Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Бигрифт кори ҳуснат чун ишқи ман камоле

Бигрифт кори ҳуснат чун ишқи ман камоле, Хуб бош, з-он ки набвад ин ҳар дуро заволе. Дар ваҳм менагунҷад, к-андар тасаввури ақл Ояд ба ҳеч маънӣ з-ин хубтар мисоле. Шуд хатти умр ҳосил, гар з-он ки бо ту моро Ҳаргиз ба умр рӯзе рӯзӣ шавад висоле. Он дам, ки бо ту бошам, як сол ҳаст рӯзе, В-он дам, ки бе ту бошам як лаҳза ҳаст соле. Ман чун хаёли рӯят, ҷоно, ба хоб бинам, К-аз хоб менабинад чашмам ба ҷуз хаёле. Раҳм ор бар дили ман, к-аз меҳри рӯйи хубат Шуд шахси нотавонам борик чун ҳилоле. Ҳофиз, макун шикоят, гар васли дӯст хоҳӣ, З-ин бештар бибояд бар ҳаҷрат эҳтимоле.