки шуд қадаҳи лола пур зи май, Томот то ба чанду хурофот то ба кай? Бигзар зи кибру ноз, ки дидаст рӯзгор Чини қабои Қайсару тарфи кулоҳи Кай.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Саҳаргоҳон, ки махмури шабона

👁 7

Саҳаргоҳон, ки махмури шабона Гирифтам бода бо чангу чағона, Ниҳодам ақлро раҳтӯша аз май, Зи шаҳри ҳастияш кардам равона.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Чароғи рӯйи туро шамъ гашт парвона

👁 24

Чароғи рӯйи туро шамъ гашт парвона, Маро зи холи ту бо ҳоли хеш парво на. Хирад, ки қайди маҷонини ишқ мефармуд, Ба бӯйи ҳалқаи зулфи ту гашт девона.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ
Саҳифаи 345 аз 1003