Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Он ки чунон меравад, ай аҷаб, ӯ ҷони кист?!
Он ки чунон меравад, ай аҷаб, ӯ ҷони кист?! Сахт равон меравад, сарви хиромони кист?! Ҳалқаи он ҷаъди ӯ силсилаи пойи кист?! Зулфи чалиповашаш офати имони кист?
Боз даромад ба базм маҷлисиён дӯст, дӯст
Боз даромад ба базм маҷлисиён дӯст, дӯст, Гарчи ғалат медиҳад, нест ғалат, ӯст, ӯст! Гоҳ хуши хуш шавад, гаҳ ҳама оташ шавад, Таъбияҳои аҷаб ёри маро хӯст, хӯст
Кор надорам ҷуз ин, коргаҳу корам ӯст
Кор надорам ҷуз ин, коргаҳу корам ӯст, Лоф занам, лоф, лоф, чунки харидорам ӯст! Тӯтии гӯё шудам, чун шакаристонам ӯст, Булбули бӯё шудам, чун гулу гулзорам ӯст
Навбати васлу лиқост, навбати ҳашру бақост
Навбати васлу лиқост, навбати ҳашру бақост, Навбати лутфу атост, баҳри сафо дар сафост! Дурҷи ато шуд падид, ғурраи дарё расид, Субҳи саъодат дамид, субҳ чӣ, ну
Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чап ва рост
Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чап ва рост, Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?! Мо ба фалак будаем, ёри малак будаем, Боз ҳамон ҷо равем ҷумла, ки он шаҳр
Шоҳ кушодаст рӯ, дидаи шаҳбин кирост?!
Шоҳ кушодаст рӯ, дидаи шаҳбин кирост?! Бодаи гулгуни шаҳ бар гулу насрин кирост?! Шоҳ дар ин дам ба базм пойи тараб дарниҳод, Бар сари зонуи шаҳ такяву болин ки
Моро канор гир, туро худ канор нест
Моро канор гир, туро худ канор нест, Ошиқ навохтан, ба Худо, ҳеч ор нест! Беҳадду беканорӣ, н-ойӣ ту дар канор, Ай баҳри беамон, ки туро зинҳор нест!
Соқиву сирдиҳе зи лаби ёрам орзуст
Соқиву сирдиҳе зи лаби ёрам орзуст, Бадмастие зи наргиси хамморам орзуст! Ҳиндуи турраат чи расанбоз лӯлиест, Лӯлигарии турраи таррорам орзуст!
Пинҳон машав, ки рӯйи ту бар мо муборак аст
Пинҳон машав, ки рӯйи ту бар мо муборак аст, Наззораи ту бар ҳама ҷонҳо муборак аст! Як лаҳза соя аз сари мо дуртар макун, Донистайӣ, ки сояи анқо муборак аст?!
Аз бомдод рӯйи ту дидан ҳаёти мост
Аз бомдод рӯйи ту дидан ҳаёти мост, Имрӯз рӯйи хуби ту, ёраб, чи дилрабост?! Имрӯз дар ҷамоли ту худ лутфи дигар аст, Имрӯз ҳар чи ошиқи шайдо кунад, сазост!
Ҷоно, ҷамоли рӯҳ басе хубу бофар аст
Ҷоно, ҷамоли рӯҳ басе хубу бофар аст. Лекин ҷамолу ҳусни ту худ чизи дигар аст! Ай он, ки солҳо сифати рӯҳ мекунӣ, Бинмой як сифат, ки ба зоташ баробар аст!
Ай гул, туро агарчи ки рухсор нозук аст
Ай гул, туро агарчи ки рухсор нозук аст, Рух бар рухаш мадор, ки он ёр нозук аст! Дар дил мадор низ, ки рух бар рухаш ниҳӣ, К – ӯ сирри дил надонаду дилдор нозу
Соқӣ, биёр бода, ки айём бас хуш аст
Соқӣ, биёр бода, ки айём бас хуш аст, Имрӯз рӯзи бодаву хиргоҳу оташ аст! Соқӣ зарифу бода латифу замон шариф, Маҷлис чу чарх равшану дилдор маҳваш аст!
Бар ошиқон фариза бувад ҷустуҷӯйи дӯст
Бар ошиқон фариза бувад ҷустуҷӯйи дӯст, Бар рӯву сар чу сел давон то ба ҷӯйи дӯст! Худ ӯст ҷумла толибу мо ҳамчу сояҳо, Ай гуфтугӯйи мо ҳамагӣ гуфтугӯйи дӯст!
Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст
Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст, Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст! Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр, К-он чиҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст!
Имрӯз шаҳри моро сад равнақ асту ҷон аст
Имрӯз шаҳри моро сад равнақ асту ҷон аст, Зеро ки шоҳи хубон имрӯз дар миён аст! Ҳайрон чаро набошад, хандон чаро набошад Шаҳре, ки дар миёнаш он сорими замон а
Ҳар ҷавр, к-аз ту ояд, бар худ ниҳам ғаромат
Ҳар ҷавр, к-аз ту ояд, бар худ ниҳам ғаромат, Ҷурми турову худро бар худ ниҳам тамомат! Ай моҳрӯй, аз ту сад ҷавр агар биёяд, Танро бувад чу хилъат, ҷонро бувад
Ҳар ки болост, мар ӯро чӣ ғам аст?!
Ҳар ки болост, мар ӯро чӣ ғам аст?! Ҳар ки он ҷост, мар ӯро чӣ ғам аст?! Ки аз ин сӯ ҳама ҷон асту ҳаёт, Ки аз ин сӯ ҳама лутфу карам аст!
Ҳам ба бар ин бути зебо хушак аст
Ҳам ба бар ин бути зебо хушак аст, Ман нишастам, ки ҳамин ҷо хушак аст! Мутрибу ёри ману шамъу шароб, Инчунин айши муҳайё хушак аст!
Андар ин ҷамъ шарарҳо зи куҷост?!
Андар ин ҷамъ шарарҳо зи куҷост?! Дуди савдои ҳунарҳо зи куҷост?! Ман сари риштаи худ гум кардам, К-ин мухолифшуда сарҳо зи куҷост?!
Инчунин побанди ҷон майдони кист?!
Инчунин побанди ҷон майдони кист?! Мо шудем аз даст, ин дастони кист?! Ишқ гардон кард соғарҳои хос, Ишқ медонад, ки ӯ гардони кист!
Дар дилу ҷон хона кардӣ оқибат
Дар дилу ҷон хона кардӣ оқибат, Ҳар дуро девона кардӣ оқибат! Омадӣ, к-оташ дар ин олам занӣ, Во нагаштӣ, то накардӣ оқибат!
Ғайри ишқат роҳбин ҷустем, нест
Ғайри ишқат роҳбин ҷустем, нест, Ҷуз нишонат ҳамнишин ҷустем, нест! Ончунон ҷустан, ки мехоҳӣ, бигӯ, К-ончунонро инчунин ҷустем, нест!
Ошиқонро ҷустуҷӯ аз хеш нест
Ошиқонро ҷустуҷӯ аз хеш нест, Дар ҷаҳон ҷӯянда ҷуз ӯ беш нест! Ин ҷаҳону он ҷаҳон як гавҳар аст, Дар ҳақиқат, куфру дину кеш нест!
Дилбариву бедилӣ асрори мост
Дилбариву бедилӣ асрори мост, Кор кори мост, чун ӯ ёри мост! Навбати куҳнафурӯшон даргузашт, Навфурӯшонему ин бозори мост!

