Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Сирка аз дастранҷи хешу тара
Сирка аз дастранҷи хешу тара, Беҳтар аз нони деҳхудову бара!
Пеши дарвешон бувад хунат мубоҳ
Пеши дарвешон бувад хунат мубоҳ, Гар набошад дар миён молат сабил. Ё марав бо ёри азрақпираҳан, Ё бикаш бар хонумон ангушти нил!
Эй ба номус карда ҷома сапед
Эй ба номус карда ҷома сапед, Баҳри пиндори халқу нома сиёҳ! Даст кӯтоҳ бояд аз дунё, Остин хуҳ дарозу хуҳ кӯтоҳ!
Занбӯри дурушти бемурувватро гӯй
Занбӯри дурушти бемурувватро гӯй: «Боре, чу асал намедиҳӣ, неш мазан!»
Сарҳанги латифхӯйи дилдор
Сарҳанги латифхӯйи дилдор, Беҳтар зи фақеҳи мардумозор!
Ало, то нахоҳӣ бало бар ҳасуд
Ало, то нахоҳӣ бало бар ҳасуд, Ки он бахтбаргашта худ дар балост! Чӣ ҳоҷат, ки бо ӯ кунӣ душманӣ, Ки ӯро чунин душмане дар қафост?!
Мардаке хушкмағзро дидам
Мардаке хушкмағзро дидам, Рафта дар пӯстини соҳибҷоҳ. Гуфтам, ай хоҷа, гар ту бадбахтӣ, Мурдуми некбахтро чӣ гуноҳ?
Ҳар киро ҷоҳу давлат асту бад-он
Ҳар киро ҷоҳу давлат асту бад-он Хотире хаста дарнахоҳад ёфт. Хабараш деҳ, ки ҳич давлату ҷоҳ Ба саройи дигар нахоҳад ёфт.
Мискин ҳарис дар ҳама олам ҳамеравад
Мискин ҳарис дар ҳама олам ҳамеравад, Ӯ дар қафои ризқу аҷал дар қафои ӯ!
Шунидаӣ, ки Сикандар бирафт то зулумот
Шунидаӣ, ки Сикандар бирафт то зулумот, Ба чанд меҳнату хӯрд, он ки хӯрд оби ҳаёт.
Ҷаҳди ризқ ар кунӣ в-агар накунӣ
Ҷаҳди ризқ ар кунӣ в-агар накунӣ, Бирасонад Худой, азза ва ҷалл. В-ар равӣ дар даҳони шеру паланг, Нахӯрандат магар ба рӯзи аҷал!
Қазо дигар нашавад, в-ар ҳазор нолаву оҳ
Қазо дигар нашавад, в-ар ҳазор нолаву оҳ, Ба куфр ё ба шикоят барояд аз даҳане. Фариштае, ки вакил аст бар хазоини бод, Чӣ ғам хурад, ки бимирад чароғи пирзане!
Харе, ки бинию боре ба гил даруфтода
Харе, ки бинию боре ба гил даруфтода, Ба дил бар ӯ шафақат кун, вале марав ба сараш! Кунун, ки рафтию пурсидияш, ки чун уфтод, Миён бубанду чу мардон бигир думб
Эй, ки бар маркаби тозанда саворӣ, ҳуш дор
Эй, ки бар маркаби тозанда саворӣ, ҳуш дор, Ки хари хоркаши мискин дар обу гил аст. Оташ аз хонаи ҳамсояи дарвеш махоҳ, К-он чӣ бар равзани ӯ мегузарад, дуди ди
Он, ки дар роҳату танаъъум зист
Он, ки дар роҳату танаъъум зист, Ӯ чӣ донад, ки ҳоли гурсуна чист?! Ҳоли дармондагон касе донад, Ки ба аҳволи хеш дармонад!
Имрӯз думарда беш гирад миркан
Имрӯз думарда беш гирад миркан, Фардо гӯяд: «Турбе аз ин ҷо баркан!»
Вомаш мадеҳ, он, ки бенамоз аст
Вомаш мадеҳ, он, ки бенамоз аст, Гарчи даҳанаш зи фоқа боз аст! К-ӯ фарзи Худо намегузорад, Аз қарзи ту низ ғам надорад!
Ба қавли душман паймони дӯст бишкастӣ
Ба қавли душман паймони дӯст бишкастӣ, Бибин, ки аз кӣ буридию бо кӣ пайвастӣ?!
Оми нодони парешонрӯзгор
Оми нодони парешонрӯзгор, Беҳ зи донишманди нопарҳезгор, К-он ба нобиноӣ аз роҳ уфтод, В-ин ду чашмаш буду дар чоҳ уфтод!
Чу бо сифла гӯйӣ ба лутфу хушӣ
Чу бо сифла гӯйӣ ба лутфу хушӣ, Фузун гардадаш кибру гарданкашӣ.
Андак-андак ба ҳам шавад бисёр
Андак-андак ба ҳам шавад бисёр, Дона-дона-ст ғалла дар анбор!
Обид, ки на аз баҳри Худо гӯша нишинад
Обид, ки на аз баҳри Худо гӯша нишинад, Бечора дар ойинаи торик чӣ бинад?!
Тамиз бояду тадбиру ақлу он гаҳ мулк
Тамиз бояду тадбиру ақлу он гаҳ мулк, Ки мулку давлати нодон силоҳи ҷанги Худост!
Санге ба чанд сол шавад лаълпорае
Санге ба чанд сол шавад лаълпорае, Зинҳор то ба як нафасаш нашканӣ ба санг.
Олим андар миёни ҷоҳилро
Олим андар миёни ҷоҳилро Масале гуфтаанд сиддиқон. «Шоҳиде дар миёни кӯрон аст, Мусҳафе дар саройи зиндиқон!»

