Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Фанди офоқ диданам кофист,

Фанди офоқ диданам кофист, Заҳри дунё чашиданам кофист. То ба маскан намерасам, пайдост, То ба мадфан расиданам кофист. Дил зи ишқе наметапад дигар, Сакта дар дил тапиданам кофист. Бехаридор мондаам имрӯз, Ғами ишқе хариданам кофист. Ҳар дам, эй чарх, ин чӣ сарборӣ? Бори маънӣ кашиданам кофист. Кори дунё надод оромиш, Пеши марг орамиданам кофист. Гули доғ аз мазори ман рӯяд, Гули ин боғ чиданам кофист.