Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ёди ту ҳамеша дар дили мо бошад,
Ёди ту ҳамеша дар дили мо бошад, Меҳри ту чароғи манзили мо бошад. Қурбони туву номи ту бод, эй модар, Аз зиндагӣ ҳар чӣ ҳосили мо бошад.
Дигар ту нашнавӣ фарёди моён,
Дигар ту нашнавӣ фарёди моён, Набинӣ чеҳраи ношоди моён. Падарҷон, рафтӣ аз дунё, валекин Тамомӣ дар дилу дар ёди моён.
Аз ин гулбоғи рангоранги беранг
Аз ин гулбоғи рангоранги беранг Зи сад гул як гулат нашкуфта рафтӣ. Ҳама боғи дилат андар дили хок, Канори ҳамдиле нохуфта рафтӣ.
Кӣ биҷӯяд дили фигори маро?
Кӣ биҷӯяд дили фигори маро? Дилу ҷони ҷареҳадори маро? Ёдгорам ту будӣ дар ин хок, Бурдӣ бар хок ёдгори маро.
Напаймуда ҳама дунёи дилҳо,
Напаймуда ҳама дунёи дилҳо, Нафаҳмида ҳама савдои дилҳо, Ба дунё ғарқ гардидӣ, сад афсӯс, Нахӯрда об аз дарёи дилҳо.
Ҳама шодии дил нодида рафтӣ,
Ҳама шодии дил нодида рафтӣ, Гуле аз боғи дил ночида рафтӣ. Зи асрори амал огаҳ шудӣ, лек Ба асрори аҷал печида рафтӣ.
Зинҳор ту саргарми муросо нашудӣ,
Зинҳор ту саргарми муросо нашудӣ, Савдозадаи давлати дунё нашудӣ. Тире ба ҷигар хурдӣ зи дасти номард, Бобо будӣ, дареғ бобо нашудӣ.
Худ на танҳо рафтӣ новақт,
Худ на танҳо рафтӣ новақт, Гӯиё ҳам бурдӣ моро. Сар ба зери хок бурдӣ, Хок бар сар кардӣ моро.
Зи дунёву ҷавониву муҳаббат
Зи дунёву ҷавониву муҳаббат Напаймуда насиби дил, гузаштӣ. Ту ҷустӣ чораи дарди ҳама, лек Зи дарди ҷони худ ғофил гузаштӣ.
Аё модар, ки ҷонам офаридӣ,
Аё модар, ки ҷонам офаридӣ, Барои ман ғами дунё кашидӣ. Ба он дил, он дили бесабру ором Чӣ сон андар дили хок орамидӣ?
Оҳу фиғон аз нуҳ фалак,
Оҳу фиғон аз нуҳ фалак, Нуҳ кӯдакат бечора монд. Гаҳвораи ту шуд замин, Тифли ту дар гаҳвора монд.
Бирафтӣ аз ҷаҳон рӯзе надида,
Бирафтӣ аз ҷаҳон рӯзе надида, Ғами ишқи дилафрӯзе надида. Канори хок рафтӣ, додари ман, Канори ёри дилсӯзе надида.
Баракат рафт аз барам он рӯз,
Баракат рафт аз барам он рӯз, Падарам, чун ту аз барам рафтӣ. Осмон бар сарам фурӯ омад, Падарам, чун ту аз сарам рафтӣ.
Ҷонон падаро, аз сари дунё рафтӣ,
Ҷонон падаро, аз сари дунё рафтӣ, Дунё чӣ бувад, ки аз сари мо рафтӣ. Ҳар бор сафар рафтаву меомадӣ боз, Ин бор бигӯ куҷо тамошо рафтӣ?
Аё модар, мададгорам ту ҳастӣ,
Аё модар, мададгорам ту ҳастӣ, Зи ҳар офат нигаҳдорам ту ҳастӣ. Агарчи хуфтаӣ андар дили хок, Чароғи бахти бедорам ту ҳастӣ.
Сари гӯрат нишастам, оҳ модар,
Сари гӯрат нишастам, оҳ модар, Чу абри тар гиристам, оҳ модар. Дили худро ба санги рӯи гӯрат Задам бо ғам, шикастам, оҳ модар.
Рафтӣ баногаҳ зи ҷаҳон, додарам,
Рафтӣ баногаҳ зи ҷаҳон, додарам, Чун гули Наврӯз ҷавон, додарам. Бе ту чӣ пайдо кунам аз рӯи хок, Чун туӣ дар хок ниҳон, додарам?
Ба сар омадему ба по меравем,
Ба сар омадему ба по меравем, Ба дар омадему бадар меравем. Падар доштему модар, дареғ, Ки бемодару бепадар меравем.
Носӯхта дар оташи ишқ, эй додар,
Носӯхта дар оташи ишқ, эй додар, Дар куштани сӯхтор куштӣ дили хеш. Мо ҷумла зи доғат дили бирён дорем, Ин буд магар умрат аз ҳосили хеш?
Модаро, даҳ кӯдак аз ту ёдгорем,
Модаро, даҳ кӯдак аз ту ёдгорем, Аз туву аз шири покат қарздорем. Рӯзе гар аз осмон ахтар бигирем, Чун чароғе бар сари гӯрат биёрем.
Ту моро комрон кардӣ, падарҷон,
Ту моро комрон кардӣ, падарҷон, Қатори одамон кардӣ падарҷон. Ту дар зери заминӣ, лек бар мо Заминро осмон кардӣ, падарҷон.
Чи шуд, эй ҷону эй ҷонони модар,
Чи шуд, эй ҷону эй ҷонони модар, Ба дарду доғат аз ҷон сер кардӣ. Начида як гуле аз боғи дунё, Ҷавон рафтию моро пир кардӣ.
Ҷаҳоно, ормонам кам шикастӣ,
Ҷаҳоно, ормонам кам шикастӣ, Ниҳоли қоматам дарҳам шикастӣ. Асои пирӣ будам баҳри модар, Асои модарамро ҳам шикастӣ.
Ду-се дам комронӣ ҳам накардӣ,
Ду-се дам комронӣ ҳам накардӣ, Ба ҷонон ҷонфишонӣ ҳам накардӣ. Ҷавонии ту шуд доғи дили мо Ҷавон рафтӣ, ҷавонӣ ҳам накардӣ.
Байни маргу зиндагӣ дар рафтуост,
Байни маргу зиндагӣ дар рафтуост, Замбари Азроилу тахти балост. Дар санги рӯи мазори Фотеҳ Ниёзӣ Ниёзӣ гӯиё алъон

