Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Биё эй беадаб худро адаб кун
Биё эй беадаб худро адаб кун, Мусалмонзодаи тарки насаб кун. Ба лавни ахмару хуну рагу пӯст, Араб нозад агар тарки араб кун.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
На беморам, На хушҳолам
На беморам, На хушҳолам, На аз ҳолам хабар дорам... Гаҳе бо дил, Гаҳе бо ҷон, Гаҳе аз ҳарду безорам..
Бевафо бошӣ, вафоят мекунанд
Бевафо бошӣ, вафоят мекунанд, Бовафо бошӣ, хиёнат мекунанд. Меҳрубонӣ гарчи оини хуб аст, Меҳрубон бошӣ раҳоят мекунанд!
Бе ранҷу ҷафо соҳиби унвон нашавӣ
Бе ранҷу ҷафо соҳиби унвон нашавӣ, Бар тахт рави вале Сулаймон нашавӣ. Дар асл агар нест Худо дар дили ту, Сад бор ба хаҷ рави мусалмон нашавӣ.
Ман бода хурам валек мастӣ накунам
Ман бода хурам валек мастӣ накунам, Илло ба қадаҳ даром дасти накунам. Дони ғазабам зи майпарастӣ чӣ бувад? То ҳамчу ту хештан парасти накунам.
Ман гиёҳи навбаҳорам шамси тобонам куҷост
Ман гиёҳи навбаҳорам шамси тобонам куҷост? Булбули шӯрида ҳастам боғу бустонам куҷост? Лоласон дар қалби ман доғи гароне хуфтааст. То бишӯяд доғи дил он абри
Дилбаре бо дилбарӣ дил аз кафам дуздиду рафт,
Дилбаре бо дилбарӣ дил аз кафам дуздиду рафт, Ҳарчӣ кардам нола аз дил, сангдил нашниду рафт. Гуфтамаш, эй дилрабо дилбар, зи дил бурдан чӣ суд? Аз таҳи дил бар
З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо
З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо, Н-омад ба ҷуз аз балову ғам ҳосили мо. Афсӯс, ки ҳал нагашт як мушкили мо, Рафтему ҳазор ҳасрат андар дили мо...
Дар олами ҷон ба ҳуш мебояд буд
Дар олами ҷон ба ҳуш мебояд буд, Дар кори ҷаҳон хамӯш мебояд буд. То чашму забону гӯш бар ҷо бошанд, Бе чашму забону гӯш мебояд буд...
Эй воқифи асрори замири ҳама кас
Эй воқифи асрори замири ҳама кас, Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас. Ё раб ту маро тавба диҳу узр пазир, Эй тавбадиҳу узрпазири ҳама кас...
Аз ҳодисаи замони зоянда матарс
Аз ҳодисаи замони зоянда матарс, В-аз ҳар чӣ расад, чу нест поянда, матарс. Ин як дами нақдро ғанимат медон, В-аз рафта маяндешу зи оянда матарс.
Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст
Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст, В-ар хеш хато кунад, бадандеши ман аст. Гар заҳр мувофиқат кунад, тарёк аст, В-ар нӯш мухолифат кунад, неши ман аст.
Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз
Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз, Бозомадае ку, ки хабар гирам боз. Зинҳор дар ин дуроҳаи нозу ниёз, Чизе нагузорӣ, ки намеоӣ боз.
Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем
Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем, То аз кафи андӯҳ шаробе нахӯрем. Ноне назанем дар намак ҳеҷ гаҳе, То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрем.
Эй дӯст, ғами ҷаҳони беҳуда махӯр
Эй дӯст, ғами ҷаҳони беҳуда махӯр, Беҳуда ғами ҷаҳони фарсуда махӯр. Чун буд гузашту нест нобуд падид, Хуш бошу ғами будаву нобуда махӯр.
Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт
Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт: К-аз хоб касеро гули шодӣ нашкуфт, Коре чӣ кунӣ, ки бо аҷал бошад ҷуфт, Май нӯш, ки умрҳо мебояд хуфт.
Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом
Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом, Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром. Моем дар ин гунбади фирӯзарухом, На кофири мутлақ, на мусалмони тамом.
Дунё маталаб, ки дар талаб мемирӣ
Дунё маталаб, ки дар талаб мемирӣ, Аз рӯз макун шиква, ки шаб мемирӣ. Бо оби дари хона қаноат бинамо, Дарё маталаб, ки ташналаб мемирӣ.
Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт
Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт, Андешаи ҷаҳди мо куҷо хоҳад рафт? Пайваста нишастаем дар ҳасрати он-к Дер омадаему зуд мебояд рафт...
Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд
Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд, Ҳар як пайи якдигар якояк бираванд. Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид, Рафтанду равему боз оянду раванд...
Мақсад аз омадани мо талаби дидор аст
Мақсад аз омадани мо талаби дидор аст, Вар-на ин нону намак дар ҳама ҷо бисёр аст. Умр агар хуш гузарад, зиндагии ХИЗР(а) кам аст. Вар-на нохуш гузарад, ними на
Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист
Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист, Дар ҳар варақи китоби худ хоҳам зист. То ҳастаму ҳаст зулму зулмат ба ҷаҳон, Дар хандаи офтоби худ хоҳам зист.
Дар ғариби гашта, гашта ранги зард овардаам,
Дар ғариби гашта, гашта ранги зард овардаам, Ранги зардамро ба пеши аҳли дард овардаам. Ранги зардамро бубину аз хазонам ёд кун, Дар сари қабрам нишину як даме
Рӯзи маргам ҳоҷате бар гиряи бисёр нест
Рӯзи маргам ҳоҷате бар гиряи бисёр нест, Баъди дафнам доду вою нолаҳо даркор нест. Гар надоштам қиммате дар зиндагиям пеши ту, Во дареғо баъди маргам хайри ту д