Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
На чун хасе, на чун пари парвона сӯхтам,
На чун хасе, на чун пари парвона сӯхтам, Гар сӯхтам, ба ҳукми дил мардона сӯхтам.
Ханда бар лаб, ҷом дар каф рафтам
Ханда бар лаб, ҷом дар каф рафтам аз дори ҷаҳон, То каме осон кунам бо марги худ кори ҷаҳон.
Барои санги мазорам чӣ гӯям, эй ёрон,
Барои санги мазорам чӣ гӯям, эй ёрон, Ки худ зи санги Мазорам, ҳамин ишора бас аст. Барои ман, ки канори ҷаҳон муҳаббат буд, Пас аз канори муҳаббат ҳамин канора
Азизон, сер рӯи ҳам бубинед,
Азизон, сер рӯи ҳам бубинед, Шумо ҳоло, ки дар рӯи заминед. Пиндори васият… Рӯзе аз рӯзҳо чу мирам ман,
Равшандиле аз табори оташ будӣ,
Равшандиле аз табори оташ будӣ, Якумр қаламкашу аламкаш будӣ.
Дасти ту гар зери санг овард аҷал,
Дасти ту гар зери санг овард аҷал, Монд аз дасти ту осори амал.
Ҳаҷ рафтиву аз ҳама гунаҳ пок шудӣ,
Ҳаҷ рафтиву аз ҳама гунаҳ пок шудӣ, Имрӯз, дареғ, ҳоҷии хок шудӣ.
Агар мо зинда то фардо бимонем,
Агар мо зинда то фардо бимонем, Нишони ту дар ин дунё бимонем.
Бигзашт номурод ишқу муроди ман,
Бигзашт номурод ишқу муроди ман, Аммо намеравӣ ҳаргиз зи ёди ман.
Рафтию ҷони ту як дард насанҷида ҳанӯз,
Рафтию ҷони ту як дард насанҷида ҳанӯз, Хотират аз алами ишқ наранҷида ҳанӯз.
Сад ҳайф, ба сарвақти ягон дил нарасидем,
Сад ҳайф, ба сарвақти ягон дил нарасидем, Дар роҳ фитодему ба манзил нарасидем.
Хокистари сарди ту сад барқу шарор арзад,
Хокистари сарди ту сад барқу шарор арзад, Як барги хазони ту сад боғу баҳор арзад. Аз дидаи мо рафтӣ, дар хоки сияҳ хуфтӣ, Он қуббаи хоки ту сад бурҷу манор арз
Қурбони ту, эй модари қурбонгашта,
Қурбони ту, эй модари қурбонгашта, Ободии ин ҷаҳони вайронгашта, Пайдои ту моем дар ин дунё, лек Ту дар дили хок рафта, пинҳон гашта.
Бе рӯи ту моҳу офтобам гум шуд,
Бе рӯи ту моҳу офтобам гум шуд, Орому қарору хурду хобам гум шуд. Эй модари сарпарасту сар то по дил, Баъди сари ту сари ҳисобам гум шуд.
Рафтию талоши рӯҳу ҷонат боқист,
Рафтию талоши рӯҳу ҷонат боқист, Ёди ту чу нури хонадонат боқист. То мо ба ҷаҳон ному нишоне дорем, Маҳбуб падар, ному нишонат боқист.
Модар, бихоб хуш, ки зи ёдам намеравӣ,
Модар, бихоб хуш, ки зи ёдам намеравӣ, Ҷонам фидои рӯи ту, манзил муборакат. Модар, бихоб, каъбаи ман хоки кӯи туст, Қурбони хоки кӯи ту, манзил муборакат.
Зи сад гул як гулат нашкуфта, рӯзе
Зи сад гул як гулат нашкуфта, рӯзе Аз ин дунё дили ғамнок бурдӣ. Ҷавонӣ зеби дунё дорад, афсӯс, Ҷавониро ту зери хок бурдӣ.
Ҷавон рафтӣ, ба мақсад норасида,
Ҷавон рафтӣ, ба мақсад норасида, Зи боғи зиндагӣ як гул начида. Ту ғарқи об гардидию моро Бикардӣ об андар оби дида.
Қиблагоҳо, чу рафтӣ аз бари мо,
Қиблагоҳо, чу рафтӣ аз бари мо, Қиблаи мо нишони турбати туст. Мо равонем агар ба роҳи рост, Роҳи ту, рӯҳи ту, ризояти туст!
Ёдгори ту санги сарде нест,
Ёдгори ту санги сарде нест, Аз туям ман ба ёдгор, падар. Ҳар чӣ дорам, ҳама зи ту дорам, Эй падар, эй бузургвор падар!
Ҳарчанд зи мо, эй падари мо, рафтӣ,
Ҳарчанд зи мо, эй падари мо, рафтӣ, На аз дилу на аз назари мо рафтӣ. Ҳар гоҳ ба номи ту сарафрозӣ кунем, Ёдат бикунем, к-аз сари мо рафтӣ.
Ту рафтӣ, хонамон бефайзу нур аст,
Ту рафтӣ, хонамон бефайзу нур аст, Чӣ бехуршеду маҳтобем, модар. Барояд рӯзу шаб хуршеду маҳтоб Туро аммо куҷо ёбем, модар?
Дуое, ки мазори некном аст,
Дуое, ки мазори некном аст, Мазори он Низоми ташнаком аст. Ба каф ҷоме тавофи ӯ биёед, Ки ӯ дар гӯр ҳам дар даст ҷом аст.
Хушном ба ёди ҳамдиёрон монӣ,
Хушном ба ёди ҳамдиёрон монӣ, Сарсабз чу боғу токзорон монӣ. Раҳми ту накард гарчи султони аҷал, Султони муроди ҷумла ёрон монӣ.
Ҷавон рафтӣ, дили ғамнок бурдӣ,
Ҷавон рафтӣ, дили ғамнок бурдӣ, Ҳама уммедҳо бар хок бурдӣ. Гули рӯи арӯсеро надидӣ, Гули боғи муроди дил начидӣ.

