Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: иҷтимоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «иҷтимоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ҳамебароям бо он ки барнаёяд халқ

👁 23

Ҳамебароям бо он ки барнаёяд халқ, Ва барнаёям бо рӯзгори хурдагурез. Чу фазли мир Абулфазл бар ҳама маликон, Чу фазли гавҳару ёқут бар набахра пашиз.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ройи вазирон туро ба кор наёяд

👁 26

Ройи вазирон туро ба кор наёяд, Ҳар чӣ савоб аст, бахт худ фармояд. Чарх наёрад бадили ту зи халоиқ, В-он ки туро зод, низ чун ту назояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Кор ҳама рост, ончунон ки бибояд

👁 25

Кор ҳама рост, ончунон ки бибояд, Ҳоли шодист, шод бошӣ, шояд. Андуҳу андешаро дароз чӣ дорӣ? Давлати ту худ ҳамон кунад, ки бибояд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Шикоят аз пирӣ

👁 103

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар киро бо ту кор даргирад

👁 13

Ҳар киро бо ту кор даргирад, Баҳра аз рӯзгор баргирад. Ба сухан лаб зи ҳам чу бикшоӣ, Ҳама рӯйи замин шакар гирад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро

👁 82

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро, Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро. Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ, Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба Ҳақ нолам зи ҳаҷри дӯст зоро

👁 50

Ба Ҳақ нолам зи ҳаҷри дӯст зоро, Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро. Қазо гар доди ман настонад аз ту, Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