Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2670

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1783

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1502

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1422

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1211

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1070

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1064

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 867

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 848

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 821

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 783

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 765

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 758

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 720

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 719

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 690

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Найнома

👁 676

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 660

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 657

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 647

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 646

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ватан

👁 634

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 633

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 610

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 581

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Қабои ноз дарпӯшу ниёзи подшоҳон бин

👁 12

Қабои ноз дарпӯшу ниёзи подшоҳон бин, Кулоҳи дилбарӣ каҷ неҳ, шикасти каҷкулоҳон бин. Ғами шабҳои мо хоҳӣ, ки чун рӯзат шавад равшан, Биёву нолаи шабгиру оҳи су

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Аллаҳ-Аллаҳ, кист масти бодаи ноз инчунин?

👁 15

Аллаҳ-Аллаҳ, кист масти бодаи ноз инчунин? Карда бо хуниндилон бадмастӣ оғоз инчунин? Чанд бори сар кашам, хоҳам фигандан дар раҳаш, Гар расад бори дигар масти

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ин манам, ё Раб, ба дарди ошиқӣ зор инчунин

👁 12

Ин манам, ё Раб, ба дарди ошиқӣ зор инчунин, Кас мабодо дар ҷаҳон ҳаргиз гирифтор инчунин! Ай ки мебинам туро акнун инони дил ба каф, Ҳоли ман бин, дил мадеҳ аз

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Мардумшикоро, кин маҷӯ бо дӯстдорон беш аз ин

👁 18

Мардумшикоро, кин маҷӯ бо дӯстдорон беш аз ин, Кофирсаворо, сар макаш з-ин хоксорон беш аз ин. Оҳанги нозу кин макун, тороҷи ақлу дин макун, Баҳри Худо, ойин ма

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар сӯ марав ҷавлонзанон, чобуксаворо, беш аз ин

👁 14

Ҳар сӯ марав ҷавлонзанон, чобуксаворо, беш аз ин, Аз каф бурун рафта инон, мапсанд моро беш аз ин. Баҳри нисорат ҳар нафас ҷоне ба даст орему бас, Бистон, ки на

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бинмой рух, ки матлаи субҳи сафост ин

👁 14

Бинмой рух, ки матлаи субҳи сафост ин, Ойинаи ҷамолнамои Худост ин. Кардам басе туфайли сагон бар дари ту ҷой, Ҳаргиз нагуфтиям чӣ кас аст, аз куҷост ин?

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ай дида, бишнав панди ман, наззораи он рӯ макун!

👁 12

Ай дида, бишнав панди ман, наззораи он рӯ макун! Ман хӯ ба ҳиҷрон кардаам, дигар маро бадхӯ макун! Ай, к-аз пайи наззора рӯ бар кӯйи он маҳ мекунӣ, Ё тарки дину

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Пиёда сӯйи чаман, сарви ман, гузор макун!

👁 17

Пиёда сӯйи чаман, сарви ман, гузор макун! Ба сабзаву суман он пойро фигор макун! Ба хун нишаст гул аз рашки сабза, баҳри Худо, Ки побараҳна дигар гашти ҷӯйбор м

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ошиқонро қути ҷон аз лаъли шаккарханд кун

👁 13

Ошиқонро қути ҷон аз лаъли шаккарханд кун, Саркашонро пойи дил дар зулфи мушкин банд кун. Сӯхт ҷонам дар таманнои лаби ширини ту, Талхкомеро ба дашноме зи худ х

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Кас висолат чунин нахост, ки ман

👁 13

Кас висолат чунин нахост, ки ман В-аз фироқат чунин накост, ки ман. Гуфтаӣ бар рухам кӣ ошиқтар? Чеҳраи зарди ман гувост, ки ман.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ай зи ишқат сад бало бар ҷони ғампарварди ман

👁 7

Ай зи ишқат сад бало бар ҷони ғампарварди ман, Карда ошӯби ғамат тороҷи хобу х(в)арди ман. Ман надорам тоби бедардӣ, Худоро, ай табиб, Марҳаме фармо, ки ҳар дам

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Пас аз мурдан ба хоки ман гузар кун, ғамгусори ман

👁 25

Пас аз мурдан ба хоки ман гузар кун, ғамгусори ман, Бибин сад ҳарфи ғам дар ҳар хат аз лавҳи мазори ман. Ба кӯят баски оҳи оташин аз дил баровардам, Сагатро доғ

