Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Хазонрезу хазонрезу хазонрез

👁 96

Хазонрезу хазонрезу хазонрез, Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез? Чаро одам надонад қимати умр? Чаро ночиз гардад аз паи чиз?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Баъд аз сари ман ҷаҳон чӣ сон хоҳад буд?

👁 35

Баъд аз сари ман ҷаҳон чӣ сон хоҳад буд? Баъд аз сари ман ҷаҳон ҳамон хоҳад буд. Чашмони ҳазини ман зи ҳар мисраи ман Бар чашми накӯён нигарон хоҳад буд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Имшаб ки дар ин базм ҳама якҷоем

👁 130

Имшаб ки дар ин базм ҳама якҷоем, Аз суҳбати ҳамдигар даме осоем. Ҷамъияти ин базм ғанимат шумарем, То боз кӣ донад, ки куҷо ҷамъ оем?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дардову шигифто, аҷали масхарабоз

👁 26

Дардову шигифто, аҷали масхарабоз, Фарқияти мурдагон намебинад соз, Сад зиндадиле бимираду хок шавад, Дилмурда бурун зи хок мемонад боз.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Рӯзе, ки ба дил муҳаббат оғоз кунӣ

👁 37

Рӯзе, ки ба дил муҳаббат оғоз кунӣ, Бе болу паре ба арш парвоз кунӣ. Дар роҳи нишеби умр шав сарафроз, Пул нест ҷавонӣ, ки пасандоз кунӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

То ном физоӣ, нафси худро кам кун

👁 28

То ном физоӣ, нафси худро кам кун, Одамгарӣ кун, валек бо одам кун. Мегуфт даравгаре ба ман вақти дарав: Чун хӯшаи гандум ба замин сар хам кун.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ӯ кист ҷавон асту ҷавонӣ накунад?

👁 45

Ӯ кист ҷавон асту ҷавонӣ накунад? Бо ҳусни ҷавонӣ дилситонӣ накунад? Ҳар кӣ зи хушиҳои ҷавонӣ дур аст, Беҳтар бувадо, ки зиндагонӣ накунад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Умр аст дарахту мева шодию ғамаш

👁 39

Умр аст дарахту мева шодию ғамаш, Эй сода, чӣ парво кунӣ бар бешу камаш? Он сон ки бихоҳӣ, ончунон зиндагӣ кун, Бар дил набарӣ то ҳама доғу аламаш.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бе ту дили ман барои ман зиндон аст,

👁 37

Бе ту дили ман барои ман зиндон аст, Бе ту сари ман чун ду ҷави арзон аст. Ман зинда ҳанӯз, лек бе будани ту Ин хонаи холӣ ҳамчу гӯристон аст.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй дида ҷаҳон, ҷаҳон надидаст туро

👁 30

Эй дида ҷаҳон, ҷаҳон надидаст туро, Гул чидӣ, вале гуле начидаст туро. Ин қадр ба шуҳрати хато шод мабош, Наққоши замон хато кашидаст туро.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дарёи дилам мавҷзанон мегузарад

👁 27

Дарёи дилам мавҷзанон мегузарад, Аз байни ду соҳили замон мегузарад. Дарёи ту гар ба сӯи баҳре биравад, Дарёи ман аз баҳри ҷаҳон мегузарад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ

👁 34

Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ, Обод кунам, ту боз вайрон созӣ. Бо ин ҳама бозию фиребу найранг, Эй умр, зи ман чӣ гуна инсон созӣ?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биё, эй дӯст, қадри ҳам бидонем

👁 44

Биё, эй дӯст, қадри ҳам бидонем, Ки ҳоло навхату шӯху ҷавонем. Ҷавонӣ чун ниҳоли гул набошад, Ки онро ҳар баҳор аз нав нишонем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Баъд аз сари ман ҷаҳон чӣ сон хоҳад буд?

👁 31

Баъд аз сари ман ҷаҳон чӣ сон хоҳад буд? Баъд аз сари ман ҷаҳон ҳамон хоҳад буд. Чашмони ҳазини ман зи ҳар мисраи ман, Бар чашми накӯён нигарон хоҳад буд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад

👁 16

Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад, Баҳри ту хотирае беш нахоҳам будан. Гар аз он манзараҳо гоҳ-гаҳе ёд кунӣ, Пораи манзарае беш нахоҳам будан.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Маро дар рӯи дунё манзиле буд

👁 39

Маро дар рӯи дунё манзиле буд, Маро аз кишти дунё ҳосиле буд. Ба дарё мезанам дил, то бидонад, Ки андар соҳилаш дарёдиле буд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Гаҳе на ёди хурду хоб кардем

👁 31

Гаҳе на ёди хурду хоб кардем, Ки то рози диле дарёб кардем. Барои ташнагони зиндагонӣ Дили худро шабу рӯз об кардем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Сармаст зи бодаи ҳавову ҳавасем

👁 52

Сармаст зи бодаи ҳавову ҳавасем, Маҳруми якеву бо дигар ҳамнафасем. Имрӯз гузашту мо напурсем чӣ буд, Бар қадри ҷавонӣ вақти пирӣ бирасем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Як мушт зи хоки модари хушназарам

👁 74

Як мушт зи хоки модари хушназарам, Мушти дигаре зи хоки поки падарам Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ватан

👁 435

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост, Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост, Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бар мадфани модарам чу гул бигзорам

👁 41

Бар мадфани модарам чу гул бигзорам, Ман мӯи сафеди хешро бишморам. Чун панҷаи хуршед сарам бинвозад, Аз панҷаи нарми модарам ёд орам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Касе гул кошт, бояд гул бичинад

👁 49

Касе гул кошт, бояд гул бичинад, Касе хун рехт андар хун нишинад. Чунин пастӣ, ки дар Боми ҷаҳон буд, Худоё, душмани тоҷик набинад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дуруд, эй миллати озурдаи ман

👁 39

Дуруд, эй миллати озурдаи ман, Зи таъриху зи худ ғамхурдаи ман. Нахоҳам гуфт пеш аз мурдани дил: Видоъ, эй миллати дилмурдаи ман...

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ку дӯст

👁 69

Ку дӯст, ки қадри ёри ҳамдам донад, Ку ғамзадае, ки қимати ғам донад, Одам зи куҷост, хоки одам зи куҷост, Одам бошад, ки қадри одам донад

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Каломи тоҷик

👁 71

Каломи тоҷик аз дилҳо садо кард, Зи ҳар баргаш ҳазорон маънӣ овард. Биё, эй ҳамватан, қадраш бидонем, Ки ин мерос моро сарбаланд кард.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Саҳифаи 2 аз 3