Эй нозиме, ки ҷуз мағал аз шоирит нест,
Эй нозиме, ки ҷуз мағал аз шоирит нест,
Ҷуз чанд лоф аз луғати модарит нест.
Дар шеър дод мезанӣ аз мардиву ғурур,
Дар зиндагонӣ заррае мардигарит нест.
Дар шеърҳот даъвии пайғамбарӣ зиёд,
Дар зиндагӣ бидуни шикоятбарит нест.
Аз қуллаҳои сарбафалак ҳарф мезанӣ,
Аммо ба рези резаи он ҳамсарит нест.
Аз рӯди зиндагӣ басо бо пул гузаштаӣ,
З-он дар бисоти мисрае шӯроварит нест.
Рӯят сиёҳ бо ҳама «шеъри сафед»-и фач,
Андар замини шеъри Аҷам мазҳарет нест.
Бар ҳар даре, ки шеър барӣ, тард мекунанд,
Зеро ки бӯю накҳати шеъри дарит нест.