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Мавсими иду баҳори хурраму шоҳи ҷаҳон

👁 11

Мавсими иду баҳори хурраму шоҳи ҷаҳон, Сояи абру канори сабзаву оби равон. Мутриби хушлаҳҷаро бар лаб навои арғунун, Соқии гулчеҳраро бар каф шароби арғувон.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳикоят кард бод аз гул, гул аз пероҳани ҷонон

👁 20

Ҳикоят кард бод аз гул, гул аз пероҳани ҷонон, Ки набвад бӯйи ҷонон ҷуз насиби покдомонон. Пур аз лола-ст саҳро, доғи ҳиҷрондидае, гӯйӣ, Гузашта-ст он тараф аз

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бикшод ниқоб аз рухи гул боди баҳорон

👁 13

Бикшод ниқоб аз рухи гул боди баҳорон, Шуд тарфи чаман базмгаҳи бодагусорон. Шуд лоласитон гирди гул, азбаски ниҳоданд Рӯ сӯйи тамошои чаман лолаузорон.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ай шаҳи тангқабоён, маҳи зарринкамарон

👁 11

Ай шаҳи тангқабоён, маҳи зарринкамарон, Сарвари каҷкулаҳон, хусрави ширинписарон. Марҳами синаи бекинаи ошуфтадилон, Мардуми дидаи ғамдидаи соҳибназарон!

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар кас, ки бинад он лаъли хандон

👁 24

Ҳар кас, ки бинад он лаъли хандон, Ангушти ҳайрат гирад ба дандон. Бо сарви қаддат лофи баландӣ Аз сар ниҳода болобаландон.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Биё, ай ашк, то бар ҳоли зори хештан гирям

👁 18

Биё, ай ашк, то бар ҳоли зори хештан гирям, Чу шамъ аз меҳнати шабҳои тори хештан гирям. Надорам меҳрбоне, то ба ҳоли ман кунад гиря, Ҳамон беҳтар, ки худ бар ҳ

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Зулфи ту умри мост мегӯем

👁 11

Зулфи ту умри мост мегӯем, Ин сухан умрҳост мегӯем. Баҳри ҷону дил он ду рухсора, Гуна-гуна балост мегӯем.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сӯйи саҳро не пайи айшу тамошо меравам

👁 28

Сӯйи саҳро не пайи айшу тамошо меравам, Бе ту бар ман шаҳр танг омад, ба саҳро меравам. То ту рафтӣ аз барам, бо кас надорам улфате, Гарчи бошад сад касам ҳамро

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз ишқ табарро чӣ кунам, чун натавонам

👁 21

Аз ишқ табарро чӣ кунам, чун натавонам, Бо ақл тавалло чӣ кунам, чун натавонам?! Аз дарди ту доғест куҳан бар дили решам, Тадбири мудово чӣ кунам, чун натавонам

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар замон гӯям, ки аз дил меҳри ӯ берун кунам

👁 67

Ҳар замон гӯям, ки аз дил меҳри ӯ берун кунам, Лек бо худ бас намеоям, надонам чун кунам. Булаҷаб коре, ки халқе дар пайи дармони ман, Ман ба фикри он, ки ҳар д

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷудо зи лоларухи худ баҳорро чӣ кунам?

👁 12

Ҷудо зи лоларухи худ баҳорро чӣ кунам? Ҳазор доғ ба дил, лолазорро чӣ кунам? Зи хуни дида канорам пур аст, бе лаби ёр, Канори кишту лаби ҷӯйборро чӣ кунам?

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба роҳи тавсанаш сад нозанинро хок мебинам

👁 17

Ба роҳи тавсанаш сад нозанинро хок мебинам, Сари чандин азизаш баста бар фитрок мебинам. Ба теғи ғамза хоҳад рехт хуни сад мусулмонро Чунин, к-он турки кофиркеш

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чӣ ҳусн аст ин, ки гар ҳар дам рухатро сад назар бинам

👁 21

Чӣ ҳусн аст ин, ки гар ҳар дам рухатро сад назар бинам, Ҳанӯзам орзу бошад, ки як бори дигар бинам. Чунин шавқе, ки ман дорам, чӣ таскин ёбад, ар ногаҳ Бурун ои

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ
Саҳифаи 301 аз 1002