Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: андешавӣ

Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон
Ҳамаи шоирон803Умари Хайём77Камоли Хуҷандӣ68Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ56Абуалӣ ибни Сино48Абдураҳмони Ҷомӣ45Лоиқ Шералӣ44Зебуннисо Махфӣ43Саъдии Шерозӣ41Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ39Ҳофизи Шерозӣ39Собирова Нигора31Абӯсаиди Абулхайр29Бадриддин Ҳилолӣ22Шоири номаълум22Аскар Ҳаким17Абдулқодири Бедил15Гулчеҳра Сулаймонӣ14Низомии Ганҷавӣ12Абулқосим Лоҳутӣ10Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ9Камолиддин Биноӣ9Ғании Кашмирӣ9Абулқосими Фирдавсӣ8Розиқи Фонӣ7Мирзо Турсунзода5Муҳташами Кошонӣ5Носири Хусрав5Ҳушанги Соя5Садриддин Айнӣ4Толиби Омулӣ4Шавкати Бухороӣ4Амир Хусрави Деҳлавӣ3Гулрухсор Сафӣ3Мавлавӣ Ҷунунӣ3Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ3Саноии Ғазнавӣ3Фаридуддин Аттори Нишопурӣ3Халилуллоҳи Халилӣ3Абдуллоҳи Раҳнамо2Абубакри Абдурасул2Бозор Собир2Меҳровари Масчоҳӣ2Муъмин Қаноат2Низомиддин Убайди Зоконӣ2Толиб Озарахш2Эраҷ Мирзо2Эраҷ Шокирӣ2Юнусова Фаросатхон2Аниса Назарӣ1Асадии Тӯсӣ1Гулназар Келдӣ1Мир Саид Алии Ҳамадонӣ1Низом Қосим1Нимо Юшиҷ1Нуридинзода Аҳмадҷони Хамӯш1Олимов Низомиддин (Назмӣ)1Рашидии Самарқандӣ1Раҳмоналӣ Мирализода1Робиаи Балхӣ1Сайфуддини Исфарангӣ1Сармад1Шамси Табрезӣ1Шарифҷон Махдум Садри Зиё1Ҳусайн Воизи Кошифӣ1

Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ

👁 34

Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ, Обод кунам, ту боз вайрон созӣ. Бо ин ҳама бозию фиребу найранг, Эй умр, зи ман чӣ гуна инсон созӣ?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дар лобалои кулли бало зиндаам ҳанӯз

👁 40

Дар лобалои кулли бало зиндаам ҳанӯз, Бо душманони дӯстнамо зиндаам ҳанӯз. Озодии батар зи ҷазоро надидаед? Озоди мубталои ҷазо зиндаам ҳанӯз.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад,

👁 46

Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад, Бимон, дар чашмҳои ту ҷавониям ҷавон монад. Ту бо он ҳусни оламгир аз олам чӣ мехоҳӣ? Бимон, дар шеъри ман аз да

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад

👁 16

Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад, Баҳри ту хотирае беш нахоҳам будан. Гар аз он манзараҳо гоҳ-гаҳе ёд кунӣ, Пораи манзарае беш нахоҳам будан.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Маро дар рӯи дунё манзиле буд

👁 39

Маро дар рӯи дунё манзиле буд, Маро аз кишти дунё ҳосиле буд. Ба дарё мезанам дил, то бидонад, Ки андар соҳилаш дарёдиле буд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Гаҳе на ёди хурду хоб кардем

👁 31

Гаҳе на ёди хурду хоб кардем, Ки то рози диле дарёб кардем. Барои ташнагони зиндагонӣ Дили худро шабу рӯз об кардем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дарде намекушад маро, бедардӣ мекушад

👁 28

Дарде намекушад маро, бедардӣ мекушад. Мардӣ намекушад маро, номардӣ мекушад...

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Имрӯз агар он табу он сӯзи дилам нест

👁 62

Имрӯз агар он табу он сӯзи дилам нест, З-он аст, ки ғамхораву дилсӯзи дилам нест. Ин соату ин лаҳзаю ин они гурезон Ҳар рӯзи худо ҳаст, вале рӯзи дилам нест.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Сармаст зи бодаи ҳавову ҳавасем

👁 53

Сармаст зи бодаи ҳавову ҳавасем, Маҳруми якеву бо дигар ҳамнафасем. Имрӯз гузашту мо напурсем чӣ буд, Бар қадри ҷавонӣ вақти пирӣ бирасем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Деҳқон

👁 51

Рӯйи дастархонат, эй деҳқон, зи неъмат бод пур, Хонадонат аз фароғат, аз ҳаловат бод пур.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Як мушт зи хоки модари хушназарам

👁 74

Як мушт зи хоки модари хушназарам, Мушти дигаре зи хоки поки падарам Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Зинда бош, эй чашмаи илҳоми ман

👁 36

Зинда бош, эй чашмаи илҳоми ман, Халқи ман, эй асли нангу номи ман. Бахти сабзу рӯи сурху чашми сер, Обрӯю иззату икроми ман.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дуруд, эй миллати озурдаи ман

👁 39

Дуруд, эй миллати озурдаи ман, Зи таъриху зи худ ғамхурдаи ман. Нахоҳам гуфт пеш аз мурдани дил: Видоъ, эй миллати дилмурдаи ман...

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Парво макун, азизи ман, к-ин дил барои туст

👁 100

Парво макун, азизи ман, к-ин дил барои туст, Гӯянд гарчи носазо, танҳо сазои туст. Дар кӯчаҳои танг туро ёд мекунам, Ҳар ҷо, ки пой мениҳам, овози пои туст.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Маро дигар намеёбӣ

👁 75

Агар сад сол ҳам ҷӯӣ, маро дигар намеёбӣ, Шабу рӯзон худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ. Ба роҳи ман чу пойандози махмал ҳар саҳаргоҳе Ба сони сабза ҳам рӯӣ, маро диг

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ку дӯст

👁 69

Ку дӯст, ки қадри ёри ҳамдам донад, Ку ғамзадае, ки қимати ғам донад, Одам зи куҷост, хоки одам зи куҷост, Одам бошад, ки қадри одам донад

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Куҷост?

👁 50

Одамон бисёр, аммо якдилу якрӯ куҷост? Шоирон афзун, валекин шоири ҳақгӯ куҷост? Ҳар ки дилро об созад, бар сараш резанд об, Обрӯе, ки диҳӣ руҷҳон ба оби ҷӯ куҷ

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дар хоб бинам

👁 54

Ҳар шабе дар хоб бинам тарҳи симои туро, Пеши чашм орам саҳаргаҳ чашми дарёи туро. Аз раҳе, ки чида-чида пой бигзорӣ, ба дил Чида-чида бигзарам нақши қадамҳои т

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аз худ биравед

👁 122

Аз худ биравед, то ба олам бирасед, Аз худ гузаред, то ба одам бирасед. Ҳар хандаи баъди гиря кони садаф аст, Эй бедардон, ба қимати ғам бирасед.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Саҳифаи 2 аз 2