Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ба тарки ошиқӣ, ай пандгӯ, мадеҳ пандам
Ба тарки ошиқӣ, ай пандгӯ, мадеҳ пандам, Диле, ки бигсилам аз ишқ, бо чӣ пайвандам?! Зи умри рафта маро нест ҳасрате чандон, Ҷуз он ки умр на дар ишқ рафт якчан
З-он наранҷам, ки зи худкарда гаронат бинам
З-он наранҷам, ки зи худкарда гаронат бинам, З-он биранҷам, ки миёни дигаронат бинам. Серият нест зи ошиқ, ки садат ошиқ ҳаст, Дил барои сади дигар нигаронат би
Чун мани бесабру дил хоҳам, ки он рӯ бингарам
Чун мани бесабру дил хоҳам, ки он рӯ бингарам, Аввал аз бими рақиб ин сӯву он сӯ бингарам. Сӯзадам ҷон з-орзуи он хату ораз ба боғ, Сояи сунбул чу бар гулҳои ху
Ман он наям, ки зи ту даст дораму биравам
Ман он наям, ки зи ту даст дораму биравам, Туро ба дасти рақибон гузораму биравам. Ба қасди диданат оям, чу рӯй нанмоӣ, Нафири шавқи ту аз дил барораму биравам.
Саҳар ба гӯшаи меҳроб зорие кардам
Саҳар ба гӯшаи меҳроб зорие кардам, Ба ёди абруи ту ашкборие кардам. Қароргоҳи дилам зулфи беқарори ту буд, Аҷаб мадор, агар беқарорие кардам.
Рухсатам деҳ, ки сари зулфи сиёҳат гирам
Рухсатам деҳ, ки сари зулфи сиёҳат гирам, Дидаро равшанӣ аз рӯйи чу моҳат гирам. Чу туро нест сари он ки биёбам ба ту раҳ, Дод хоҳам, набиёям, сари роҳат гирам.
Мо ба роҳи талаби васли ту наъл афгандем
Мо ба роҳи талаби васли ту наъл афгандем В-аз лаби лаъли ту дандони тамаъ баркандем. Даври паргори фалак расми ҷудоӣ ангехт, То дар ин доира кай боз ба ҳам пайв
Биё, к-аз рӯйи соқӣ вақти гул бурқаъ барандозем
Биё, к-аз рӯйи соқӣ вақти гул бурқаъ барандозем, Зи акси рӯйи он гулчеҳра гул дар соғар андозем. Чу гирад хоби мастӣ наргиси он сарви гулрухро, Зи гул болин ниҳ
Гоҳе, ки кашӣ теғ, ниҳам гардани таслим
Гоҳе, ки кашӣ теғ, ниҳам гардани таслим, Ҳар бесару поро накушӣ, з-ин бувадам бим. Бар аҳли дил омӯхтани ҳарфи ғаматро Шуд синаи нохунзадаам тахтаи таълим.
Дур аз туам афтода бар бистари дарду ғам
Дур аз туам афтода бар бистари дарду ғам, Як пой дар ин олам, як пой дар он олам. Роҳи дилу динам зад он орази гандумгун, Набвад ба ҷуз ин маънӣ мероси ман аз О
Шароби лаъл бидеҳ, соқиё, ки як-ду-се дам
Шароби лаъл бидеҳ, соқиё, ки як-ду-се дам Раҳам зи шуғли сияҳкории давоту қалам. Ба дил, ки чун варақи нонавишта покиза аст, Чаро кашам зи хаёли дурӯғу рост рақ
Дар даҳонат шак аст в-он ду-се хол
Дар даҳонат шак аст в-он ду-се хол, Гирди лаб нуқтаҳост шакли дол. Қосиранд аз мисоли қомати ту Нахлбандони коргоҳи хаёл.
Биё, ки фасли баҳор асту муҳтасиб маъзул
Биё, ки фасли баҳор асту муҳтасиб маъзул, Муоширон ба фароғат ба кори худ машғул. Биё, биё, ки сафо дар пайи сафост ҳама, Ҳариф содаву май беғашу қадаҳ масқул.
Аз дари баставу девори баланди ту ба танг
Аз дари баставу девори баланди ту ба танг Омада бо дару девор аз ин ғусса ба ҷанг. Гуфтаӣ, шаб дари мо чанд занӣ, ин на дуруст, Аз дили сахти ту бар сина ҳамекӯ
Умрҳо он ки ба сӯям гузаре дошт дареғ
Умрҳо он ки ба сӯям гузаре дошт дареғ, Тунд бигзашту зи ҳолам назаре дошт дареғ. Мепарад рӯҳ ба умеди лаби боми ваям, Ваҳ, ки бахт аз тани ман болу паре дошт да
З-оташи ишқат алам зад риштаи ҷонам чу шамъ
З-оташи ишқат алам зад риштаи ҷонам чу шамъ, Ашк шуд яксар танам в-аз дида меронам чу шамъ. Инчунинам, к-оташи ишқи ту дар дил хона кард, Хоҳад охир сар баровар
На ба лутф аз ситами дӯст тавон ёфт халос
На ба лутф аз ситами дӯст тавон ёфт халос, На ба сабр аз алами дӯст тавон ёфт халос. Ай, ки гӯйӣ, ки ба ишрат раҳӣ аз ғам, ҳошо, Кай ба ишрат зи ғами дӯст тавон
Нозанино, як шабе бо ошиқон дамсоз бош
Нозанино, як шабе бо ошиқон дамсоз бош, Тоҷи раъноӣ ба сар, султони тахти ноз бош. Шамъи маҷлис шав ба он рухсор, гӯ, ушшоқро Мурғи ҷон гирди ту чун парвона дар
Ай ба сарам дам ба дам теғи ҷафои ту хуш
Ай ба сарам дам ба дам теғи ҷафои ту хуш, Дил ба насими ту шод, ҷон ба ҳавои ту хуш. Чашму дилу ҷон хушанд, то шуда ҷойи туанд, Хуш бинишин дар ҳама, ай ҳама ҷо
Ай, чу гулбарги таре орази зебои ту хуш
Ай, чу гулбарги таре орази зебои ту хуш, Гирди он ҳалқа зада зулфи сумансои ту хуш. Пой то сар ту чунонӣ, ки бувад бӯса задан, Бар рухи хуби ту, зебо, ба кафи п
Дам зад дил аз сирри ғамат, аз сарзаниш хун кардамаш
Дам зад дил аз сирри ғамат, аз сарзаниш хун кардамаш, Гарм аз миёни мардумон чун ашк берун кардамаш. Кардам ақиқин ҳуққае пайдо ба ёди он даҳон, Ёд омад он данд
Он сарви нозукест ниҳода кулоҳ каж
Он сарви нозукест ниҳода кулоҳ каж, Маст аст гӯиё, ки ниҳад по ба роҳ каж. Чун тоза шохи гул, ки тамоил кунад зи бод, Гоҳ аз хавоси бода шавад рост, гоҳ каж.
Ё ба шамшери ҷафо дар ҷигарам чок андоз
Ё ба шамшери ҷафо дар ҷигарам чок андоз, Ё ба раҳмат назаре бар мани ғамнок андоз. Ташналаб хок шудам дар ҳаваси лаъли лабат, Соғари май бикашу ҷуръа бар ин хок
Ман ба хун ғарқу лаби лаъли ту дар ханда ҳанӯз
Ман ба хун ғарқу лаби лаъли ту дар ханда ҳанӯз, Захмкорию ман аз теғи ту шарманда ҳанӯз. Чӣ аҷаб, гар бигудозам ҳама шаб бе ту чу шамъ, Аҷаб ин аст, ки рӯз ояду
Надорам дареғ аз ғамат хеҷ чиз
Надорам дареғ аз ғамат хеҷ чиз, Ки меҳмони нохонда бошад азиз. Агар бастият килки Шопур нақш Шудӣ Хусрават банда, Ширин каниз.


