Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Байни маргу зиндагӣ дар рафтуост,

Байни маргу зиндагӣ дар рафтуост, Замбари Азроилу тахти балост. Дар санги рӯи мазори Фотеҳ Ниёзӣ Ниёзӣ гӯиё алъон Зи майдонҳои ҷанг омад. Надида як дам оромӣ, Зи сангарҳо ба санг омад. Катибае барои санги мазори устод Ҷалол Икромӣ Зи бас буданд ҳамдӯшу ҳамоғӯш, Ба сар бурданд умре бо дили пок, Саодатбоную Икромӣ ин ҷо Ҳамоғӯшанд низ андар дили хок. Дуое, саҷдае, зикре, худоро Ба ин ду қуббаи хоки Бухоро! Барои санги мазори Муродуллоҳи Шерализода Падари меҳрубону ғамхоро, Кӣ хурад баъди ту ғами моро? Рафтӣ аз дасти ноҷавонмардон, Мондӣ бар мо азоби дунёро. Тири ноҳақ заданд бар ҷигарат, Бирасад кош ҳақ ба ҳақдоро! Дар санги гӯрҳо Замин – модар! Барои мушти хокат Фидо кардам дилу ҷону сарамро. Агар ту модарӣ, баҳри худо гӯй, Чаро аз ман рабудӣ модарамро???