Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ай, чу гулбарги таре орази зебои ту хуш

Ай, чу гулбарги таре орази зебои ту хуш, Гирди он ҳалқа зада зулфи сумансои ту хуш. Пой то сар ту чунонӣ, ки бувад бӯса задан, Бар рухи хуби ту, зебо, ба кафи пои ту хуш. Гар кунӣ пурсишу гар ханда занӣ бар ҳолаш, Ҳар чӣ ояд, бувад аз лаъли шакархои ту хуш. Хилъате хос бувад гесӯят аз шаъри сиёҳ Ки зи сар то ба қадам ҳаст ба болои ту хуш. Дида хуш гашт, чу биншаст хаёли ту дар ӯ, Бинишин хурраму хандон, ки бувад ҷойи ту хуш. Ваъдаи ҷаннати нася ба вараъварзон деҳ, Ки ба нақд аст дили мо ба тамошои ту хуш. Хуш супурдӣ дилат имрӯз ба дарду ғами ишқ, Бод имрӯзи ту хуш Ҷомиву фардои ту хуш.