Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Умре зи пайи мурод зоеъ дорам
Умре зи пайи мурод зоеъ дорам В-аз даври фалак чист, ки нофеъ дорам? Бо ҳар кӣ бигуфтам, ки туро дӯст шудам, Шуд душмани ман, ваҳ, ки чӣ толеъ дорам!
Дар орзуи бӯсу канорат мурдам
Дар орзуи бӯсу канорат мурдам В-аз ҳасрати лаъли обдорат мурдам, Қисса накунам дароз, кӯтоҳ кунам, Боз о, боз о, к-аз интизорат мурдам!
Лаб бозмагир як замон аз лаби ҷом
Лаб бозмагир як замон аз лаби ҷом, То бистонӣ коми ҷаҳон аз лаби ҷом. Дар ҷоми ҷаҳон чу талху ширин ба ҳам аст, Ин аз лаби ёр хоҳу он аз лаби ҷом.
Дар боғ чу шуд боди сабо дояи гул
Дар боғ чу шуд боди сабо дояи гул, Барбаст машотавор пирояи гул. Аз соя ба хуршед агарат ҳаст амон, Хуршедрухе талаб куну сояи гул.
Моҳе, ки назир худ надорад ба ҷамол
Моҳе, ки назир худ надорад ба ҷамол, Чун ҷома зи тан баркашад он мушкинхол, Дар сина дилаш зи нозукӣ битвон дид, Монандаи санги хора дар оби зулол.
Эй дӯст, дил аз ҷафои душман даркаш
Эй дӯст, дил аз ҷафои душман даркаш, Бо рӯи накӯ шароби равшан даркаш! Бо аҳли ҳунар гӯйи гиребон бикушо В-аз ноаҳлон тамом доман даркаш!
Чашми ту, ки сеҳри Бобил аст устодаш
Чашми ту, ки сеҳри Бобил аст устодаш, Ё Раб, ки фусунҳо биравод аз ёдаш! Он гӯш, ки ҳалқа кард дар гӯши ҷамол, Овезаи дур зи назми Ҳофиз бодаш!
Мардӣ зи канандаи дари Хайбар пурс
Мардӣ зи канандаи дари Хайбар пурс, Асрори карам зи хоҷаи Қанбар пурс. Гар толиби файзи ҳақ ба сидқӣ, Ҳофиз, Сарчашмаи он зи соқии Кавсар пурс!
Дар сунбулаш овехтам аз рӯйи ниёз
Дар сунбулаш овехтам аз рӯйи ниёз, Гуфтам: — Мани савдозадаро кор бисоз! Гуфто, ки: — Лабам бигиру зулфам бигузор, Дар айши хуш овез, на дар умри дароз.
Ишқи рухи ёр бар мани зор магир
Ишқи рухи ёр бар мани зор магир, Бар хастадилони ринди хаммор магир. Сӯфӣ, чу ту расми раҳравон медонӣ, Бар мардуми ринд нукта бисёр магир!
Селоб гирифт гирди вайронаи умр
Селоб гирифт гирди вайронаи умр В-оғози пурӣ ниҳод паймонаи умр. Бедор шав, эй хоҷа, ки хуш-хуш бикашад Ҳаммоли замона рахт аз хонаи умр.
Хубони ҷаҳон сайд тавон кард ба зар
Хубони ҷаҳон сайд тавон кард ба зар, Хуш-хуш бар аз эшон битавон хӯрд ба зар. Наргис, ки кулаҳдори ҷаҳон аст, бибин, К-ӯ низ чӣ гуна сар даровард ба зар.
Айёми шабоб аст, шароб авлотар
Айёми шабоб аст, шароб авлотар. Бо сабзхатон бодаи ноб авлотар. Олам ҳама сар ба сар работест хароб, Дар ҷои хароб ҳам хароб авлотар.
Аз чарх ба ҳар гуна ҳамедор умед
Аз чарх ба ҳар гуна ҳамедор умед, В-аз гардиши рӯзгор меларз чу бед. Гуфтӣ, ки «Пас аз сиёҳ ранге набувад!» Пас, мӯйи сиёҳи ман чаро гашт сафед?
Ин гул зи бари ҳамнафасе меояд
Ин гул зи бари ҳамнафасе меояд, Шодӣ ба дилам аз ӯ басе меояд. Пайваста аз он рӯй кунам ҳамдамияш, К-аз ранги ваям бӯйи касе меояд.
Бо май ба канори ҷӯй мебояд буд
Бо май ба канори ҷӯй мебояд буд, В-аз ғусса канораҷӯй мебояд буд. Ин муддати умри мо чу гул даҳ рӯз аст, Хандонлабу тозарӯй мебояд буд.
Чун ғунчаи гул қаробапардоз шавад
Чун ғунчаи гул қаробапардоз шавад, Наргис ба ҳавои май қадаҳсоз шавад. Фориғ дили он касе, ки монанди хубоб Ҳам дар сари майхона сарандоз шавад.
Ҳар дӯст, ки дам зад зи вафо, душман шуд
Ҳар дӯст, ки дам зад зи вафо, душман шуд, Ҳар покраве, ки буд, тардоман шуд. Гӯянд шаб обистану ин аст аҷаб, К-ӯ мард надид, аз чӣ обистан шуд?
Не давлати дунё ба ситам меарзад
Не давлати дунё ба ситам меарзад, Не лаззати мастияш алам меарзад. На ҳафтҳазорсола шодии ҷаҳон Ин меҳнати ҳафтрӯза ғам меарзад.
Аввал ба вафо майи висолам дардод
Аввал ба вафо майи висолам дардод, Чун маст шудам, ҷоми ҷафоро сар дод. Пуроб ду дидаву пур аз оташ дил, Хоки раҳи ӯ шудам, ба бодам бардод.
Баргир шароби тарабангезу биё
Баргир шароби тарабангезу биё, Пинҳон зи рақиби сафла бистезу биё! Машнав сухани хасм, ки биншину марав, Бишнав зи ман ин нукта, ки бархезу биё!
Ҷуз нақши ту дар назар наёмад моро
Ҷуз нақши ту дар назар наёмад моро, Ҷуз кӯйи ту раҳгузар наёмад моро. Хоб арчи хуш омад ҳамаро дар дида, Ҳаққо, ки ба чашм дарнаёмад моро.
Подшоҳо, лашкари тавфиқ ҳамроҳи туанд
Қитъаи шумораи 34 Подшоҳо, лашкари тавфиқ ҳамроҳи туанд, Хез, агар бар азми тасхири ҷаҳон раҳ мекунӣ! Бо чунин ҷоҳу ҷалол аз пешгоҳи салтанат
Соқиё, бода, ки иксири ҳаёт аст, биёр
Қитъаи шумораи 33 Соқиё, бода, ки иксири ҳаёт аст, биёр, То тани хокии ман айни бақо гардонӣ. Чашм бар даври қадаҳ дораму ҷон бар кафи даст,
Хусраво, додгаро, шердило, баҳркафо
Қитъаи шумораи 32 Хусраво, додгаро, шердило, баҳркафо, Эй ҷалоли ту ба анвоъи ҳунар арзонӣ! Ҳама офоқ гирифту ҳама атроф кушод

