Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Чу бо мо ёри мо имрӯз ҷуфт аст
Чу бо мо ёри мо имрӯз ҷуфт аст, Бигӯям, он чи ҳаргиз кас нагуфтаст! Ҳама мастанд ин ҷо, маҳрамонанд, Маяндеш аз касе, ғаммоз хуфтаст!
Бигӯ, ай ёри ҳамроз, ин чи шева-ст?!
Бигӯ, ай ёри ҳамроз, ин чи шева-ст?! Дигаргун гаштайӣ боз, ин чи шева-ст? Аҷаб, ай турки хушранг, ин чи ранг аст?! Аҷаб, ай чашми ғаммоз, ин чи шева-ст?!
Он нафасе, ки бо худӣ, ёр чу хор оядат
Он нафасе, ки бо худӣ, ёр чу хор оядат, В-он нафасе, ки бе худӣ, ёр чи кор оядат?! Он нафасе, ки бо худӣ, худ ту шикори пашшайӣ, В-он нафасе, ки бе худӣ, пил ши
Чашмҳо во намешавад аз хоб
Чашмҳо во намешавад аз хоб, Чашм бикшову ҷамъро дарёб! Бингар, охир, ки беқарор шудаст Чашм дар чашмхона чун симоб!
Рубоб мушриби ишқ асту мӯниси асҳоб
Рубоб мушриби ишқ асту мӯниси асҳоб, Ки абрро арабон ном кардаанд рубоб! Чунон ки абр сақои гулу гулистон аст, Рубоб қути замир асту соқии албоб!
Ба ҷони ту, ки марав аз миёни кор, махусб
Ба ҷони ту, ки марав аз миёни кор, махусб, Зи умр як шаб кам гиру зинда дор, махусб! Ҳазор шаб ту барои ҳавои худ хуфтӣ, Яке шабе, чӣ шавад, аз барои ёр махусб!
Бозомад он шаҳе, ки надидаш фалак ба хоб
Бозомад он шаҳе, ки надидаш фалак ба хоб, Овард оташе, ки намирад ба ҳеч об! Бингар ба хонаи ману бингар ба хони ман, Аз ҷоми ишқи ӯ шуда ин масту он хароб!
Кори ҳама муҳиббон ҳамчун зар аст имшаб
Кори ҳама муҳиббон ҳамчун зар аст имшаб, Ҷони ҳама ҳасудон кӯру кар аст имша! Дарёи ҳусни Эзад чун мавҷ мехиромад, Хоки раҳ аз қудумаш чун анбар аст имшаб!
Овоз дод ахтар: «Бас равшан аст имшаб!»
Овоз дод ахтар: «Бас равшан аст имшаб!», Гуфтам ситорагонро: «Маҳ бо ман аст имшаб!» Баррав ба боми боло аз баҳри ассалоро, Гулчиданаст имшаб, майхрдан аст имша
Дар ҳавоят беқарорам рӯзу шаб
Дар ҳавоят беқарорам рӯзу шаб, Сар зи поят барнадорам рӯзу шаб! Рӯзу шабро ҳамчу худ Маҷнун кунам, Рӯзу шабро кай гузорам рӯзу шаб?!
Ку ҳама лутф, ки дар рӯйи ту дидам ҳама шаб?!
Ку ҳама лутф, ки дар рӯйи ту дидам ҳама шаб?! В-он ҳадиси чу шакар аз ту шунидам ҳама шаб?! Гарчи аз шамъи ту месӯхт чу парвона дилам, Гирди шамъи рухи хуби ту
Оҳ аз ин зиштон, ки маҳрӯ менамоянд аз ниқоб
Оҳ аз ин зиштон, ки маҳрӯ менамоянд аз ниқоб, Аз дарунсӯ коҳтобу аз бурунсӯ моҳтоб! Чанги Даҷҷол аз даруну ранги абдол аз бурун, Доми дуздон дар замиру рамзи шо
Ай дар ғами ту ба сӯзу ёраб
Ай дар ғами ту ба сӯзу ёраб Бигрӣста осмон ҳама шаб! Гар чарх бигиряду бихандад, Он ҷазбаи хок бошад ағлаб!
Гар ҳамчу ман афтодаи ин дом шавӣ
Гар ҳамчу ман афтодаи ин дом шавӣ, Эй бас, ки хароби бодаву ҷом шавӣ, Мо ошиқу ринду масту оламсӯзем, Бо мо манишин, агарна бадном шавӣ!
Эй кош, ки бахт созгорӣ кардӣ
Эй кош, ки бахт созгорӣ кардӣ, Бо ҷаври замона ёр ёрӣ кардӣ. Аз дасти ҷавониям чу бирбуд инон, Пирӣ чу рикоб пойдорӣ кардӣ!
Қассоми биҳишту дӯзах, он уқдакушой
Қассоми биҳишту дӯзах, он уқдакушой Моро нагузорад, ки дароем зи пой. То кай бувад ин гурграбоӣ, бинамой, Сарпанҷаи душман афган, эй шери Худой!
Бо шоҳиди шӯхи шангу бо барбату най
Бо шоҳиди шӯхи шангу бо барбату най Кунҷею фароғатею як шишаи май. Чун гарм шавад зи бода моро рагу пай, Миннат набарем як ҷав аз Ҳотами Тай!
Он ҷоми тарабшикор бар дастам неҳ
Он ҷоми тарабшикор бар дастам неҳ В-он соғари чун нигор бар дастам неҳ. Он май, ки чу занҷир бипечад бар худ, Девона шудам, биёр, бар дастам неҳ!
Гуфтӣ, ки «Туро шавам, мадор андеша
Гуфтӣ, ки «Туро шавам, мадор андеша, Дил хуш куну бар сабр гумор андеша!» Ку сабру чӣ дил, к-он чи дилаш мехонанд, Як қатраи хун асту ҳазор андеша!
Эй сояи сунбулат суманпарварда
Эй сояи сунбулат суманпарварда, Ёқути лабат дурри Адан парварда! Ҳамчун лаби худ мудом ҷон мепарвар З-он роҳ, ки рӯҳест ба тан парварда.
Эй бод, ҳадиси ман ниҳонаш мегӯ!
Эй бод, ҳадиси ман ниҳонаш мегӯ! Сирри дили ман ба сад забонаш мегӯ! Мегӯ на бад-он сон ки малолаш гирад, Мегӯ суханею дар миёнаш мегӯ!
Чашмат, ки фусуну ранг меборад аз ӯ
Чашмат, ки фусуну ранг меборад аз ӯ, Афсӯс, ки тири ҷанг меборад аз ӯ. Бас зуд малул гаштӣ аз ҳамнафасон, Оҳ аз дили ту, ки санг меборад аз ӯ!
Эй шармзада ғунчаи мастур аз ту
Эй шармзада ғунчаи мастур аз ту, Ҳайрону хаҷил наргиси махмур аз ту! Гул бо ту баробарӣ куҷо ёрад кард, К-ӯ нур зи маҳ дораду маҳ нур аз ту!
Чун бода зи ғам чӣ боядат ҷӯшидан
Чун бода зи ғам чӣ боядат ҷӯшидан, Бо лашкари ғам чӣ боядат кӯшидан? Сабз аст лабат, соғар аз ӯ дур модар, Май бар лаби сабза хуш бувад нӯшидан.
Ман ҳосили умри худ надорам ҷуз ғам
Ман ҳосили умри худ надорам ҷуз ғам, Дар ишқ зи неку бад надорам ҷуз ғам. Як ҳамдами бевафо надидам ҷуз дард, Як мӯниси номзад надорам ҷуз ғам.

