Азизон, сер рӯи ҳам бубинед,
Азизон, сер рӯи ҳам бубинед,
Шумо ҳоло, ки дар рӯи заминед.
Пиндори васият…
Рӯзе аз рӯзҳо чу мирам ман,
Дар буни кӯҳ гӯри ман биканед.
Нагузоред санг бар гӯрам,
Ҳарфҳое ба рӯи он наканед.
Гар бихоҳед, эҳтироми шумо
Ба дили носабури ман бошад,
Дар буни кӯҳ гӯри ман биканед,
Кӯҳ то санги гӯри ман бошад.
Барои санги мазорам