Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Фанди офоқ диданам кофист,
Фанди офоқ диданам кофист, Заҳри дунё чашиданам кофист. То ба маскан намерасам, пайдост, То ба мадфан расиданам кофист.
Чанд рӯзе бо хумори бӯсаҳоят зиндаам,
Чанд рӯзе бо хумори бӯсаҳоят зиндаам, Санги сардам, бо шарори бӯсаҳоят зиндаам. Аз куҷо донам шумори рӯзҳои мондаро, То ба нақди бешумори бӯсаҳоят зиндаам.
Дил гадои дигареву ман гадои дигаре,
Дил гадои дигареву ман гадои дигаре, Дил адои дигареву ман адои дигаре. Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост, Дил фидои дигареву ман фидои дигаре.
Ҷони ман қурбони як хандидану нозиданат,
Ҷони ман қурбони як хандидану нозиданат, Лаб ба лаб бинҳодану аз шӯри дил ларзиданат. Умри ман қурбони он соат, ки аз бӯсу канор Бо ҳавои зарби дил болидану рақ
Ёд бод, он шӯри оғози муҳаббат ёд бод,
Ёд бод, он шӯри оғози муҳаббат ёд бод, Ёд бод, эҳсоси эъҷози муҳаббат ёд бод. Байни ду дил – байни ду сайёраи шӯру ҷунун Дар фазои шавқ парвози муҳаббат ёд бод.
Худоё, бемаҳал мирад, касе дорад маҳалбозӣ.
Худоё, бемаҳал мирад, касе дорад маҳалбозӣ. Илоҳо, беаҷал мирад, касе дорад мағалбозӣ. Бихобад зуд дар тобут он баттол, к-аз кӯрӣ Ғазалсозии моро дида, пиндорад
Эй кошки ба олам ман бошаму ту бошӣ,
Эй кошки ба олам ман бошаму ту бошӣ, Мисли Ҳавою Одам ман бошаму ту бошӣ. По дар гили ғами дил, сарсони олами дил, Озод аз дигар ғам – ман бошаму ту бошӣ.
Ба ёдбуди Носирҷон Маъсумӣ
Ба ёдбуди Носирҷон Маъсумӣ Ту дил гум кардию аз кӯчаи дилдор бигзаштӣ, Ту гул гум кардию аз гӯшаи гулзор бигзаштӣ. Ду чашмонат ба роҳи ёр буд он шаб
То ғами талхе нахурдӣ, аз ғами ширин магӯ,
То ғами талхе нахурдӣ, аз ғами ширин магӯ, То ғами фардо нахурдӣ, аз ғами дерин магӯ. Гар туро завқи тапиш дар сина гардидаст кӯр, Аз сукути бихрадону тоқату та
Мо ҳам барои хеш ҷаҳон офаридаем,
Мо ҳам барои хеш ҷаҳон офаридаем, Мо ҳам зи дарди ишқ даме н-орамидаем. То бо бисоти хотири ёр ошно шавем, Эй бас зи хеш рафтаву аз худ рамидаем.
Мо низ дар замони худ дилдода будаем,
Мо низ дар замони худ дилдода будаем, Мафтуни холу хатти худодода будаем. Бо он ҳама ғурури ҷавонӣ, ки доштем, Дар хоки остонае афтода будаем.
Оламе ояд дар оғӯшам, чу оғӯшат кунам,
Оламе ояд дар оғӯшам, чу оғӯшат кунам, Лаб занад бахтам, чу бӯса аз лаби нӯшат кунам. Мурдагон аз хок бархезанд бо сад доғи ишқ
То ба кай аз ғами дунё дили худ об кунам?
То ба кай аз ғами дунё дили худ об кунам? Чанд парвои ҳама қолаби одоб кунам? Вақти он аст, ки чун мавҷ ба варзиш оям, Вақти он аст, ки азми раҳи Варзоб кунам.
Дар мағз-мағзи ҷонам ғамҳои ту бимирам,
Дар мағз-мағзи ҷонам ғамҳои ту бимирам, Бо гуфтугӯи ишқат бегуфтугӯ бимирам. Якумр аз раҳи дил – аз манзиле ба манзил Бас ҷустуҷӯт кардам, дар ҷустуҷӯ бимирам.
«Вовайли он миссе, ки ӯ бо кимиё ошиқ нашуд».
«Вовайли он миссе, ки ӯ бо кимиё ошиқ нашуд». Шамси Табрезӣ Охир мани шӯридадил бо як садо ошиқ шудам, Бо камбаҳоиям туро, эй бебаҳо, ошиқ шудам.
Тарки соғар кардаму андар хумораш сӯхтам,
Тарки соғар кардаму андар хумораш сӯхтам, Тарки дилбар кардаму дар раҳгузораш сӯхтам. То ба дарёи диле рафтам ба сад дарёдилӣ Бе канораш об гаштам, дар канораш
Дар канори рӯд дур аз он канор истодаам
Дар канори рӯд дур аз он канор истодаам Бемадорои муҳаббат бемадор истодаам. Тирамаҳ ҳарчанд мегӯяд: баҳорат рафтааст, Чун ҳинои санг ёде аз баҳор истодаам.
Гар туро меёфтам бори дигар,
Гар туро меёфтам бори дигар, Кай дигар мекофтам ёри дигар. Гар паноҳам буд девору дарат, Сар намесудам ба девори дигар.
Ёд бод он шаб, ки дил бо ёр буд,
Ёд бод он шаб, ки дил бо ёр буд, Нақди умрам лаҳзаи дидор буд. Ҳар шарори бӯса аз лабҳои ӯ Шуълаи барқи ҷаҳони тор буд.
Гар торҳои ишқи мо ҳамҷӯр мешуданд,
Гар торҳои ишқи мо ҳамҷӯр мешуданд, Халқи ҷаҳон зи бахти мо масрур мешуданд. Дар хилвате, ки мову ту ҳамроз мешудем, Хомӯшиҳо таронаи машҳур мешуданд.
То ту бошӣ, рӯнамои бахти ман рӯи ту бод!
То ту бошӣ, рӯнамои бахти ман рӯи ту бод! Сарҳисоби зиндагиям дар сари кӯи ту бод! Гар сазоворам, мукофоти ҷамоли ту бас аст, Гар гунаҳкорам, ба гардан ҳалқаи м
Аз хеш рамидае бузург аз ман нест,
Аз хеш рамидае бузург аз ман нест, Нодидаи дидае бузург аз ман нест. Ҳарчанд ки рӯзгори афсона гузашт, Афсонашунидае бузург аз ман нест.
БА ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТ
Дар ин замини меҳнат, дар ин замони меҳнат Табрик гӯямат ман, эй қаҳрамони меҳнат! Аз чор фасли меҳнат як панҷгӯша ахтар Афтод рӯи сина-т чун армуғони меҳнат.
Ҳусни ту бо дилрабоӣ мекушад охир маро,
Ҳусни ту бо дилрабоӣ мекушад охир маро, Дарди ту бо худнамоӣ мекушад охир маро. Нест ғайри дурият дар толеи пешониям, Васли ту бо норавоӣ мекушад охир маро.
Эй дил, эй дил, ҳама фарёд зи шайдоии ту,
Эй дил, эй дил, ҳама фарёд зи шайдоии ту, Ки чунин пир шудам аз ғами барноии ту. Бар ману ҳастии ман ҳукми ту бисёр гузашт, Гӯлу нодон шудам аз вусъати доноии т

