Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: иҷтимоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «иҷтимоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Рӯзгорест, ки савдои бутон дини ман аст

👁 16

Рӯзгорест, ки савдои бутон дини ман аст, Ғами ин кор нишоти дили ғамгини ман аст. Дидани рӯи туро дидаи ҷонбин бояд В-ин куҷо мартабаи чашми ҷаҳонбини ман аст?

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Эй ёри замин, ошиқи гардун ҳам бош

👁 24

Эй ёри замин, ошиқи гардун ҳам бош, Якранг ту чандӣ, ки дигаргун ҳам бош! Хоҳӣ, ки хирад бувад мададгор туро, Суқротӣ агар, як зар(р)а Маҷнун ҳам бош!

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Ҳикояти ҳуққабози моҳир ва либоси ноаёни ӯ

👁 13

Ҳуққабозе чира дар сомони Шарқ Буд дар баҳри фиреби халқ ғарқ. Тездасту чобуку ҳушёр буд, Хушбаёну пухта дар гуфтор буд.

Раҳмоналӣ Мирализода
Раҳмоналӣ Мирализода

Нур роҳи зиндагиро раҳбар аст

👁 21

Нур роҳи зиндагиро раҳбар аст, Неъмати олӣ, атои акбар аст. Бахшишу эҳсони раббонист нур, Маншаи хайру фаровонист нур.

Раҳмоналӣ Мирализода
Раҳмоналӣ Мирализода

Бораи кӯҳ пайкари Яғноб

👁 31

Бораи кӯҳ пайкари Яғноб, Лолаи дашт соғари Яғноб, Бӯйи ҳулбӯ ба мушк мебезанд, Дар фазои муаттари Яғноб.

Абдуллоҳи Раҳнамо
Абдуллоҳи Раҳнамо

Достони пири хиштзан

👁 24

Дар тарафи Шом яке пир буд, Чун парӣ аз халқ тарафгир буд. Пираҳани худ зи гиё бофтӣ, Хишт задӣ, рӯзӣ аз он ёфтӣ.

Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Ҳикоёти Сулаймон бо деҳқон

👁 24

Рӯзе аз он ҷо, ки фароғӣ расид, Боди Сулаймон ба чароғе расид. Мамлакаташ рахт ба саҳро ниҳод, Тахт бар ин тахтаи мино ниҳод.

Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Ҳикояти Нӯшервон бо вазири худ

👁 29

Сайдкунон маркаби Нӯширвон Дур шуд аз кавкабаи хусравон. Мунис хусрав шуда дастур бас, Хусраву дастур дигар ҳеч кас.

Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ,

👁 96

Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ, Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд. Ҳар куҷо ки буд Турсунзода Мирзо, халқ буд, Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсун

Бозор Собир
Бозор Собир

Чун ниҳод, Мирзои Турсунзода бар Ашт, пои худ

👁 17

Чун ниҳод, Мирзои Турсунзода бар Ашт, пои худ, Баҳри истиқболи шоир, хест халқ аз ҷои худ, Хонда ҳар як шеъри ӯ бо шеваи буррои худ, Шодӣ мекарданд ҳама з-ин бу

Ш
Шоири номаълум

Ин бӯи рӯҳпарвар аз он хӯи дилбар аст

👁 18

Ин бӯи рӯҳпарвар аз он хӯи дилбар аст, В-ин оби зиндагонӣ аз он ҳавзи Кавсар аст. Эй боди бӯстон, магарат нофа дар миён, В-эй мурғи ошно, магарат нома дар пар а

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ин туӣ ё сарви бустонӣ ба рафтор омадаст?

👁 18

Ин туӣ ё сарви бустонӣ ба рафтор омадаст? Ё малак дар сурати мардум ба гуфтор омадаст? Он парӣ, к-аз халқ пинҳон буд чандин рӯзгор, Боз мебинам, ки дар олам пад

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дигар нашунидем чунин фитна, ки бархост

👁 17

Дигар нашунидем чунин фитна, ки бархост, Аз хона бурун омаду бозор биёрост. Дар ваҳм нагунҷад, ки чӣ дилбанду чӣ ширин, Дар васф наёяд, ки чӣ матбӯъу чӣ зебост.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Хуш меравад ин писар, ки бархост

👁 24

Хуш меравад ин писар, ки бархост, Сарвест, чунин ки меравад рост. Абрӯш камони қатли ошиқ, Гесӯш каманди ақли доност.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чун набуд дидаваре, ҳақназаре дар бари халқ

👁 32

Чун набуд дидаваре, ҳақназаре дар бари халқ, Барфу борони бало рехт ба фарқи сари халқ. Сангдил баски фузун буд дар ин сангистон, Дили санг об шуд аз оҳи дили м

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад

👁 71

Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад, Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад. Мард он, ки сари кулла чу ҳамхонаи Хуршед, Аз қисмати худ розию саршор бимирад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Пашшае дар истакон омад фурӯд

👁 19

Пашшае дар истакон омад фурӯд, То бинӯшад ончи вопас монда буд. Кӯдаке аз шайтанат-бозӣ кунон, Баст бо дасташ даҳони истакон!

Ш
Шоири номаълум

Набинӣ дар амал ҷуз бандагӣ суд

👁 34

Набинӣ дар амал ҷуз бандагӣ суд, Ҳусули ду ҷаҳон дар амри Маъбуд. Ба кӯҳи Тур рӯзе рафт Мӯсо, Барои рози дил бо Ҳақ таоло.

М
Мавлавӣ Ҷунунӣ

Зинда бош эй Ватан

👁 41

Диёри арҷуманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод, Саодати ту, давлати ту бегазанд бод. Зи дурии замонаҳо расидаем,

Гулназар Келдӣ
Гулназар Келдӣ

Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт

👁 23

Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт, Андешаи ҷаҳди мо куҷо хоҳад рафт? Пайваста нишастаем дар ҳасрати он-к Дер омадаему зуд мебояд рафт...

Умари Хайём
Умари Хайём

Рафтам ба беморхона

👁 25

Андаке шудам бемор, Гуфтам намеравам кор. Ба сӯйи беморхона, Саҳар шудам раҳсипор.

Бону Саида Муҳидинзода
Бону Саида Муҳидинзода

Барои Муъмин Қаноат

👁 45

Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав, Ҳамчу тифли инқилоб Бо саволу бо ҷавобу бо хитоб. Захмҳои пушти Айнӣ сатрҳои ӯ шуданд,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд

👁 82

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд, Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд. Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад, Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад

Бозор Собир
Бозор Собир

Лоиқ намеояд дигар.

👁 185

Дар ин замин монанди ман Ошиқ намеояд дигар, Биншин ба рӯи чашми ман, Лоиқ намеояд дигар.

Бозор Собир
Бозор Собир

Дарвозаи Бухоро

👁 54

Як замон шаҳри Бухоро дошт девори баланд, Гуфтӣ, устунмуҳраи пушти Бухоро буд, Балки устунмуҳраи миллат, - Сахт маҳкам,

Бозор Собир
Бозор Собир
Саҳифаи 3 аз 4