Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба Ҳақ нолам зи ҳаҷри дӯст зоро

Ба Ҳақ нолам зи ҳаҷри дӯст зоро, Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро. Қазо гар доди ман настонад аз ту, Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро. Чу ориз барфурӯзӣ, мебисӯзад Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро. Нагунҷам дар лаҳад, гар з-он ки лаҳте Нишинӣ бар мазорам сугворо. Ҷаҳон ин асту чунин аст то буд, Ва ҳамчунин бувад ин андаборо! Ба як гардиш ба шоҳаншоҳӣ орад, Диҳад дайҳиму тоҷу гӯшворо. Тушон зери замин фарсуда кардӣ, Замин дода мар эшонро зағоро Аз он ҷом — боз лаҳте хуни раз деҳ, Сипарда зери пой андар сипоро!